26-уми январи соли 2021 дар кохи “Сомон”-и бӯстонсарои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ироа гардид.

Дар Паёми худ ба Маҷлиси Олӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷи мамлакатро барои давраҳои оянда муайян намуда, оид ба пеш бурдани манфиатҳои сиёсати хориҷӣ ва таъмини пешрафти соҳаҳои иқтисоду саноат, энергетика, роҳу нақлиёт, амнияту мудофиа, ҳифзи ҳуқуқу тартибот, тандурустӣ, фарҳанг, илму маориф, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ вазифаҳои мушаххас ба миён гузошт.

Бо ба даст овардани соҳибистиқлолӣ сиёсати давлат дар соҳаи саноат комилан тағйир ёфта, таваҷҷуҳи асосӣ ба тақвияти истеҳсолот ва содироти маҳсулоти тайёр ба роҳи ворид намудани технологияҳои нав, истифодаи ҳарчӣ бештари манбаъҳои ашёи хоми маҳаллӣ, коркарди пурраи он ва истифодаи васеи захираҳои меҳнатӣ равона карда шуд. Дар натиҷа танҳо дар панҷ соли охир дар дохили кишвар ба маблағи умумии беш аз 44 миллиард сомонӣ маҳсулоти ивазкунандаи воридот истеҳсол карда шуд, ки боиси хеле коҳиш ёфтани вобастагии бозори истеъмолӣ аз маҳсулоти воридотӣ гардид. Имрӯз дар Тоҷикистон беш аз 600 кон ва 800 зуҳурот кашф ва омӯхта шудааст, ки дорои зиёда аз 60 навъи ашёи хоми маъданиву ғайримаъданӣ мебошад.

Чӣ хеле ки Пешвои миллат дар Паёми худ қайд намуд, солҳои охир соҳаи роҳу нақлиёт низ бомаром рушд намуда, дар натиҷа мо ба яке аз ҳадафҳои стратегии худ – раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ ноил гардидем. Бо ин мақсад дар солҳои соҳибистиқлолӣ дар соҳаи нақлиёти кишвар 53 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ ба маблағи 20,3 миллиард сомонӣ амалӣ гардида, беш аз 2200 километр роҳҳои дорои аҳамияти байналмилалӣ бунёд ва ба истифода дода шуданд. Мавқеи Тоҷикистон дар раддабандии ҷаҳонии сифати роҳҳо, ки ҳамасола аз ҷониби тадқиқоти байналмилалии “Ҳисоботи ҷаҳонии рақобатпазирӣ” гузаронида мешавад, дар зарфи ду соли охир 20 зина беҳтар гардида, тибқи арзёбии форуми ҷаҳонии иқтисодӣ дар байни 141 давлати ба тадқиқоти фарогирифташуда зинаи 50-умро ишғол намуд.

Тибқи таҳлилҳои рушди миёнаи солонаи истеҳсоли машсулоти кишоварзӣ дар давоми солҳои 1997-2020-ум 7,3 фоизро ташкил дода, ҳаҷми он дар ин давра 5 баробар афзоиш ёфтааст. Имтиёзҳои барои рушди соҳаҳои чорводорӣ, парандапарварӣ ва моҳипарварӣ пешниҳодшуда такони ҷиддӣ бахшиданд. Масалан, соли 2020 шумораи корхонаҳои парандапарварӣ ба 181 адад расида, нисбат ба соли 2017-ум 2,7 баробар зиёд гардидааст. Дар соли 2020 истеҳсоли гӯшти паранда нисбат ба соли 2017-ум 4,5 баробар афзудааст ва истеҳсоли тухм 5,5 баробар зиёд шудааст. Шумораи хоҷагиҳои моҳипарварӣ соли 2020-ум нисбат ба соли 2017-ум 35 фоиз зиёд шуда, истеҳсоли моҳӣ дар давраи муқоисашаванда 2,3 баробар афзудааст. Воридоти гӯшт ба кишвар аз 10700 тоннаи соли 2014 то 180 тонна дар соли 2020 коҳиш ёфтааст, яъне қариб 60 баробар кам шудааст. Ҳаҷми воридоти гӯшти паранда дар соли 2020 нисбат ба соли 2017 зиёда аз 3 баробар коҳиш ёфтааст. Соли 2020 нисбат ба соли 1991 истеҳсоли ғалладонагиро қариб 5 баробар, картошка 7,7, сабзавоту зироатҳои полезӣ 4 ва мева 3 баробар зиёд шудааст.

Чӣ хеле ки Пешвои миллат дар Паёми худ қайд карда баромад, ҳалли масъалаҳои иҷтимоӣ, яъне соҳаҳои илму маориф ва тандурустӣ ҳамеша дар меҳвари сиёсати давлату Ҳукумати мамлакат қарор дорад. Соли гузашта дар кишвар 157 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ, ибтидоӣ, миёнаи касбӣ ва синфхонаҳои иловагӣ барои 63000 ҷойи нишаст бунёд ва ба истифода супорида шуданд. Умуман аз соли 1991 то ба имрӯз дар мамлакат 3020 иншооти соҳаи маориф бо зиёда аз 1 миллиону 300 ҳазор ҷойи нишаст сохта ба истифода супорида шудааст.

Бо назардошти он ки тандурустӣ яке аз соҳаҳои муҳимтарини иҷтимоӣ мебошад, Ҳукумати Тоҷикистон дар даврони соҳибистиқлолӣ маблағгузории соҳаи тандурустиро ҳамасола зиёд карда, то ба 2,1 миллиард сомонӣ расонидааст. Дар ин давра зиёда аз 1300 муассисаи нави тиббӣ бунёд гардида, қариб 25 ҳазор кадрҳои дорои маълумоти олӣ ва 147 ҳазор нафар кормандони миёнаи тиббӣ тайёр карда шуданд. Ҳоло дар соҳаи тандурустии кишвар қариб 110 ҳазор нафар кормандон фаъолият мекунанд, ки аз онҳо 75 ҳазор нафарашон табибон ва кормадони миёнаи тиббӣ буда, беш аз 68 фоизро занон ташкил медиҳанд. Бо мақсади идомаи тадбирҳои Ҳукумати мамлакат да самти дастгирии давлатии гурӯҳҳои осебпазири аҳолӣ пешниҳод гардид, ки аз 1-уми сентябри соли 2021 нафақаи маъюбон, ки дар асоси қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи таъмини нафақаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва “Дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ” таъйин шудааст, ба андозаи 20 фоиз зиёд карда шавад. Нафақаи кӯдакони маъюби то 18-сола, ки дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ” таъйин шудааст ба андозаи 20 фоиз, инчунин нафақаи гурӯҳи якум, ки дар асоси қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ” таъйин гардидааст ба андозаи 50 фоиз баланд бардошта шавад.

Мо ҷавонон хело ҳам хурсанд ҳастем, ки дар чунин давлати ободу осоишта умр ба сар мебарем. Мо ҷавонон аз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомали Раҳмон хело ҳам миннатдор ҳастем, чунки баҳри мо ҷавонон чунин шароити хуби замонавӣ фароҳам овардааст. Мо чун пайравони Пешвои муаззами миллат гуфтанием:

Хоҳам, ки барои Тоҷикистон

Бар хотири ворисони Сомон.

Бошӣ сари давлат саломат,

Эмомалии Шарифи Раҳмон.

Зувайдов Ғ.А. – донишҷуи курси 3-юми гурӯҳи 360101А, факултети Технологияи инноватсионӣ.

Leave a Comment