Бо пешниҳоди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон парлумони ҷумҳурӣ охири моҳи октябри соли гузашта ба Қонун «Дар бораи рӯзҳои ид» тағйироту илова дохил намуд, ки мутобиқи он ҳамасола санаи 30-юми январ дар ҷумҳурӣ Ҷашни Сада таҷлил мегардад.

Дар замонҳои қадим Иди Сада 50 рӯз пеш аз фарорасии Наврӯз, яъне рӯзи 10-уми баҳманмоҳ мувофиқ ба санаи 30-юми январ ҷашн гирифта мешуд. Анъана ва расму оинҳои мардуми ориёинажод таърихи зиёда аз 3-ҳазорсола доранд. Расму оинҳои қадима бештар дар ҷашнҳои то имрӯз боқимонда, аз қабили Шаби Ялдо, Сада, Наврӯз, Меҳргон ва ғайра таҷассум ёфтаанд. Тамоми шоирони классики тоҷику форс дар асарҳои худ нисбати ҷашни Сада рӯшанӣ андохтаанд.

Масалан, дар асари машҳури Умари Хайём «Наврӯзнома» омадааст: «Афридун ҳамон рӯзе, ки Заҳҳок бигрифт, Ҷашни Сада барниҳод ва мардумон, ки аз ҷабру ситами Заҳҳок раста буданд, писандиданд ва аз ҷиҳати фоли нек он рӯзро ҷашн карданд ва ҳар сол то ба имрӯз ойини подшоҳони некаҳдро дар Эрон ва даври он ба ҷой меоваранд». Аммо Абӯрайҳони Берунӣ гуфтааст: «Сада гӯянд, яъне сад ва он ёдгоре аз Ардашери Бобакон аст ва дар иллату сабаби ин ҷашн гуфтаанд, ки ҳар гоҳ рӯзҳо ва шабҳоро ҷудогона бишморанд, миёни он ва охири сол адади сад ба даст меояд ва бархе гӯянд, иллат ин аст, ки дар ин рӯз зодагони Каюмарс падари нахустин дуруст сад тан шуданд ва яке худро бар ҳама подшоҳ гардониданд ва бархе бар онанд, ки дар ин рӯз фарзандони Машӣ ва Машиёна ба сад расиданд ва низ омада шумори фарзандони Одам Абулбашар дар ин рӯз ба сад расид». Оё медонед, ки калимаи «Сада» дар китоби «Авесто» ҳам ба маънои тулӯъ кардан ва ҳам ба маънои ғуруб кардан омадааст ва ба гумони зиёд ҷашни Сада ба як ҳодисаи кайҳонӣ, яъне тулӯъ ва ғуруби ҳамзамони ду ситораи пурнуру дурахшон дар нахустин шабҳои баҳманмоҳ дар ҳудуди панҷ ҳазор сол пеш иртибот дошта бошад. Тавре донишманди эронӣ Ризо Муродии Ғиёсободӣ навиштааст: «Ҷашни Сада ҳеҷ гоҳ ба ҳеҷ як аз ақвом ё адёни бостон иртиботе надошта ва ҳамвора ҷашне ҳамагонӣ ва баргирифта аз шароити иқлимӣ ва рӯйдодҳои кайҳонӣ будааст».

Роҷеъ ба Ҷашни Сада дар асрҳои миёна ва баъзе унсурҳои он дар Осиёи Марказӣ, бахусус дар шаҳрҳои бостонӣ ва ноҳияҳои кӯҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон Н.А.Кисляков ва И.С.Брагинский маълумот дода, унсурҳои боқимондаи ин ҷашни мансуб ба табиатро, ки аз нафас кашидани замин ва борвар шудани он шаҳодат медиҳад, бо дигар маросимҳои маъмул дар асрҳои миёна муқоиса намудаанд. Абдулазими Разоӣ ва Муҳаммад Муин иттилоъ додаанд, ки оташафрӯзию фурӯғи ҷашни Сада тибқи солшумории авестоӣ баъди 310 рӯз аз оғози фарвардинмоҳ баргузор мешуд. Бо изофаи 50 шабу 50 рӯз ҷашни Наврӯз аз аввали «панҷаи дуздида» ба унвони муқаддамоти наврӯзӣ, ки худ аз силсилаи маросимҳо иборат буд, иди соли нав таҷлил мегардид. Абурайҳони Берунӣ дар китобаш «Осор-ул-боқия» нигоштааст: «Сада – номи ҷашни рӯзи даҳуми баҳман аз ҳар соли шамсӣ…»

Шаб омад, барафрӯхт оташ ба кӯҳ,

Ҳамон шоҳу дар гирди шоҳ он гурӯҳ.

Яке ҷашн кард он шабу бода х(в)ард,

Сада номи он ҷашни фархунда кард.

Зи Ҳушанг монд ин Сада ёдгор,

Паси ӯ чунон кард ҳар шаҳриёр.

Ин мисраъҳои ҷовидонаи Ҳаким Фирдавсии Тӯсӣ далолатгари пайдоиши яке аз ҷашнҳои бошукуҳи ниёгонамон, ки имрӯз бо ташаббуси Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон умри  дубора гирифт, мебошанд. Бале имрӯз Сада дар радифи Наврӯз ва Меҳргон ҷашнҳои умумимиллӣ эълон шуда, дар саросари кишвар таҷлил мегардад. Дар намоиши имрӯза мо сайре ба таърих, ҷашнгирӣ, урфу одат ва тантанаҳои ин ҷашни ниёгон мекунем. Дар бораи ҷашнгирии Сада ва таърихи пайдоиши он муҳаққиқони зиёде навиштаанд. Аз ҷумла, Абурайҳони Берунӣ, Умари Хайём, Абулқосим Фирдавсӣ, Манучеҳрии Домғонӣ, Ризо Муродии Ғиёсободӣ, Гардезӣ ва бисёриҳо маълумот додаанд. Ин шаҳодат ба он аст, ки Сада таърихи қадимӣ дорад ва ҳамчун ҷашни ғалабаи нур бар зулмат ва равшанӣ бар торикӣ таҷлил карда мешавад.

Фирдавсӣ дар «Шоҳнома» асосогузори ин ҷашнро Ҳушанг меҳисобад. Баъзеҳо муътақиданд, ки сада дар замони Каюмарсу Исфандиёру Фаридуну Ҷамшед ба вуҷуд омадааст.

Ҷашни Сада, амирро, расми кибор бошад,

Ин оини Каюмарсу Исфандиёр бошад.

(Манучеҳрии Домғонӣ).

Сада ҷашни мулуки номдор аст,

Зи Афридуну аз Ҷам ёдгор аст.

(Унсурии Балхӣ).

Вожаи сада замони пеш дар забони паҳлавӣ бо шаклҳои гуногун: сат, сатаг, сазак ва ё саз омадааст ва арабҳо онро «сазак» номидаанд. Абурайҳони Берунӣ дар «Ат-тафҳим» сабаби «Сада» номгузорӣ шудани ҷашни мазкурро мансуб ба миқдори рӯзҳои боқимонда то иди Наврӯз яъне 50 шабу 50 рӯз медонад. Ҳамин фикрро ӯ дар «Осор-ул-боқия» чунин баён кардааст: «Эрониён пас аз он ки кабиса бартараф шуд, дар ин вақт, яъне ҳангоми ҷашни Сада мунтазир буданд, ки сармо низ аз эшон бартараф шавад ва давраи он ба сар ояд, зеро онҳо оғози зимистонро рӯзи панҷуми моҳи обон, яъне 27-уми октябр мешумориданд ва охири зимистони бузургро рӯзи даҳуми моҳи баҳман меҳисобиданд, яъне 30-юми январ ва ба унвони Сада ҷашн мегирифтанд.

Тибқи иттилои маъхазҳо, дар аҳди Ҳахоманишиён ҷашни Сада бештар дар ҳавои озод, дар талу теппаҳо баргузор мегардид, шаҳриёрону ҳакимон назру ниёзи худро бо дархости саодату пирӯзӣ ба зердастону деҳқонон, эҳтиёҷмандону камбағалон ба ҳайси ҳадя медоданд. Маълумоти казоӣ дар бораи ҷашни Сада дар давраи Сосониён вуҷуд надорад, вале дар бораи ҷашни Сада барпо намудани Маликшоҳи Салҷуқӣ бо иштироки шоирону хунёгарон иттилооти муфид боқӣ мондаанд. Дар замони ҳукмронии Султон Масъуд ҷашни Сада ба ҷараёни сафари ӯ рост омадааст. Султон дастур додааст, ки дар роҳи Марв саропардае дар лаби ҷӯй бизананд ва тахти баланде бисозанд. Вақте Сада фароз омад, нахуст султон ба сари он тахт нишаст, надимону мулозимон низ ҷамъ омаданд ва оташ ба ҳезум заданд, ки фурӯғи он, тавре ки дар маъҳазҳо ишора шудааст, аз 10 фарсах мушоҳида мешудааст. Чунин ҷашни пуршукуҳи Сада дар Исфаҳон, дар канори дарёи Зояндаруд низ баргузор шуда, ки Ибни Асир роҷеъ ба он дар «Комил-ут-таворих» иттилоъ додааст.

«Сада гӯянд, яъне сад ва он ёдгоре аз Ардашери Бобакон аст ва дар иллату сабаби ин ҷашн гуфтаанд, ки ҳар гоҳ рӯзҳо ва шабҳоро ҷудогона бишморанд, миёни он ва охири сол адади сад ба даст меояд ва бархе гӯянд, иллат ин аст, ки дар ин рӯз зодагони Каюмарс падари нахустин дуруст сад тан шуданд ва яке аз худро бар ҳама подшоҳ гардониданд ва бархе бар онанд, ки дар ин рӯз фарзандони Машӣ ва Машиёна ба сад расиданд ва низ омада: «Шумори фарзандони Одам абулбашар дар ин рӯз ба сад расид».

(Абӯрайҳонӣ Берунӣ ).

Ҳар ҷашн ба худ анъанаҳову таҷлили хосаи худро дорад, аз ҷумла Сада ҳам. Яке аз маросимҳое, ки хоси Сада аст, аз болои оташ паридан аст.

«Сада чист? Обонрӯз аст аз баҳманмоҳ. Ва он даҳум рӯз бувад. Ва андар шабаш, ки миёни рӯзи даҳум аст ва миёни рӯзи ёздаҳум оташҳо зананд ба чормағз, бодом ва гирд бар гирди он шароб хӯранд ва бозиву шодӣ кунанд. Ва низ гурӯҳе аз он бигузаранд, то ба сӯзонидани ҷонварон. Ва аммо сабаби номаш чунон аст, ки аз ӯ то Наврӯз панҷоҳ рӯз аст ва панҷоҳ шаб…».

«Аттафҳим»-и (Абўрайҳони Берунӣ).

Имрӯз дар кишвари мо ҷашни Садаро бо риояи суннатҳояш таҷлил мекунанд. Хусусан хурдсолон шеърхонӣ мекунанду меболанд, ки баҳори оламафрӯз наздик омада истодааст.

Сада номи рӯзи даҳуми баҳманмоҳ аст ва дар ин рӯз форсиён ид кунанд ва ҷашн созанду оташи бисёр афрӯзанд ва мулук ва салотини эшон мурғон ва ҷонварони саҳроиро гирифта, дастаҳои гиёҳ бар пойи эшон баста, дар он гиёҳ оташ зананд, то дар ҳаво бипаранд ва дар саҳро бираванд ва ҳамчунин, оташ дар кӯҳу саҳро зананд».

«Сада ҷашнест, ки порсиён дар рӯзи даҳуми баҳманмоҳ кунанд ва дар он рӯз оташи бисёр афрӯзанд».

Аз (Бурҳони Қотеъ).

Мусаллам аст, ки Сада яке аз ҷашнҳои мавсимию маросимии мардуми ориёитабор, аз ҷумла ниёгони тоҷикон буда, он ҳамчун рамзи бузургдошти Митра (Меҳр), омодагӣ ба кишту кори баҳорӣ ва муждаи Наврӯз пазироӣ мегардид. Сада рамзи рафтани нимаи зимистон буд, ки ба мардум муждаи нахусти баҳор меоварад ва деҳқононро барои кишту кори саҳро омода менамояд.

Сада бо гулхани рӯшноиафзои хеш сардиҳои зимистонро бо рӯшноиву гармиҳои баҳор мепайвандад. Сада ба пазироии бузургтарин ҷашни баҳор ва истиқболи Соли Нави аҷдодӣ – Наврӯзи оламафрӯз моро омода мекунад. Имрӯз Сада бо пешниҳод ва талошҳои Сарвари давлатамон ба қатори ҷашнҳои умумимиллӣ шомил гардид ва ҳамасола бо шеваи хос таҷлил мегардад.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо шарофати истиқлолияти бадастомада иди Сада аз нав эҳё гардид ва минбаъд ҳамасола онро дар ҷумҳурӣ санаи 30-юми январ бо шукуҳу шаҳомати хоса ҷашн мегиранд. Мувофиқи маъхазҳои таърихӣ иди Сада таърихи аз 3 то 5 ҳазорсоларо доро мебошад. Калимаи Сада аз забони мардуми ориёӣ гирифта шуда, оташро ифода менамояд. Дар таърих аввалин подшоҳе, ки иди Садаро ҷашн гирифтааст, Ҳушанг мебошад. Сада чун идҳои Наврӯзу Меҳргон яке аз ҷашнҳои басо қадимии мардуми ориёинажод буда, дар аҳди қадим хеле мутантану пуршукуҳ, бо шодию сурур, оташафрӯзию гулханфурӯзӣ, рақсу тарона ва оростани хони пурнозу неъмат ҷашн гирифта мешуд.

Сада ҷашни мулуки номдор аст,

Зи Афридуну аз Ҷам ёдгор аст!

Гирдоварандагон: Амонатова Ф.Қ., Саидов Б.Б. – кафедраи фанҳои ҷомеашиносӣ.

Leave a Comment