Раёсат ва ташкилоти ҷамъиятии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ, деканати факултети “Технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсия” ассистенти кафедраи “Информатика ва техникаи ҳисоббарор” Бурҳонзода Амондуллои Саидалиро барои ҳимояи бомуваффақияти рисолаи номзадӣ самимона муборакбод мегӯяд.
Бурҳонзода А.С. дар мавзӯи “ТАШХИСИ КОМПЮТЕРИИ МАВОДИ ФУНКСИОНАЛИИ БО ИОНҲОИ ГУНОГУН ЛЕГИРОНИДАШУДА (ҶАВҲАРОНИДАШУДА) БО УСУЛҲОИ ХИМИЯИ КВАНТӢ ВА ДИНАМИКАИ МОЛЕКУЛАВИИ КЛАССИКӢ” рӯзи 14-уми январи соли 2021 дар Шӯрои диссертатсионии 6D. КОА-009 назди Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи М.С. Осимӣ рисолаи илмии худро аз рӯйи ихтисоси 05.16.09 — Маводшиносӣ (дар нанотехнология) бомуваффақият ҳимоя намуд
Раёсати донишгоҳ умедвор аст, ки дар оянда низ олими ҷавон ба тадқиқоти худ идома дода, ба пояҳои боз ҳам баландтари илмӣ хоҳад расид.
Раёсати донишгоҳ.