Имрӯз дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ ба таври дастаҷамъона Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» тавассути экранҳои васеъ дар толорҳои маҷлисгоҳи асосӣ, маҷлисгоҳи Шӯрои олимон, толори хониши китобхонаи донишгоҳ ва синфхонаҳои лексионӣ тамошо карда шуд.
Боиси қайд аст, ки дар бинои асосӣ ва факултетҳои дар ҳудуди шаҳраки донишҷӯён (политехникум) ва дар ҳудуди автовокзал қарордошта тамошои ин чорабинии муҳими сиёсӣ дар беш аз 15 толорҳо ба роҳ монда шуда, устодон, кормандон ва донишҷӯён рафти ироаи Паёмро бемалол тамошо карданд.
Пас аз ба охир расидани тамошои Паём аҳли нишаст бо ҳисси баланди хештаншиносию ҳуввияти миллӣ андешаҳояшонро ба ҳамдигар гуфтанд.
Шуъбаи иттилоот ва робита бо ҷомеа.