Имрӯз дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ мутобиқи Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15-уми сентябри соли 2011 таҳти №АП-1729 ва ҷадвали тасдиқнамудаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон нишасти матбуотӣ оид ба ҷамъбасти нимсолаи дуюми соли 2020 бо иштироки васеи ВАО доир гардид.
Дар нишасти матбуотӣ намояндагони васоити ахбори омма – хабарнигорон аз Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, телевизиони «Синамо», «Тоҷикистон», рӯзномаҳои «Минбари халқ», «Тоҷикистон», «Ҷавонони Тоҷикистон», «Ҷумҳурият», «Садои мардум», радиои «Фарҳанг», бахши тоҷикии радиои «Овози тоҷик», АМИТ «Ховар», маҷаллаи «Тоҷикистон», «Илм ва ҳаёт», раёсати донишгоҳ, деканони факултетҳо, мудири шуъбаи иттилоот ва робита бо ҷомеаи донишгоҳ, Сардорони идораҳо ва мудирони шуъбаҳои дахлдор иштирок намуданд.
Ибтидо Ректори донишгоҳ Давлатзода Қ.Қ. дар бораи фаъолияти ДТТ ба номи академик М.С. Осимӣ дар нимсолаи дуюми соли 2020 маълумоти мухтасар пешниҳод намуд.
Сипас хабарнигорон бо саволҳои гуногун муроҷиат намуданд. Асосан саволҳои аз ҷониби намояндагони ВАО пешниҳодгардида доир ба масъалаҳои шумораи дифои рисолаҳои илмӣ дар Шӯроҳои диссертатсионии донишгоҳ, тадбирҳо дар бораи эълон гардидани “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф”, баргузории озмунҳои фаннӣ, стипендияҳои номӣ, теъдоди патентҳое, ки аз ҷониби устодони донишгоҳ гирифта шудааст, мониторинги сифати таълим, сатҳи қабули довталабон ба донишгоҳ, ҳамкории донишгоҳ бо донишгоҳҳои хориҷӣ, дастгирии донишҷӯён ва махсусан донишҷӯёни хориҷӣ дар давраи пандемия, дастгирии устодони ҷавон ҳангоми ҳимояи корҳои илмӣ, доир ба озмуни “Илм фурӯғи маърифат”, тартибдиҳии фарҳанги ягонаи техникӣ ва монанди инҳо буд.
Ба саволҳои пешниҳодшуда аз ҷониби ректори донишгоҳ Давлатзода Қ.Қ., муовини ректор оид ба таълим, муовини аввал – Саъдуллозода Ш.С., муовини ректор оид ба илм ва равобити байналмилалӣ – Абдулло М.А. ва дигар мутасаддиёни идораву шуъбаҳои донишгоҳ ҷавобҳои қонеъкунанда дода шуд.
Боиси зикр аст, ки фаъолияти донишгоҳ дар намуди слайди намоишӣ (презентатсия) дар тахтаҳои электронии толори маҷлисӣ ба намоиш гузошта шуд ва дар давоми нишасти матбуотӣ намояндагони ВАО аз он низ маълумот гирифта тавонистанд.
Пас аз итмоми нишасти матбуотӣ Ректори донишгоҳ – Давлатзода Қ.Қ. намояндагони васоити ахбори оммаро барои тамошои озмоишгоҳҳои донишгоҳ даъват намуд. Ин даъват бо хушнудӣ пазируфта шуда, рӯзноманигорон аз саёҳати толорҳои озмоишгоҳии донишгоҳ таассуроти баланд бардоштанд.
Инчунин мутасаддиёни сохтори гуногуни донишгоҳ ба саволҳои алоҳидаи рӯзноманигорони радиову маҷаллаҳо ҷавоб дода, барои барномаҳои алоҳидаи онҳо маълумот доданд.
Дар охир ректори донишгоҳ Давлатзода Қ.Қ. ба намояндагони ВАО миннатдории худ ва аҳли коллективи донишгоҳро баҳри ҳамкориҳои судманди доимиашон баён дошт.
Шуъбаи иттилоот ва робита бо ҷомеа.