Дар донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ аз 12-уми январи соли 2021 дар толори варзишии бинои асосии донишгоҳ бо мақсади иҷрои Нақшаи чорабиниҳои донишгоҳ (дар асоси нақшаи чорабиниҳои Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30.12.2020 сол) ҷиҳати ташкил ва баргузории чорабиниҳои илмию маърифатӣ ва варзишию фарҳангӣ бахшида ба таҷлили шоистаи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2021 Спартакиадаи 62-юми Донишгоҳи техникӣ аз рӯйи чаҳор намуди варзиш байни дастаҳои факултетҳо ва сохторҳои донишгоҳ бо иштироки омӯзгорону донишҷӯён гузаронида шуд.

Пас аз баргузории мусобиқа ғолибони дастаҳо аз рӯйи намудҳои зерини варзиш муайян карда шуданд:

  1. Волейбол – факултети Технологияҳои инноватсионӣ – ҷойи якум, факултети Энергетикӣ – ҷойи дуюм ва дастаи Раёсат – ҷойи сеюм.
  2. Баскетбол – дастаи Раёсат – ҷойи якум, факултети Технологияҳои инноватсионӣ – ҷойи дуюм ва факултети Сохтмон ва меъморӣ – ҷойи сеюм.

3.Тениси рӯйи миз – факултети Сохтмон ва меъморӣ – ҷойи якум, дастаи Раёсат – ҷойи дуюм ва факултети Менеҷмент ва коммуникатсияҳои нақлиётӣ – ҷойи сеюм.

  1. Шоҳмот – факултети Сохтмон ва меъморӣ – ҷойи якум, дастаи Раёсат – ҷойи дуюм ва факултети Технологияҳои инноватсионӣ – ҷойи сеюм.

Мусобиқа дар байни дастаҳои донишҷӯён низ дар назар дошта шудааст.

Шуъбаи иттилоот ва робита бо ҷомеа.

Leave a Comment