Азхудкунии захираҳои обию энергетикии дарёҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо усули комплексӣ аз сохтмони Неругоҳи барқи обии Қайроққум (НБО «Қайроққум») дар ҳудуди вилояти Суғд дар дарёи Сир оғоз гардидааст. Лоиҳаи сохтмони НБО «Қайроққум» аз ҷониби Шӯъбаи Осиёимиёнагии институти «Гидропроект» соли 1951 ҳамчун иншооти комплекси ирригационию энергетикӣ тарҳрезӣ шуда буд.
Сохтмони НБО «Қайроққум»-ро муассисаи «Қайроққумгэсстрой» ба уҳда гирифта буд, ки пас аз ба итмом расидани сохтмони неругоҳ ба шаҳри Душанбе кучонида шуд ва ивази ном кард (трест «Таджикгидроэнергострой»), ки баъдан дигар сохтмонҳои неругоҳҳои барқи обиро амалӣ намуд.
Бо ба истифода додани НБО «Қайроққум» тарақиёти соҳаи энергетика ва азхудкунии заминҳои нав тавассути обёрии сунъи (машинное орошение) дар қисмати шимолии ҷумҳурӣ оғоз гардид.
Обанбори Қайроққум дар қисми ғарбии водии Фарғона воқеъ буда, дарозиаш 65 км ва бараш аз 5 то 20 км –ро ташкил медиҳад. Ҳаҷми умумии он 3413,5 мз, ҳаҷми фоиданокаш 2743 мз, сатҳи максимали 374,5 м ва масоҳати сатҳи обанбор 513 км2 –ро ташкил медиҳад. Ин обанбор дар мамлакат ҳамчун бо номи «Баҳри Тоҷик» машҳур аст.
Нишондиҳандаҳои асосии энергетикӣ.
НБО «Қайроққум» дорои 6 адад агрегат буда, иқтидори ҳар кадомаш 21 ҳазор кВт мебошад. Иқтидори умумии нерӯгоҳ 126 ҳазор кВт-ро ташкил медиҳад. Дар моҳи декабри соли 1956 ду агрегат, дар моҳи апрели соли 1957 агрегати сеюм ва моҳҳои сентябр-декабри ҳамин сол се агрегати он ба истифода дода шуда буд.
Турбинаҳои гидравликии навъи ПЛ-490-ВБ-500 дар заводи турбинаҳои «Сызран» истеҳсол шудааст. Тавоноии турбина 23,6 МВт, қутри чархи корӣ 4,995 м, ҳисоби сарфаи об 180 мз/с.
Гидрогенераторҳои навъи ВГС-700/100-48 дар заводи «Уралэлектротяжмаш» истеҳсол шудааст. Тавоноии генератор 21 МВт, шиддати генератор 10,5 кВ, миқдори гардиш дар як дақиқа 125.
Трансформаторҳои қудратӣ аз ду гурӯҳи якфазагӣ навъи ОДТГ -30000/220 иборат буда, дар «Электрозаводи Москваи ба номи Куйбышев» истеҳсол шудааст.
Напори максималӣ 24,5 м, минималӣ 17 м.
НБО «Қайроққум» ба шабакаҳои системаи энергетикӣ бо се адад хати интиқоли барқии 220 кВ ва панҷ адад хати интиқоли барқии 110 кВ пайваст мебошад.
Аз аввали фаъолият то моҳи декабри соли 2020 дар неругоҳ зиёда аз 38551 млн.кВт.с неруи барқ истеҳсол карда шудааст.
Лоиҳаи аз аввал тарҳрезӣ карда шуда асосан кори боэътимоди иншоотҳои гидротехникӣ ва таҷҳизотҳои энергетикиро дар муддати фаъолияташ таъмин намуд.
Бояд қайд намуд, ки дар соли 2005 бо иштироки мухатахассисони Украина аз (ООО «Харьковтурбоинжиниринг», АК «ЭНПАСЭЛЕКТРО», ОАО «Днепр-СГЭМ», ассоциации «Укргидроэнерго», ГП «Электротяжмаш») дар якҷояги бо мутахассисони НБО «Қайроққум» ташхиси техникии таҷҳизотҳои нерӯгоҳ гузаронида шуда буд.
Ташхис нишон дод, ки дар натиҷаи муддати зиёд кору фаъолият намудан таҷҳизотҳои неругоҳ куҳнаву фарсуда гаштаанд.
Бо мақсади дар оянда пурра истифода бурдани неругоҳ бо таҷҳизотҳои мавҷудааш зарур аст, ки онҳоро таҷдиду азнав барқарорсозӣ кард.
Аз ин лиҳоз, бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо чалби маблағгузории Грантии Бонки Аврупоии Тачдид ва Рушд соли 2014 аз чониби Ширкати Австриягии “IC Consulenten” тадқиқоти “Асосноккунии техникӣ-иқтисодии таҷдиди НБО-и Қайроққум” гузаронида шуд.
Мутобиқи тадқиқоти “Асосноккунии техникӣ-иқтисодии таҷдиди НБО-и Қайроққум” ивази 6 адад гидроагрегат, иваз намудани таҷҳизоти механикию барқӣ, таҷдиди Дастгоҳҳои тақсимотиии кушодаи (ДТК) 110/220 кВ ва сарбанди бетонӣ дар назар аст. Ба ин восита бехатарии сарбанд таъмин мегардад, иқтидорҳои мавҷуда барқарор гардида ва инчунин иқтидори НБО 48 МВт меафзояд.
Татбиқи лоиҳа 25 июли соли 2014 оғоз гардида, дарназар аст, ки то 31 декабри соли 2023 таҷдиди неругоҳ ба охир мерасад.
Бо сабаби он, ки тендери мазкур аз руи ҳаҷми корҳо калон буда ва аз ҷиҳати техникӣ мушкил аст, баҳри ҷалби беҳтарин ширкатҳо тендер дар марҳилаҳои зерин гузаронида шудааст.
— Марҳилаи 1 — Пешазтахассусӣ,
— Марҳилаи 2 — Пешниҳодҳои техникӣ,
— Марҳилаи 3 — Пешниҳодҳои техникии азнавтаҳриршуда ва молиявӣ.
Дар санаи 20 декабри соли 2018 байни ШСХК “Барқи Тоҷик” ва пудратчии лоиҳа -Консортсиуми ширкатҳои “General Electric Hydro (Фаронса), General Electric Renewable Switzerland (Швейтсария) ва Cobra Instalaciones Servicios S.A. (Испания)” қарордод ба имзо расонида шуд. Ширкати пудратӣ корҳои лоиҳакашии дақиқро аз моҳи апрели соли 2019 оғоз намуд.
Мавриди зикр аст, ки корҳои таҷдиду барқаророзии НБО “Қайроққум” бо иштироки бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва шарикони рушд расман санаи 23 августи соли 2019 оғоз гардид.
То ба имрӯз аз ҷониби Ширкати Пудратӣ ҳуҷҷатҳои лоиҳавии техникӣ вобаста ба кранҳои борбардор, дастгоҳи тақсимотии кушодаи 110/220кВ, панҷараҳои хасрӯбардорӣ (сороудерживающие решетки) ва ҳуҷҷатҳои техникӣ вобаста ба таҷҳизотҳои барқӣ ва гидромеханикӣ барои мувофиқа ба ШСХК “Барқи Тоҷик” пешниҳод гардида қобили қабул гардидаанд.
Айни ҳол Ширкати пудратӣ раванди лоиҳакашии дақиқ ва истеҳсоли турбинаҳо, генераторҳо, трансформаторҳои қудратӣ, системаи ёрирасон, ғалақаи обгузари асосии турбинаҳо ва ғайраро дар мувофиқа бо Фармоишгар идома дода истодааст.
Дар доираи лоиҳа як қатор корҳои тадқиқотӣ ва омодасозӣ, аз ҷумла корҳои топографӣ, геофизикӣ, андозагирии қисмҳои обгузар ва бетонӣ, батиметрия, тартиби нақшаҳои бехатарӣ ва ҳифзи муҳити зист ва корҳои тадқиқотии геотехникӣ бо гирифтани намунаи таркиби замин аз зери сарбанди заминӣ ба анҷом расонида шуданд. Инчунин аз санҷиши моделии турбина дар озмоишгоҳи гидравликии Ширкати пудратӣ гузаронида шуд.
Айни замон корҳои таҷдиду барқарорсозӣ дар неругоҳ тибқи нақша идома дорад. Маҷмуи панҷараҳои хасрӯбтозакунӣ барои агрегатҳои 4, 5 ва 6 ба иншоот таҳвил карда шуда насбу васл карда шуданд. Инчунин айни замон корҳои таъмирии дохили биноҳои хизматрасонӣ ва техникии неругоҳ тибқи ҷадвали тасдиқшуда идома доранд.
Қайд бояд намуд, ки пас аз пурра ба анҷом расонидани корҳои таҷдиду барқарорсозӣ иқтидори неругоҳ аз 126 МВт ба 174 МВт расонида мешавад. Истеҳсоли миёнаи неруи барқ то ба 38% афзоиш ёфта, инчунин муҳлати истифодабарии таҷҳизотҳо зиёд мегардад.
Ҷӯраев Ҷ.Қ. – муаллими калони кафедраи “Электротаъминкунӣ”