Дар шаҳраки донишҷӯён (политехникум)-и Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ ҳафтаи дуюм аст, ки корҳои ободонӣ ва ҳашарҳо бомаром давом дорад. Дар ҳашари мазкур раёсат ва ташкилоти ҷамъиятии донишгоҳ, устодону кормандон, идораи хоҷагидории донишгоҳ вобаста ба оғоз намудани маъракаи ниҳолшинонӣ бахшида ба табдил додани пойтахт ба “Шаҳри сабз” ва супоришоти дар протоколи ҷаласаи назоратии назди Раиси шаҳри Душанбе аз 9.10.2020 таҳти №39 омада ҷиҳати боз ҳам ободу зебо гардонидани кӯча ва боғу гулгаштҳои шаҳри Душанбе бо масъулияти баланд иштирок доранд.
Инчунин ин чорабинӣ бахшида ба сазовор пешвоз гирифтани 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳандозӣ гардидааст.
Корҳои таъмирӣ тибқи нақшаи чорабиниҳои шуъбаи таъмиру сохтмони донишгоҳ баҳри таъмири намои бинои хобгоҳҳои №2 ва №6, ки дар шаҳраки донишҷӯён (политехникум) ҷойгир аст, давом дорад.
Айни ҳол дар ҳавлии шаҳраки донишҷӯён дар майдони тақрибан 8 га ва махсусан бинои хобгоҳҳои №2 ва №6 дар майдони 2,7 га дарахтони ҳамешасабзи сосна (70 бех), туя (60 бех), маживелники кабуд (35 бех), маживелники сабз (45 бех), кипарис (78 бех) шинонида шуда истодаанд. Дар назар аст, ки дар ин майдон 6 адад айвончаи суҳбатгоҳ, 27 адад хараки нишстгоҳ. 2600 метри мураббаъ роҳи сафолак, 360 метри мураббаъ роҳи мумфарш, 600 метри мураббаъ роҳрав, 350 метр ҷӯйбор барои 8 га замини ҳавлии шаҳраки донишҷӯён бунёд хоҳад ёфт.
Дар пайи ин 6500 бех гулҳои мавсимӣ низ шинонида мешавад.
Корҳои ободонӣ дар донишгоҳ бомаром давом ёфта, коллективи устодону кормандон ва донишҷӯён дар ин кори хайр камари ҳиммат бастаанд ва умедворанд, ки донишгоҳи азиз дар қатори дигар ташкилоту муассиса, кӯчаву хиёбон ва дигар сокинони кишвар баҳри ободонии диёри маҳбуб саҳмгузор хоҳанд буд.
Шуъбаи иттилоот ва робита бо ҷомеа.