Имрӯз дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ ба таври дастаҷамъона филми мустанади “Бешарафӣ” тамошо карда шуд, ки дар он Раёсати донишгоҳ, мудирони шуъбаҳо, деканони факултетҳо ва дигарон ҳузур доштанд. Ин тасмим дар ҷаласаи ғайринавбатии Раёсати донишгоҳ гирифта шуд.
Ибтидо Давлатзода Қ.Қ. – ректори донишгоҳ ҷаласаи ғайринавбатии Раёсати донишгоҳро кушода эълон намуда, таваҷҷуҳи ҳамагонро ба воқеаҳои ҷаҳонӣ, нақши терроризму экстремизмро дар вайроншавии авзои ҷаҳон, муборизаи дастаҷамъонаи давлатҳо баҳри решакан намудани фаъолияти равияҳои тундгаро ва аз он ҷумла нафарони гумроҳи ба ин гурӯҳҳо ҳамроҳшуда ҷалб намуд.

Ректори донишгоҳ дар баромади худ махсусан қайд намуд, ки рӯз ба рӯз муташанниҷ шудани авзои сиёсии ҷаҳон, ҷудоиандозиву даҳшатафкании террористон, манфиатҷӯиву хиёнат ва зӯроварӣ мардуми минтақа ва махсусан Тоҷикистонро низ бетараф гузошта наметавонад.
Хоҷагоне, ки нооромии Тоҷикистон ва қашшоқии миллати моро мехоҳанд, маблағгузорони нафароне чун Муҳаммадиқболи Садриддин ҳастанд, ки мо имрӯз мо бо тамошои филми мустанади “Бешарафӣ” аз он маълумоти пурратар хоҳем гирифт.
Дар ин робита ректори донишгоҳ пешниҳод намуд, ки филми мустанади “Бешарафӣ”-ро, ки аз ҷониби шабакаи давлатии “Тоҷикистон” омода шудааст, тамошо карда, иштирокдорони ҷаласаи ғайринавбатии имрӯза доир ба он фикру андешаҳои худро иброз доранд.
Пас аз тамошои филми мазкур иштирокдорон бо фикру андешаҳои худ баромад намуданд.
Шуъбаи иттилоот ва робита бо ҷомеа.