Имрӯз дар Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон супоридани ҷоиза ба ҷавонон дар соҳаҳои гуногун баргузор гардид.

Хушбахтона аз Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ низ ду нафар – Зокиров Аминҷон – корманди Раёсати илм ва инноватсия ва Ҷамолзода Беҳрӯзи Садонхуҷа – н.и.т., муаллими калони кафедраи электротаъминкунӣ низ дар соли 2020 бо ҷоизаи Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи техника, технология ва навоварӣ қадрдонӣ гардиданд.

Дар рафти ҷоизасупорӣ аз донишгоҳ ректор – Давлатзода Қ.Қ., муовини аввали ректор, муовин оид ба таълим – Саъдуллозода Ш.С. ва мудири шуъбаи кор бо ҷавонон – Акрамов С.С. низ ширкат намуданд.

Боиси ёдоварӣ ва ифтихормандист, ки дар соли 2019 ба ин ҷоизаи кумита мудири шуъбаи кор бо ҷавонон – Акрамов С.С. ҳам сарфароз гардида буд.

Раёсат ва ташкилоти ҷамъиятии донишгоҳ ин дастоварди ҷавонони донишгоҳро муборакбод намуда, дар корҳои илмию педагогиашон муваффақиятҳо орзу менамояд.

Шуъбаи иттилоот ва робита бо ҷомеа.

Leave a Comment