Халқи тоҷик яке аз миллатҳое ба шумор меравад, ки дар гузашта фарҳанг ва тамаддуни хеле қадима дошт ва дорад. Тоҷикон аз ҷумлаи он миллатҳое маҳсуб меёбанд, ки бо саҳми худ дар таърихи тамаддуни ҷаҳонӣ маъруфу маъмул гардидаанд. Нишони ин саҳмият дар ташаккул ва рушди тамаддуни ҷаҳон пеш аз ҳама падидаҳои фарҳангии ниёгони тоҷикон мебошад. Фарҳанги доманадори гузашта бо унсурҳои худ тоҷиконро чун миллати маърифатноку фарҳангпарвар маъмул гардонидааст. Яке аз падидаҳои фарҳангии ниёгонамон ҷашни Сада мебошад, инъикосгари фарҳанги мо ба шумор меравад.

Бо пайдо шудани оташ ва муққадас гардидани он мардуми пешин барои худ ҷашни Садаро интихоб карданд. Ин аз як тараф ифодагари рамзи ҷовидонагии Хуршед ва муқаддас донистани оташ мебошад, аз тарафи дигар ба зиндагии инсон ва робитаи ӯ бо табиат вобастагии ногусастанӣ дорад. Баъдтар маҳз пайдо шудани “Ҷашни Оташ” ва ҳамчун рамзи Хуршед донистани он ҷашни Сада дар миёни мардум густариш пайдо кард. Бино ба тадқиқоти олими мардумшинос ва мутахасисси фолклор Равшан Раҳмонӣ таърихи нишонаҳои пайдоиши ҷашни Сада, ки марбут ба Хуршед ва тимсоли он оташ мебошад, хеле қадимӣ буда ба замони пеш аз ориёӣ ва ҳатто аз онҳам дуртар мерасад. Доир ба арзи ҳастӣ намудани он аввалин ахбор дар фарҳанги гуфторӣ (шифоҳӣ) устураҳои махсус ишора рафта ва тавассути ин ду сарчашма ба осори хаттӣ роҳ ёфтааст. Хеле муҳим аст, ки боварҳо ва нишонаҳои эътиқод ба Хуршеду оташ, ки сабабгори аслии ба вуҷуд омадани ҷашни Сада мебошад, то имрӯз дар байни мардумони гуногуни олам ба назар мерасад.Ҷашни сада аз ҷумлаи он унсурҳои аҳди бостонии аҷдодони тоҷикон мебошад, ки дар худ хусусиятҳои хоси фарҳанги онҳоро инъикос менамояд. Ин ҷашн рӯзи даҳуми баҳманшоҳ (30-уми январ) баргузор мегардад. Инки чаро “сада” ном гирифтааст, пажӯҳандагон пайдоиши онро аз вожаи “сад” дониста ва перомуни он фикру ақидаҳои худро баён намудаанд. Тибқи итиллои гоҳшумор ҷашни Сада ба муносибати аз хонаи зимистонааш гӯзаштани хуршед ва ба баҳор майл кардани он, то Наврӯз панҷоҳ рӯз ва панҷоҳ шаб, яъне сад (100) шабу рӯз мондан ва ба нияти нерӯҳои сармо ва торикиро ақиб зада, хуршедро мадад кунанд то аз нав нерӯманд гарданд, баргузор мегарданд. Абӯрайҳони Берунӣ дар “Ат-таҳфум” чунин мегӯяд:”Сабаби номаш чунин аст, ки аз ӯ то Наврӯз панҷоҳ рӯз аст ва панҷоҳ шаб. Ва низ гуфтанианд, ки андар ин рӯз аз фарзандони падар нахустин сад тани тамом шудааст”. Ва дар “Осор-ул-боқия”-аш менависад, ки: “Сабаб ин аст, ки дар ин рӯз зодагони Каюмарс-падари нахустин дуруст сад тан шудаанд ва яке аз худро ба ҳам подушоҳ кардаанд”.

Маҳмуди Гардезӣ дар “Зайн-ул-ахбор” баён менамояд, ки: “Шумораи фарзандони Одам Абулбашар дар ин рӯз ба сад расид”. Музаффари Гунободӣ дар “Шарҳи бист (20) боб” ном асараш чунин қайд намудааст: “Ваҷҳи тасмиаш ба сад он аст, ки чун Каюмарсро сад (100) фарзанд ба дунё омада буд ва ҳама баҷои рӯшд ва нумӯ расидаанд, дар ин шаб дар ин шаб ҷашн намуда ва ҳамаро кадхудо сохт ва фармуд то оташи бисёр афрухтаанд. Бад ин ҷиҳат онро сада ном бурдаанд”.

Аллома Алиакбари Деҳхудо дар китоби “Луғатнома”-и машҳураш дар сабаби Сада ном гирифтани ин ҷашн чунин навиштааст: “Ваҷҳи иштиқоҳе, ки саҳеҳтар ба назар мерасад ин аст, ки ҷашни Сада, ки дар 10-уми баҳманмоҳ гирифта мешавад дуруст сад рӯз пас аз оғози зимистони панҷмоҳа будааст”.

Мубади замони сосонӣ Ардашери Озаргушасп дар китоби “Маросими мазҳабӣ ва одоби зардуштиён” бо истифода аз вожаи сад чунин иникос мекунад: “Сада аз вожаи сад омадааст ва ҳамон тавр, ки ҳафта ба манои ҳафт рӯз ва чилла ба манои чиҳил рӯз ва даҳа ва сирӯза ба манои рӯзи даҳум ва сивум ва панҷа ба манои панҷ рӯз аст. Ва ҳамчунин ангуштони дасту поро панҷа мегӯянд ва ҳазора ба маънои ҳазор сол аст, сада ҳам ба маънои сад рӯз мебошад”. Бузургтарин маросими ҷашни Сада афрӯхтани оташ дар шаби даҳум ба ёздаҳуми баҳманмоҳ (30 ба 31- уми январ) аст. Ва беҳуда нест, ки ин идро ҷашни оташ низ меноманд. Перомуни оташ афрӯхтан дар ин ҷашн ва пайдоиши Сада ақидаҳои гуногун вуҷуд дорад.

Вале бисер муарихон онро ба Ҳушанг – подушоҳи силсилаи Пешдодӣ нисбат додаанд. Аз ҷумла Абулқосим Фирдавсӣ дар китоби маъруфи “Шоҳнома” онро ба тарзи хосе баён кардааст. Дар шаҳри ин достон омадааст, ки Ҳушанг ба саҳро рафта буд. Мори сиёҳеро мушоҳида кард ва санге гирифта тарафи вай ҳаво дод, санг ногоҳ ба санги дигаре бархӯрд ва аз ба ҳам хӯрдани ин ду санг оташ равшан шуд. Ҳушанг дастур дод ба муносибати пайдоиши фуруғи эзадӣ ҷашн гирифтаанд ва шодӣ кардаанд ва дар ҳангоми парастиш онро қиблаи худ қарор додаанд ва бад он – сӯ намоз гузоштаанд ва нагузоштаанд, ки хомуш шавад. Аз ашъори “Шоҳнома” ба хуби маълум мешавад, ки оташ ба василаи Ҳушанг пайдо шуда ва аз лиҳози ин ки оташ фурӯғи эзадӣ аст, дастур дод, ки ҳангоми намоз ниёоиши Худо онро сӯ (қибла) қарор диҳанд ва ба тарафи оташ намоз гузоранд. Перомуни маросими баргузории ин ҷашни бузург ва зебо дар тӯли таърих донишмандоне аз қабили Абӯрайҳони Берунӣ, Маҳмуди Гардезӣ, Умари Хаём, Абулфазли Байҳақӣ, Ибни Мискавай, Артур Кристенсен Алиакбари Деҳхудо, Сайдҳасан Тақизода, Музаффари Гунободӣ, Мэри Бойс, Умодуддини Закариёи Қазвинӣ, Меҳрдоди Баҳор ва дигарон изҳори ақида намудаанд.

Абурайҳони Берунӣ дар китоби “Ат-тафҳим” менависад, ки ҷашни Сада “обонрӯз аст баҳманмоҳ. Ва он даҳум рӯз бувад. Ва андар шабаш ки миёни рӯзи даҳум аст ва миёни рӯзи ёздаҳум, оташҳо зананд ба гавз ва бодом ва гирд ба гирди он шароб хӯранд. Ва лаҳву шодӣ кунанд… Ва аммо сабаби оташ кардан ва бардоштан он аст, ки Биюрособ (Заҳҳок) тавзеҳ карда буд бар мамлакати хеш ду мард ҳарӯзе, то мағзашон бар он дуреш ниҳоданӣ, ки бар китифҳои ӯ баромада буд. Ва ӯро вазире буд номаш Армоил, нектил ва неккирдор. Аз он ду тан якеро зинда яла карди ва пинон ӯро ба Дамованд фиристодӣ. Чун Афредун ӯро бигрифт, сарзанишаш кард. Ва ин Армоил гуфт: тавоноии ман он буд, ки аз ду кушта якеро бираҳонидаем. Ва ҷумлаи эшон аз паси кӯҳанд пас бо вай устуворон фиристонд ва бифармуд, то ҳаркасе бар боми хонаи хеш оташ афрӯхтанд. Зеро ки шаб буд ва хост то бисёрии эшон падид ояд. Пас он наздики Афредун ба мавқе афтод ва ӯро озод кард ва ба тахти заррин нишонд ва Масмуғон ном кард, ай меҳи муғон. Ва пеш аз Сада рӯзе барсада гӯянд ва низ навсада”.

Абурайҳони Берунӣ ҳамин қисса ва сабаби оташ афрухтан дар шаби даҳуми баҳманмоҳро дар китоби “Осор – ул – боқия” – аш бо каме тағирот баён кардааст. Ҷашни Сада баъд аз густариши ислом дар Эронзамин ва то аҳди Муғул бо шукӯҳу шаҳомат таҷлил мешудааст. Муаррихон аз баргузории таҷлили ҷашни Сада дар баробари Оли Зиёр, Ғазнавин, Салҷуқиён, Хоразмшоҳиён хабар додаанд. Аз ҷумла зеботарин ва куҳантарин ҷашни Садае, ки дар давраи исломӣ баргузори гардид, тавасути подушоҳии Оли Зиёо дар соли 934 буд, ки дар шаҳри Исфаҳон барпо шудааст. Барои баргузории ин ҷашн ба дастури Мардовиш, ки ҷонибдори эҳё намудани сунатҳои то исломӣ буд, дар канори Зояндарӯд ва дар майдоне аз домана то фарози кӯҳ теппаҳои бузурге аз ҳезум ва хору газ вароҳам оварда ва оташ заданд. Ва ҳазорон паранда бо тирҳои пайкони оғушта ба нафти шӯълавар ба парвоз даромадаанд, ки замину осмони шаҳри Исфаҳон ғарқ дар оташ шуд. Абулфайзи Байҳақӣ таҷлили ҷашни Садаро дар аҳди султон Масъуди Ғазнавӣ дар соли 1030 чунин тасвир кардааст: “Мир фармуд то саропарда бароҳи Марв бизананд. Бар се фарсангии лашкаргоҳ ва Сада наздик буд. Сада ҷашнест, ки тамоми шоирон ва нависандагон онро дар асарҳои худашон ба пураги иникос намудаанд. Ва мо ҷавонон кӯшиш бахарҷ медиҳем то ки ҷашнҳои қадима ва ниёгонамонро аз сари нав зинда намуда, ба фарҳанг ва тамаддуни ҷаҳони ҳамроҳ намоем.

Ассисенти кафедраи фанҳои ҷомеашиносӣ Асоев Комрон.

Leave a Comment