Дар канори роҳ як дарахти себ қомат афрохта буд.

Писараке дар сояи дарахти себ нишаст, то ин ки аз офтоби сӯзон паноҳ барад. Дарахт шохашро афшонду як дона себ афканд.

Писар хурсанд шуд. Себро хӯрд. Аҷаб ширину хуштаъм буд он!

–Раҳмат ба ту, дарахти меҳрубон! Ба некиат некӣ карданиам. Чӣ мехоҳӣ? – гуфт писарак.

–Ту хурсанд шудӣ, раҳмат гуфтӣ, ҳамин кифоя, – ҷавоб дод дарахт.

–Бо вуҷуди ин ба некиат ҷавоб додан мехоҳам.

–Ин тавр бошад, ба одаме, ки маро шинонду нигоҳубин кард, низ раҳмат бигӯ,– гуфт себ.

Ба одаме, ки туро шинонду нигоҳубин кард, ташаккур, – гуфт писарак.

Ин лаҳза дарахт боз як дона себ партофт.

Писарак ин себи шаҳдборро низ нӯши ҷон кард ва гуфт:

–Раҳмат гуфтан кам аст, дарахти меҳрубон. Бигӯ, ки чӣ кор кунам, то аз хотири ту фаромӯш нашавад?

–Ман ба ту чанд дона мева медиҳам. Себҳоро ба ҷӯраҳоят бурда бидеҳ, – гуфт дарахт ва боз якчанд себ ба писарак афканд.

Писарак себҳоро ба ҷӯраҳояш бурд. Бачаҳо себҳоро хӯрда, ба писарак раҳмат гуфтанд.

–Ба шахсе, ки ин дарахтро шинонда нигоҳубин кардааст, низ ташаккур бигӯед, – гуфт писарак.

–Магар ин дарахт аз шумо нест? – пурсиданд бачаҳо.

–Не, аз мо нест. Дарахти себ дар канори роҳ танҳо аст.

–Себаш бомаза будааст, – гуфт ҷӯрааш.

–Мо ба ивази некии дарахт бояд амале кунем, ки дарахт ҳам аз мо миннатдор бошад.

–Ёфтам, – нидо кард нафаре.

–Чӣ ёфтӣ? – пурсид писарак.

–Ту гуфтӣ, ки ӯ танҳо аст?

–Бале.

–Мо тирамоҳ ё аввали баҳор дар паҳлуи вай ниҳолҳои дигар мешинонем, – ҷавоб дод ҷӯрааш.

–Фикри хуб, – гуфт писарак.

Пас аз чанд сол аз ду ҷониби роҳ дарахтони зиёди мевадор қад афрохтанд. Касе намедонад, ки ин дарахтонро кӣ шинонда ва парвариш кардааст. Вале ҳама медонанд, ки дар сояи онҳо нишаста, меваашонро чашида, ба кӣ ташаккур гуфтан зарур аст.

Маллазода Алиҷон – донишҷӯйи курси 2-юми ихтисоси 3611-01А.

Leave a Comment