«Тоҷикон яке аз миллатҳои қадимаи дунё ва дорои таърихи беш аз 6000-сола буда, ҳанӯз аз давраҳои бостонӣ соҳиби саводу қалам, девону дафтарр, илмдӯсту адабпарвар, давлатсозу давлатдор, меъмору шаҳрсоз, шаҳрдору шаҳрнишин, яъне фарҳангиву тамаддунсоз ва ободкору созанда ба шумор мераванд. Мо ифтихор дорем, ки Тоҷикистон барҳақ, ватани Наврӯз, Сада, Тиргон ва Меҳргон аст. Ҳар кадоме аз ин ҷашнҳо таърихи беш аз шашҳазорсола дорад ва ин мояи ифтихори мост”
Эмомалӣ Раҳмон
Ҷашни Сада пеш аз фарорасии Наврӯз бузургтарини иди суннатии тоҷикон мебошад. Ҷашни Сада муждадиҳандаи Наврӯз арзёбӣ гардида, дар ин бора дар осори шоирони гузашта ва имрӯзаи мо ишораҳои зиёде рафтааст. Имсол ин ҷашни суннатӣ дар Тоҷикистон 30 январ таҷлил карда мешавад. Бархе аз таърихшиносон ҷашни Садаро дарвозаи Наврӯз меноманд. Чун гузаштагони мо ин ҷашнро ду рӯзи аввали моҳи феврал таҷлил мекарданд ва пас аз он ба ҷашни Наврӯз омодагӣ медиданд. Сада чун оини меҳрпарастӣ асосан пас аз анҷоми чиллаи калон таҷлил мегардад. Ҷашни Сада аз наздик омадани баҳору Наврӯзи хуҷаста, омодагӣ ба киштукори баҳорӣ, покиза намудани кӯчаву хонаҳо, кандану тоза кардани ҷӯю заҳбурҳо ва нигоҳубини хуби чорво барои гузарондани зимистон пайк медиҳад.
Сада бошукӯҳтарин ҷашни аҷдодӣ буда, паёме аз даврони куҳан, ихтирои бузурги инсоният-оташ мебошад. Оташе, ки ба хотири ҷашни Сада меафрӯзанду дар гирди он аловпарак доир менамоянд, моро ба гузаштаи дур мебарад, ба марзае, ки дар он ниёгони мо дӯстиву муҳаббат ва рӯшноӣ офаридаанд.Сада аз сипарӣ шудани зимистон, наздик шудани фасли баҳор ва оғози корҳои кишоварзон хабар медиҳад. Ҷашни мазкур дар майдонҳои васеъ, дар фазои озод ва талу теппаҳо бо иштироки зану мард, кӯдакон ва тамоми мардум гузаронида шуда, аз ин рӯ онро иди ҳамагон меномиданд. Ҷашни мазкурро махсусан кишоварзон бесаброна интизор шуда, дар баргузории он фаъолона иштирок менамуданд. Парандаи дӯстдоштаи айёми ҷашни Сада хурӯс буда, он шабзиндадорӣ намуда, мардумро аз дамидани рӯшноӣ ва фурӯғи хуршед хабар медод. Сада бо оростани дастархони ҷашнӣ ва базму тараб доир мегардид. Дастархони мазкур бештар аз донагиҳо иборат буда, рӯи он таомҳои аз рӯи миҷоз гарм, ба мисли қурутоб, далда, кашк ва ғайра ороста мешуданд. Дар натиҷа, меҳру муҳаббат, якдилӣ, дӯстиву рафоқати одамон зиёд мегардид.
Дар ҳар ҷашни мардумӣ ҳатман расму суннат, урфу одатҳои пур аз ҳикмати ниёгони мо ва муносибати содиқонаи инсону табиат нуҳуфтаанд, ки донистани он барои насли имрӯзу фардои миллати тоҷик аз аҳамият холӣ нест. Дар баъзе деҳоти ноҳияҳои вилоят ҷашни Садаро бо пошидани орд бар сутуну девори хона, пухтани таомҳои хоси идона ва баргузор кардани дафсоз истиқбол мегиранд. Даф ё доира шакли офтобро дошта, мардум бар ин боваранд, ки он ба ҳар хонадон равшанӣ ва бахту саодат меорад. Баъди чанд лаҳза сарояндагон ба дубайтӣ ва аз сурудҳои орифона ба сурудҳои ошиқона мегузаранд ва рақсу бозии идона ба авҷи аъло мерасад. Чун шом фаро мерасид, сокинони деҳот дар замини ҳамвор гулхан афрӯхта, аз болои он мепариданд ва пораи ресмонеро аз либоси худ канда, ба оташ мепартофанд. Бо ҳамин ҳар гуноҳе, ки дар як соли гузашта доштанд, аз худ дур месохтанд ва ба соли нав бо дилу нияти пок ворид мешуданд.
Бо гузашти замон ин ҷашни миллии мо ба кунҷи фаромӯшӣ рафта, ба таври зарурӣ қайд намегардид. Маҳз дар замони истиқлол бо иқдоми хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин ҷашни ниёгон ҳамчун ҷашни миллӣ аз нав эҳё гардид. Бояд тазаккур дод, ки дар замони истиқлол ҷашни Сада баробари дигар маросиму суннатҳои миллии мо умри дубора пайдо карда, таҷлили ҳарсолаи он ба ҳукми анъана даромад ва дар радифи ҷашнҳои миллиамон ба қонунгузории мамлакат ворид гардид. Мояи ифтихори ҳар яки мост, ки ба шарофати соҳибистиқлолӣ анъанаву суннатҳо ва ҷашнҳои миллии мардуми куҳанбунёди мо эҳё гардида, арҷгузорӣ ба онҳо сол ба сол бештар мешавад. Сада ҷашни суннатии мардуми тоҷик буда, ҳамчун иди кишоварзон ба ҳукми анъана даромадани таҷлили расмии он далели он аст, ки миллати куҳанбунёди мо дар партави сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба арзишҳои гузаштаи фарҳангии хеш рӯ овардаву эҳёи онҳоро вазифаи бошарафи худ медонад. Имрӯз, ки Ҷашни Сада қонунан аз нав зинда карда шудааст, бояд онро чун иди таърихӣ ва миллӣ ҷашн гирем.
Солҳо паси сар мешаванд, асрҳо мегузаранд, наслҳо ҷойгузини наслҳои нав мегарданд. Дар қалби инсонҳо он нуре, ки аз аҷдодон мерос мондааст: урфу одат, анъанаву оини мардум идома меёбад. Шояд дар дигар шакл бошад, муҳим ин ки эҳтироми суннати аҷдодиамон давом дорад. Мо бояд анъанаҳои ниёгонамонро идома дода, расму оинҳои хоси ҷашнҳои миллиро пос дошта, ғанӣ гардонем ва барои амалӣ гаштани онҳо мусоидат намоем. Бояд гуфт, ки ҷашни Сада бештар иди барзгарон, аз ҷумла иди касбии соҳаи кишоварзӣ низ ба шумор меравад. Яке аз оинҳои ҷашни мазкур ҷамъбаст ва натиҷагирии соли гузашта мебошад.
Имрӯзҳо мо дар арафаи ин рӯзи некем ва бовар дорем, ки қалби ҳар як сокини кишвар аз шодиву сурур ҷӯш мезанад, зеро ки Сада меҳру муҳаббат, якдилӣ, сарҷамъиву хушҳолӣ ва некиву равшаниро дар худ таҷассум намудааст. Ва моро водор месозад, ки иди аҷдоди-амонро мутобиқ ба замони хеш ҷашн гирифта, оини гузаштагонро давом диҳем, то наслҳои оянда аз фарҳанги бою пурғановати гуза-штаи худ огоҳ шаванд ва қадр намоянд ва онро эҳтиром намоянд.
Шоқурбонова Ҷ.Ш. – асситенти кафедраи фанҳои ҷомеашиносӣ.