Яке аз соҳаҳои ояндадору таҳкимбахшандаи иқтисодиёти кишвари мо саноати сабук ва нассоҷӣ мебошад. Зеро дар ҷумҳурӣ заминаҳои уствори рушди ин соҳа мавҷуд буда, имкони истифодаи пурраи захираҳои ашёи хом ва истеҳсоли маснуоти ҷавобгӯ ба талаботи замони муосир фароҳам оварда шуда истодааст. Саноати нассоҷӣ истеҳсолоти бисёрсамта буда, дар ҷумҳурии мо амалан 4 зинаи он вуҷуд дорад: 1) истеҳсолоти нахҳои табиӣ дар натиҷаи коркарди аввалин; 2) истеҳсолоти ресандагӣ; 3) истеҳсолоти бофандагӣ, кешбофӣ ва маводҳои нобофт; 4) истеҳсолоти рангомезӣ ва дузандагӣ.

Дар тамоми ин зинаҳои истеҳсолӣ танҳо кормандони салоҳиятдор ва мутахассисони дорои дараҷаи касбии баланд фаъолият карда, ташкили раванди истеҳсолот таҷриба ва малакаи зиёдро талаб менамояд. Кафедраи технологияи коркарди нахҳои табиӣ барои омода намудани ин мутахассисон базаи комили моддӣ техникӣ ва кадриро доро мебошад. Дар кафедра аз рӯйи чор ихтисос мутахассисон тайёр карда мешаванд, ки дар зинаҳои истеҳсолоти дар боло қайд гардида ба сифати технологҳо ва механикҳо фаъолият менамоянд. Дар кафедра ҳайати профессорию омузгории кафедраро мутахассисони соҳаи ситеҳсолоти нассоҷӣ ташкил медиҳанд, ки назди 70 дарсади онҳо соҳиби дараҷаи илмии номзади илмҳои техникӣ мебошанд. Кафедра 6 озмоишгоҳи соҳавии илмӣ-таълимӣ дорад, ки дар онҳо хосиятҳои ашё ва маҳсулот, гузаришҳои равандҳои технологӣ, таҷҳизоти истеҳсолӣ ва озмоишӣ ва ғайра ба донишҷӯён омӯзонида мешаванд.

Дар самти рушди ин соҳа аз ҷониби давлату Ҳукумати кишвар як қатор лоиҳа ва барномаҳои давлатӣ амалӣ гашта истодаанд, ки замина барои пешрафти соҳаро муҳайё намудаанд. Аз ҷумла барномаи рушди саноати сабук дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2022 дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҳия гардида, он бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 29-уми марти соли 2019 қабул шуд. Барномаи мазкур дар доираи амалигардонии ҳадафи чоруми стратегӣ – саноатикунонии босуръати кишвар таҳия гардида, ба таъмини коркарди пурраи ашёи хом, аз ҷумла нахи пахта, пӯст ва пашм дар дохили кишвар, истеҳсоли маҳсулоти воридотивазкунанда ва ба содирот нигаронидашуда мусоидат менамояд. Мақсади барномаи мазкур фароҳам овардани шароит барои корхонаҳои саноати нассоҷии ҷумҳурӣ, баланд бардоштани рақобатнокии маҳсулоти ватанӣ дар бозорҳои дохилӣ ва ҷаҳон, қонеъ гардонидани эҳтиёҷоти аҳолӣ бо молҳои нассоҷӣ, зиёд намудани иқтидори содиротии маҳсулоти тайёр ва таъсиси ҷойҳои корӣ мебошад. Дар баробари ин дар натиҷаи татбиқи дастовардҳои навтарини илмиасос дар истеҳсолот азнавкунии техникии ва технологии таҷҳизоти корхонаҳо, истифодаи дастовардҳои инноватсионӣ дар истеҳсолот, афзун намудани номгӯйи маҳсулот ва маснуот, баланд бардоштани сифат, омода намудани кадрҳои баландихтисоси соҳавӣ, баланд бардоштани ҳосилнокии меҳнат, истеҳсоли маснуоти рақобатпазир ва ғайраҳо мебошад. Амалӣ намудани нишондодҳои ин барнома имконият медиҳад, ки сатҳи зиндагии аҳолӣ баланд гардида, дар натиҷа некуаҳволии молиявии давлат беҳтар гардад. Ҳамзамон дар доираи Барномаи рушди саноати сабук дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2022 баистифодадиҳии 19 корхона бо таъсиси 1977 ҷойи кори нав ба нақша гирифта шудааст.

Мувофиқи нишондодҳои сарчашмаҳои маълумотдиҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон  фаъолияти ҶДММ «Ваҳдат Текстайл» бо иқтидори солонаи истеҳсоли 19,2 млн. ҷуфт ҷӯробҳои гуногун дар шаҳри Душанбе, марҳилаи дуюми ҶДММ «Фарм Текс» бо иқтидори солонаи истеҳсоли 5 млн. дона докаи тиббӣ дар ноҳияи Данғара, ҶДММ «Тоҷтекс» бо иқтидори 20 ҳазор дона маҳсулоти дӯзандагӣ дар як шабонарӯз дар шаҳри Душанбе, инчунин коргоҳҳои дӯзандагӣ дар заминаи ҶДММ «Сано» ва ҶДММ «Нассоҷи Хуҷанд» дар шаҳри Хуҷанд, дар шаҳрҳои Хоруғ ва Ҳисор, ноҳияи Шаҳринав ва коргоҳи мебелбарорӣ дар ноҳияи Шаҳринав расман оғоз гардиданд. Зинаи дуюми саноати нассоҷӣ – коркарди нахи пахта дар кишвар дар ҳамкорӣ бо шарикон ва сармоягузорони хориҷӣ сол то сол рушд намуда истодааст. Инчунин маҷмаи нассоҷии ҶСП «Ҷунтай – Данғара — Син Силу – Текстил» дар якҷоягӣ бо шарикони чинӣ фаъолият карда истодааст, ки бо навтарин таҷҳизоти ширкати “Rieter”-и истеҳсоли Швейтсария муҷаҳҳаз мебошад. Дар баробари ин корхонаҳои «ИИ Нассоҷии тоҷик», “Ҷавонӣ», “САТН», «Нассоҷи Хуҷанд», «Нику – Хуҷанд», «Ресандаи Қӯрғонтеппа» ва «Бофандаи Норак» коркарди пурраи нахи пахтаро ба роҳ монда, ришта ва матои пахтагин, маҳсулоти кешбофӣ ва дӯзандагӣ истеҳсол менамоянд.

Дар самти коркарди пилла ва истеҳсоли нахи абрешим арзёбӣ ва таҳияи лоиҳаҳои нав ба роҳ монда шудааст, ки афзун намудани иқтидори истеҳсолӣ, харидории таҷҳизоти нав ва барқарор кардани таҷҳизоти фарсуда бо мақсади истеҳсоли матои шоҳӣ ва атласро дар назар дорад.

Муҳаммадҷон Аҳрорӣ – н.и.т. муаллими калони кафедраи технологияи коркарди нахҳои табиӣ

Leave a Comment