Тоҷикон аз қадимулайём соҳиби ойину суннатҳои бостонӣ ва фарҳанги қадимӣ буда, дар тамаддуни ҷаҳонӣ саҳми хешро гузоштааст. Расму ойинҳо ва ҷашнҳои миллии мо, мисли Наврӯз, Меҳргон ва Сада дар тӯли таърих барои тарғиби ахлоқу маънавиёти созанда хизмат карданд. Аз ин лиҳоз, зарур аст, ки дастовардҳои маънавию модии мардуми шарифи мо ба феҳристи умумиҷаҳонии ЮНЕСКО ворид гардида, нақши тамаддунсози миллати тоҷикро минбаъд низ боло баранд.

Баъди ба даст овардани истиқлолият дар Тоҷикистон як қатор суннатҳо ва ҷашну маросимҳои миллӣ эҳё гардиданд, ки онҳо садсолаҳо аз назари халқ дур буданд, таҷлили баъзеашон  манъ гардида буд ва қисми дигаршон ба гӯшаи фаромушӣ рафта, танҳо дар хотираи таърихиву фарҳангии халқамон боқӣ монда буданду халос.

Бо шарофати истиқлолият ва ба сифати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардидани шахсияти ватанхоҳу ватандӯст, худогоҳу худшинос муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масъалаи ҳувияти миллӣ ва эҳё гардидани таърихи куҳан, инчунин муроҷиат ба осори пешин ва зинда намудани чеҳраҳои таърихиву фарҳанги гузаштаи халқи тоҷик ба ҷойи аввал баромад. Бо таълифи асари бисёрҷилдаи “Тоҷикон дар оинаи таърих”, “Нигоҳе ба таърих ва тамаддуни Ориёӣ”, “Забон ҳастии миллат” ва китобу мақолаҳои зиёди муҳиму дорои хусусияти ватандӯстона исбот намуданд, ки халқи тоҷик таърихи ниҳоят куҳан дорад. Дар баробари ин сарвари давлат ба мероси маънавии суннати шоистаи мардум баҳои баланд дода, омӯзиш ва тарғиби ин осори гаронбаҳоро вазифаи ҳар як фарди бедордил дониста, доимо даъват ба амал меоваранд, ки таърихи гузашта ва фарҳанги пешиниёнро насли имрӯза дуруст аз бар намуда, ба он сидқан арҷ гузоранд.

Таърихи нишонаҳои пайдоиши ҷашни Сада, ки марбут ба Хуршед ва тимсоли он – оташ мебошад, хеле қадимӣ буда, ба замони пеш аз ориёӣ ва ҳатто аз он ҳам дуртар мерасад. Доир ба пайдо шудани он аввалин ахбор дар фарҳанги шифоҳӣ, устураҳои масух ишора рафта ва тавассути ин ду сарчашма ба осори татърихӣ роҳ ёфтааст. Хеле муҳим аст, ки бовариҳо ва нишонаҳои эътиқод ба хуршеду оташ, ки сабабгори аслии ба вуҷуд омадани ҷашни Сада мебошанд, то имрӯз дар байни мардумони гуногуни олам ба назар мерасанд. Баъзе муҳаққиқон ва донишмандон онро ҷашни замони ориёӣ мепиндоранд ва иддаи дигар падидории онро пеш аз даврони ориёиҳо медонанд. Вале ба ҳар суръат пайдоиши ҷашни Сада ва устураҳои марбут ба он ба масъалаи таҷҷамӯи рушноӣ ва оташ вобаста мебошад ва аз таҳаввулу ташаккули қавмҳои ориёӣ дарак медиҳанд, ки онҳо ин ҷашнро аз пешиниён гирифтанд ва баъдиҳо онро то рӯзгори мо расониданд.

Бо пайдоиши оташ ва муқаддас гардидани он мардуми пешин барои худ ҷашни Садаро интихоб карданд. Ин аз як тараф ифодагари рамзи ҷовидонагии Хуршед ва муқаддас донистани оташ мебошад, аз тарафи дигар ба зиндагии инсон ва робитаи ӯ бо табиат вобастагии ногусастанӣ дорад.

Ниёгони пешини мо рӯйи худро ба сӯи оташ намуда, дастони худро ба сӯи Хуршед мебурданд ва барои беҳбудии рӯзгори хеш аз оташу Хуршед мадад металабиданд. Ҳадаф аз ин ниёиш расидан ба Наврӯз ва омадани соли хуб барои кишту кор буд, ки дар давраи ибтидоӣ мақом ва ҷойгоҳи хос дошт. Ҳамин боварҳо буд, ки дар замонҳои хеле дури пеш аз мелод қавмҳои гуногуни одамӣ барои рӯзгори худ устураҳо меофариданд ва хушҳоливу зиндагии баъдиашонро бо ин ҷашну маросимҳо пайванд менамуданд, ки ҷашни Сада яке аз онҳост.

Дар фарҳанги суннатии ниёгони мо муборизаи равшанӣ ва торикӣ ҳамчун ҷавҳари маънавӣ нақши калидӣ дорад, ки он ба ҷашни Сада низ алоқаманд мебошад. Дар доираи ташаккули ҳамин унсурҳои ба ҳам зид гузаштагони мо, аз ҷумла, қавмҳои ориёӣ ду фасли сол доштанд, ки ин ҳамон муборизаи Ҳурмузду Аҳриман ва муборизаи равшанӣ бо торикиро ба ёд меорад. Якеро тобистони (ҳама [hama]) бузург меномиданд, ки он ҳафт моҳро дар бар мегирифт ва аз оғози фарвардин (баробари 21-ум ва гоҳе 22-уми моҳи март) шурӯъ шуда, то охири моҳи меҳр (баробари 22 октябр) идома меёфт. Дуюмиро зимистони (зайана [zayana]) бузург мегуфтанд, ки аз аввали моҳи обон (баробари 22-23 октябр) сар мешуд ва то поёни моҳи исфанд (баробари 21-22 март)-ро дар бар гирифта, 150 рӯз идома меёфт.

Доир ба таърихи пайдоиши ҷашни Сада назарҳои дигар низ мавҷуданд, ки барои равшан шудани мақсад аз онҳо ёдовар шудан аз манфиат холӣ намебошад.

Абурайҳон Берунӣ дар «Аттафҳим» доир ба ин ҷашн чунин ишора намудааст: «Сада чист? Обонрӯз аст аз баҳманмоҳ. Ва он даҳум рӯз бувад. Ва андар шабаш, ки миёни рӯзи даҳум аст ва миёни рӯзи ёздаҳум оташҳо зананд ба гавзу[чормағз] бодом ва гирд бар гирди он шароб хӯранд ва лаҳву [бозӣ] шодӣ кунанд. Ва низ гурӯҳе аз он бигузаранд, то ба сӯзонидани ҷонварон. Ва аммо сабаби номаш чунон аст, ки аз ӯ то Наврӯз панҷоҳ рӯз аст ва панҷоҳ шаб…». Аз рӯи ин маълумоти таърихӣ равшан мешавад, ки ин ҷашн дар миёни мардум аз замонҳои қадим маҳбубият доштааст ва ба он гузаштагони мо эҳтироми хосса менамудаанд.

Тавре ки ишорат гардид, доир ба таърихи ҷашни Сада Абулқосим Фирдавсӣ дар «Шоҳнома» бо баёни устураи ҷолиби даврони Пешдодиён, қадимияти онро тасдиқ кардааст ва арзиши онро барои мардуми эронитабор муҳим донистааст. Шоир устураи Ҳушангро ба достони худ ворид карда, ба он ҷанбаи таърихию бадеӣ бахшидааст ва марбути замони бостон будани ин ҷашн ишора кардааст.

Ба назари мантиқии А Кристенсен, М.Баҳор ва дигарон Сада наздик шудан ба Наврӯз ва аз зимистони бузург гузаштанро ифода менамояд. Тибқи гуфтаи онҳо Сада ба рамзҳои оташ, Хуршед ва рӯшноиву торикӣ иртибот буданро дар худ таҷҷалӣ менамояд ва он хоси эътиқодоти одамони пешин буда, дар он ормонҳои ибтидоии гузаштагон ниҳон мебошад.

  1. «Ҳушанг оташро кашф менамояд». Ҳушанг санге ба сӯйи мор мепартояд. Санг бар санг бархӯрда, оташ падидор мегардад. Падид омадани оташро ҷашн гирифтанд ва онро Сада номиданд.
  2. «Адади фарзандони Одам». Мегӯянд Каюмарс, яъне Одам, ки нахустин инсон буд, сад фарзанд дошт. Панҷоҳ нафари онҳо аз ҷинси зан ва панҷоҳи дигар аз ҷинси мард. Замоне, ки онҳо ба балоғат расиданд, он рӯзро ҷашн гирифтанд.
  3. Ҷамъи Машӣ, Машёна ва фарзандони онон, ки ба сад мерасад ва онро ҷашн мегиранд ва онро Сада ном мениҳанд.
  4. «Шаби пирӯзии Фаридун бар Заҳҳок». Аз ҷумла, Берунӣ ин матлабро дар «Ат-тафҳим» ва бахусус дар «Осор-ул-боқия» муфассалтар баён менамояд. Дар «Наврӯзномаи Хайём» низ ёдоварӣ шудааст. Яъне наҷоти сад тан аз морони Заҳҳок аст.
  5. Вазири Заҳҳок ҳар рӯз бояд ду танро кушта, мағзашонро ба морони дӯшҳои Заҳҳок медод, вале ӯ якеро наҷот мебахшид. Чун Фаридун бар Заҳҳок пирӯз шуд, теъдоде ин озодшудагон ба сад расид. Вазир Фаридунро аз ин воқеа хабардор намуд. Он сад тан дар шаб дар ҳузури бозрасони Фаридун ҳар як оташе ҷудогона дар кӯҳистон афрӯхтанд. Ба эътибори сад тан будани онон ҷашни Сада барпо шуд.
  6. Садаро ёдбуди пирӯзии Таҳмосб бар Афросиёб низ медонанд.
  7. Чун бо гузашти сад рӯз аз зимистони бузург сармо ба поёни авҷи худ мерасад ва пасон суст мешавад, ба шодии ин сустӣ ниёкони мо ҷашни Садаро барпо медоштанд.
  8. Мегӯянд, ки аз ҷашни Сада то Наврӯз панҷоҳ рӯзу панҷоҳ шаб дар пеш аст, ки маҷмӯан теъдоди шабу рӯз сад мешавад. Ба ин сабаб ҷашни Садаро панҷоҳ рӯз то ба Наврӯз мондан ҷашн мегирифтанд.
  9. Аз рӯзи Сада то рӯзи гирдоварии ғалла дар навоҳеи ҷанубии Ориёнзамин як сад рӯз фосила аст, ки ба ин сабаб ин ҷашро Сада номидаанд.

Чунин устураҳо ва ривоятҳо дар бораи ин ё он воқеа ва ҳодисаи замони бостон, то рӯзгори мо дар шаклҳои мухталиф расидаанд. Ҳамаи ин устураҳоро баъдҳо ховаршиноси машҳури даниягӣ Артур Кристенсен, Ҳошим Разӣ, Меҳрдоди Баҳор ва дигарон мавриди омӯзиш қарор медиҳанд. Аммо А.Кристенсен дар доираи таъкиди олимони шинохта, ба мисли В.Маннҳардт, Э.Вестермарк, Е.Монгк ва дигарон доир ба масъалаи ҷашни оташ ва муқаддас донистани он изҳори назар менамояд.

Ҷашни Сада дар тӯли таърих ташаккул ёфта, ба таълимоти мазҳабиву миллӣ пайванд гардида, байни халқ маҳбубият касб карда будааст. Дар замони Сомониён ин ҷашн роиҷ буда, пасон дар замони Ғазнавиён низ машҳур будааст. Султон Маҳмуди Ғазнавӣ низ ин ҷашнро бо шукӯҳу шаҳомати хос таҷлил менамудааст, ки доир ба он Абулфазли Байҳақӣ ёдовар шудааст.

То солҳои 70 садаи ХХ дар баъзе деҳоти кӯҳистони Тоҷикистон ва дар байни тоҷикони Осиёи Миёна мушоҳида мешуд, ки дар айни авҷи зимистон, барои нек омадани соли оянда ва зуд расидани баҳор, гурӯҳе аз одамон ба дашту саҳро, ё дар байни боғи худ, хору хасу буттаву чӯбҳои хушки дархатонро ҷамъ оварда оташ афрӯхта шодмонӣ менамуданд. Наврасону ҷавонон дар гирди ин оташ бозиву шӯхӣ ва ҳунарнамоӣ менамуданд. Ин ҳамон нишонаи ҷашни Сада аст, ки мардум онро, бо эътиқод ба гузашта, то замони мо овардаанд.

Аз ин ишораҳо маълум мешавад, ки дар хотираи фарҳангии халқи тоҷик ҷашни Сада мақоме мисли ҷашнҳои Наврӯз ва Меҳргон дорад ва чи нек аст, ки дар таи чанд соли ахир он дар сатҳи ҷумҳурӣ таҷлил мешавад.

Вобаста ба ин Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми таҷлили ҷашни Меҳргон таъкид намуда буданд, ки: «Ҷашн танҳо ба хотири ҷашн нест ва таҷлили ҳар санаи муҳим дар зиндагӣ бояд моро ба андеша ва хулосабарорӣ барои оянда таҳрик созад».

Аз баракати Истиқлолияти кишвари азизамон ҷашни Сада эҳё гардид. Акнун шукӯҳи бостонии он сол то сол барқарор гардида истодааст. Дар ҷашни Сада низ созҳои миллӣ, навъҳои гуногуни ҳунарҳои мардумӣ, маҳорати пазандагони моҳир, навъҳои таомҳои суннатӣ, порчаҳои атласу адрасбофӣ, зардӯзӣ, гулдӯзӣ, қолинбофӣ, заргарӣ, либосҳои миллии зимистонӣ, намоиши расму оинҳои мардумӣ, рақсу сурудҳо ба маърази тамошо гузошта мешаванд. То бо ин шодмонию хурсандӣ зимистони сарди афсунгарро гусел намуда, барои бештар ҷаҳонро мунаввар намудани Хуршеди баҳорофар, омодагии кишту кор ва ояндаи дурахшони рӯзгор мадад намоем. Тамоми сокинони кишвар онро дар руҳияи баланди арҷгузорӣ ба мероси маънавии халқ таҷлил менамоянд. Ин тадбир имкон медиҳад, ки боз ҳам ҳуввияти миллӣ қавитар гардад ва насли имрӯза аз анъанаҳои ниёгони худ бештар бархурдор шаванд.

Айдаралиева М.Д. – ассистенти кафедраи фанҳои ҷомеашиносӣ.

Leave a Comment