Таҳкурсии асоситарини иқтидори иқтисодии ҳар давлат рушди соҳаи энергетика мебошад.

Эмомалӣ Раҳмон

Дар замони Иттиҳоди Шӯравӣ давлатҳои Осиёи Марказӣ дар як системаи бузурги энергетикӣ байни ҳам муттаҳид буданд. Дар он замонҳо камбудии неруи барқ дар байни аҳолӣ ба чашм намерасид. Аммо баъди пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ ҳар давлат истиқлолияти худро эълон кард. Системаи ягонаи энергетикӣ низ аз байн рафт. Аз он замон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳдудияти неруи барқ байни аҳолӣ ҷорӣ карда шуд. Ҳукумати мамлакат пайваста барои расидан ба истиқлолияти энергетикӣ талош меварзид.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон асоси неруи барқ дар НБО истеҳсол карда мешавад. Бо кӯшишу заҳматҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ба истифода додани якчанд неругоҳҳои хурду бузург дар замони истиқлолият аз моҳи январи соли 2017 маҳдудияти неруи барқ дар байни аҳолӣ аз байн бардошта шуд. Зимистони имсола (2020-2021) дар натиҷаи хушксолӣ ва камборишӣ сатҳи оби обанборҳои ба истеҳсоли неруи барқ равонабуда кам шуда, Ҳукумат маҳдудияти муваққатии неруи барқро байни аҳолӣ ҷорӣ кард.

Мо бояд дар ин рӯзҳои сармо ба истифодаи оқилонаи энергияи электрикӣ дар хонаҳо таваҷҷуҳ зоҳир намоем. Яке аз роҳҳои сарфанокии энергияи электрикӣ истифодаи лампаҳои каммасраф мебошад. Фармони Президенти ҷумҳурӣ “Дар бораи тадбирҳои иловагии сарфаҷӯёнаи энергия” ба раванди истифодаи лампаҳои каммасраф гузаштани аҳолӣ ва корхонаву муассисаҳо ибтидо гузошт. Дар Паёми Президенти мамлакат соли 2009 омада буд: “Истифодаи лампаҳои каммасрафи замонавӣ, ки харҷи неруи барқро то 5 маротиба кам мекунанд ва илова бар ин муҳлати кори онҳо 8-10 маротиба зиёдтар аст, ба мақсад мувофиқ мебошад”.

Мисол агар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 1 млн. хоҷагӣ ва ҳар хоҷагӣ дар хонаҳои истиқоматии худ ба ҳисоби миёна дар тӯли як шабонарӯз 5 лампаи фурӯзонро 10 соат истифода барад. Лампаҳои оддӣ ё ба ибораи дигар лампаҳои тасфон, ки бо тавоноии 100 Вт кор мекунанд, энергияи электрикии истеъмолкардаи 10 лампа дар як соат ба 1 кВт соат ё худ 22,66 дирам баробар мешавад. Пас 5 млн. лампаи фурӯзони оддӣ дар як шабонарӯз (10 соат фурӯзон) 5 млн кВт соат энергияи электрикиро истеъмол мекунанд, ки ба 1133000 сомонӣ баробар мешавад. Агар ин шумора лампаҳои тасфонро ба лампаҳои каммасраф иваз намоем, нишондоди дар боло ҳисобнамуда якчанд маротиба поён меравад.

Мо метавонем бо ин амаламон дар тӯли 6 моҳи камобӣ миллионҳо кВт соат энергияи электрикии камтар истифода барем, ки ин бевосита ба буҷаи оила фоида меорад ва тӯли сол бо энергияи электрикии бемаҳдуд таъмин мешавем. Ин матлабро яке аз устодони факултети энергетикии мо ҳанӯз аз соли 2003 чунин баён намудаанд:

Сарфи беҳудаи барқ гулхани худсӯзон аст,

Сарфа бинмо, ки аз он гармии хону нон аст.

Қатраи рехта бар ташна ғизои ҷон аст,

Зарраи барқ чунон асту на кам аз он аст.

Рехта қатраву хушкида чу дарёи Арал,

Заҳмати меҳнати гумгаштаи муздурон аст.

Пас биё, ақл ба кор орему зоеъ накунем,

Неруи барқ, ки маводи на чанд арзон аст.

Давлатов Дӯстмурод – донишҷӯи курси 3юми факултети энергетикӣ, гурӯҳи 430101 А3.

Leave a Comment