Солҳои охир яке аз мушкилоте, ки имрӯз тамоми ҷомеаи муосирро фаро гирифтааст, терроризм, экстремизм, фундаментализм ва дигар зуҳуроти номатлубу хатарзо мебошад. Барои ба ҳадафҳои сиёсии худ расидан аксаран ташкилоти экстремистӣ ба эътиқоди динии шахсон таъсир расонида, шаҳрвандони тамоми кишварҳои дунёро бовар кунониданӣ мешаванд, ки сиёсати давлатдории дунявӣ ва демократии имрӯза бар зидди ақидаҳои динии онҳо нигаронида шудааст. Маҳз бо ҳамин роҳу восита мехоҳанд дини мубини Исломро барои ноил шудан ба ҳадафҳои нопоки худ истифода баранд.
Бояд зикр намуд, ки сатҳи пасти донишҳои дунявӣ, бехабар будан аз маърифати ҳуқуқӣ ва худшиносии миллӣ, таълиму тарбияи нокифояи насли наврас, хусусан ҷавонон боиси шомил гаштани онҳо ба ҳизбу ҳаракҳои ифротӣ ва террористӣ, аз қабили ТТЭ ҲНИ мегардад.
Мубориза бар зидди падидаҳои номатлуби терроризм ва экстремизм яке аз самтҳои фаолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон, бахусус мақомоти амният ба ҳисоб рафта, ҳар гуна иқдомоти тахрибкоронаи гурӯҳҳои террористиву ифротӣ ба муқобили сохти давлатдории кишвар сари вақт пешгирӣ мегардад.
Имрӯз ҷомеаи Тоҷикистон аз даврони бозсозӣ ба саҳифаи нави таърихӣ, рушди комили кишвар дар ҳама ҷабҳаҳо гузашта, мардум ҳаёти осоиштаро пеша намудаанд ва ба ояндаи нек назари хайрхоҳона доранд.
Мардуми шарифи Тоҷикистон бо иродаи накӯ ва неруи созандаи худ миёни ҷаҳониён собит месозад, ки дар ояндаи наздик кишвари азизамонро боз ҳам зебову дилрабо карда, ба яке аз кишварҳои пешрафтаи дунё мубаддал месозад ва онро эмин нигоҳ медорад.
Фарзандони бонангу номуси кишвар бошанд, дар навбати худ обрӯ ва нуфузи мардуми сарбаланди Тоҷикистонро дар арсаи олам бо дастовардҳои замони нав баланд хоҳанд бардошт.
Табаров С.У. – донишҷӯйи курси 4-уми гурӯҳи 530105, кафедраи “ҲАЭ ва МЭ”, факултети Энергетикии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ.