Яке аз масъалаҳои ҷиддие, ки дар олами муосир хатари минтақавию байналмилалиро ба бор овардааст, раванди суръатёбии экстремизм ва терроризм ба ҳисоб рафта, давоми даҳсолаҳои охир ва махсусан дар нимаи дуюми асри XX мавриди таваҷҷуҳи ҳаматарафаи олимон ва сиёсатсишносон қарор гирифта, хусусан аз ҷониби коршиносони мамлакатҳои Ғарб омӯзиши ин зуҳуроти номатлуб дар мадди аввал гузошта шудааст.

Тибқи илми этимология ибораи терроризм аз калимаи лотинӣ гирифта шуда, маънояш «тарс», «таҳлука», «воҳима» буда, он аз ҷониби ташкилот, гурӯҳҳо ва ё шахсони алоҳида барои ба ҳадафҳояшон расидан амалӣ карда мешавад.

Хусусан баъди суқути Иттиҳоди Шӯравӣ инкишофу таҳрик ёфтани созмонҳо ва ҳаракатҳои навбаромади диниву сиёсӣ вусъат ёфта, бархе аз онҳо дар кишварҳо ва минтақаҳои мусулмоннишини пасошӯравӣ роҳ ёфтанд. Болоравии андешаҳои динӣ боиси сиёсишавӣ ва таъсис ёфтани бархе аз ҳаракатҳо, ҳизбҳо ва гурӯҳҳои тундгарои динии ба монанди “Ихвон-ул-муслимин”, “Ҷамоати Ансоруллоҳ”, “Ҳизби Таҳрир”, “Салафия”, ”Ҳизби Наҳзати Ислом» ва ғайра гардид, ки ҳар кадоми онҳо нақшаҳо ва ғаразҳои барои арзишҳои миллию давлатӣ ва минтақавии кишварҳои Осиёи Марказӣ комилан бегона ва мухолифро думболагирӣ мекарданд. Барои расидан ба ҳадафҳои нопоки худ аксаран ташкилоти экстремистӣ ба эътиқоди динии шахсон таъсир расонида, дар натиҷа ин зуҳурот боиси террроризм ва ифротгароии динӣ дар байни пайравони дину мазҳабҳои гуногун мегардад ва барои ҳар як кишвари миллӣ дар роҳи таҳкими истиқлолияти давлатӣ аз тариқи ташаккули худшиносии миллӣ мушкилот эҷод менамояд.

Мақсад аз таъсиси гурӯҳҳои ифротӣ ноором сохтани вазъи ҳаёти сиёсию ҷамъиятӣ дар ҳар як кишвар буда, баҳри ба даст овардани ҳадафҳои сиёсии худ раванди осоиштаи ташаккул ва инкишофи ниҳодҳои демократии кишварҳои соҳибистиқлолро халалдор сохта, онҳоро ба вартаи буҳронҳои гуногуни сиёсию иҷтимоӣ оварда мерасонад. Ҷараёнҳои ифротгароии хусусияти равияҳои динидошта дар замони муосир то рафт зиёд гардида, хавфу хатари бештарро нисбат ба ифротгароии оддӣ ба вуҷуд меорад.

Ташаккулдиҳандагони асосии ифротгароии динӣ гурӯҳҳои сиёсӣ ва шахсонеанд, ки худро ҳомии дини мубини ислом муаррифӣ намуда, кӯшиш мекунанд, ки баҳри амалӣ кардани ниятҳои нопоки худ мафкураи ҷавононро дар роҳи ифротгароию хурофотпарастӣ, бадахлоқию ҷинояткорӣ ва дигар амалҳои зишту харобкорона захролуд намуда, ғояҳои дини мубини исломро аз нигоҳи худ шарҳ диҳанд.

Барои ба ҳадафҳои сиёсии худ расидан бештар ташкилоти экстремистӣ бо истифода аз дини мубини ислом ба эътиқоди динии шахсон таъсир расонида, мардумро бовар кунониданиянд, ки сиёсати давлатдорӣ бар зидди ақидаҳои динии онҳост. Мувофиқи аксари таълимоти динӣ Худованд чун инсонро офарид, ӯро бо фикри солим ва ақлу фаросат ороста кард ва талаб бинмуд, ки байни ҳаққу ботил, неку бад ва хираду ҷаҳолатро ҷудо намояд, ба роҳи дуруст равад ва аз гумроҳӣ худдорӣ кунад. Вале афсӯс, ки дар ҳаёт шахсиятҳо ё гурӯҳҳое пайдо мешаванд ва дидаву дониста роҳи хатову ботилро пеша намуда, гумроҳ мешаванд. Барои пулу сарват ё барои ба қудрат расидан Ватан, миллат ва мазҳаби худро мефурӯшанд, ба мардуми худ, ҳатто ба падару модари худ хиёнатро раво мебинанд.

Дар замони муосир сафи низомиёну ҷангиёни гурӯҳҳои террористӣ аз ҳисоби ҷавонони ноогоҳу бесавод меафзояд ва ба назар мерасад, ки дар тамоми кишварҳо ҳамин гуна наврасони ба доми фиреб афтода кам нестанд ва онҳо ҷони худро бехабар аз мақсаду мароми роҳбаронашон қурбон мекунанд. Ба назар мерасад, ки ноогоҳӣ аз асолати фарҳанги исломӣ ва камсаводӣ ҳамчун омили гумроҳшавии ин ҷавонон аст.

Фаромӯш набояд сохт, ки аз қадим фарҳангу анъанаҳои халқи тоҷик дар алоқамандии зич бо анъанаҳои исломӣ инкишоф ёфтаанд. Ба даврони соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон назар афканем, аз тарафи давлат чӣ қадар масҷиду марқадҳо ва оромгоҳҳои шахсони бузурге, ки дар соҳаи дини ислом маъруфу машҳур буданд, таъмиру тармим карда шуда, номҳояшон аз сари нав зинда карда шудааст.

Бо забони тоҷикӣ аз чоп баровардани китоби муқаддаси «Қуръон» ва дигар адабиёти динӣ, кушодани Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам Абӯҳанифа дар пойтахти мамлакат, имконоти озодонаи зиёрати хонаи Худо, ки барои шаҳрвандони мамлакат имконпазир гардидааст, аз он далолат медиҳад, ки давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар раванди тараққиёти ҷомеа имрӯзҳо барои ба ҷо овардани рукнҳои дини мубини ислом боз ҳам шароитҳои хубро фароҳам оварда истодаанд.

Аммо маърифати исломии шаҳрвандон бояд пеш аз ҳама ба рушди худшиносӣ, эҳсоси ватанпарастӣ, ифтихори миллӣ ва эҳтиром ба ҳуқуқҳои инсон нигаронида шавад. Ҳамзамон бояд таъкид намуд, ки миллати тоҷик, дорои дину фарҳанг ва пешвоёни поктинату соҳибмазҳаб буда, ба ягон ҳизб ва фарҳангу мазҳабҳои бегона эҳтиёҷ надорад.

Соли 2009-ум Ҷумҳурии Тоҷикистон соли бузургдошти Имоми Аъзамро қайд карда, ба ҷаҳониён нишон дод, ки мардуми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар партави давлати соҳибистиқлол, ҳуқуқбунёд, демократӣ, ягона ва дунявӣ буданаш ба шаҳрвандони худ дар доираи Конститутсия имконоти васеи амалигардонии анъанаҳои дину оини хешро фароҳам овардааст.

Бинобар ин моро зарур мебошад, ки танҳо ба амру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомали Раҳмон ҷиҳати пайравӣ ба роҳу равиш ва таълимоти мазҳаби ҳанафӣ итоат ва тақлид намоем. Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун як узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ мубориза бар зидди терроризм ва экстремизмро яке аз ҳадафҳои асосии худ қарор дода, як қатор санадҳои меъёрию ҳуқуқиро қабул намудааст, ки мутобиқи он сохторҳои давлатию ҷамъиятиро барои мубориза бар зидди ҷиноятҳои хусусияти террористӣ ва экстремистидошта муваззаф гардонидааст.

Қобили қайд аст, ки бо мақсади пешгирии ҷиноятҳои хусусияти террористидошта ва иҷрои ӯҳдадориҳои байналмилалӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2005 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мубориза бар зидди терроризм»-ро қабул намудааст, ки дар он мақсади қабули қонун, маҳфуми терроризм, фаъолияти террористӣ, субъектҳои бевоситаи бо терроризм муборизабаранда дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, сохторҳои қудратии давлатӣ муайян карда шудаанд. Дар баробари ин соли 2007 Қонуни ҶТ “Дар бораи мубориза бар зидди экстремизм (ифротгароӣ)» қабул шудааст, ки дар он мақсади қабули қонун мафҳуми экстремизм, кирдорҳои экстремистӣ, субъектҳои муборизабаранда, масъулияти дигар сохторҳо дар мубориза бар зидди терроризм дарҷ гардидааст.

Мусаллам аст, ки танҳо бо фишор ва қувваи давлат, ки чораҳои махсусро пешбинӣ менамояд, мубориза намудан нисбат ба зуҳуроти номатлуб ва фаъолияти гурӯҳҳои ифротӣ дар байни ҷавонон кифоя нест. Ин вазифаи ҳар як шаҳрванди кишвар аст. Барои ҳалли ин масъала равона кардани неру ва фаъолияти тамоми сохтору мақомоти давлатӣ бо мақомоти ғайридавлатию худфаъолияти ҷамъиятӣ, ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ бояд дар зеҳну шуури насли наврас ва ҷавонони мамлакат ҳисси баланди миллӣ, эҳсоси худшиносиву ватандӯстӣ, ахлоқи ҳамида, эҳтироми падару модар ва калонсолон, сабру таҳаммул, омӯзиши илму ҳунарҳои муосир, меҳнатдӯстӣ ва риояи волоияти қонунро тарғибу таблиғ намудан лозим аст.

Ҳамзамон, муассисаю ташкилоти далхдор, аз ҷумла мактабҳои миёна ва муассисаҳои олӣ вазифадоранд, ки дар самти баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ, таъмини волоияти қонун ва беҳтар намудани сатҳу сифати худшиносию масъулиятшиносии насли ҷавон чораҳои зарурӣ андешанд, чунки ташаккулёбии ҷаҳонбинии шогирдон ба шахсияти устодон ва сифати таълиму тарбияи онҳо вобастагии зиёд дорад.

Самадов Ҳ., Ҳусейнов Ш. – устодони кафедраи ҷомеашиносии ДТТ ба номи академик М.С. Осимӣ.

Leave a Comment