Раёсат ва ташкилоти ҷамъиятии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ муаллими калони кафедраи фанҳои ҷомеашиносӣ ТУРАЕВ Файзалӣ Раҷабалиевичро барои ҳимояи бомуваффақияти рисолаи номзадӣ самимона муборакбод мегӯяд.

Тураев Ф.Р. дар мавзӯи «Шахс дар фазои иҷтимоӣ-фарҳангии ҷомеаи тағйирёбандаи Тоҷикистон» барои дарёфти дараҷаи илмии номзади илмҳои фалсафа аз рӯйи ихтисоси 09.00.11 – фалсафаи иҷтимоӣ 4-уми феврали соли 2021 дар Шӯрои диссертатсионии 6D.КОА-026-и назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бомуваффақият ҳимоя намуд.

Раёсати донишгоҳ дар тадқиқоти ояндаи илмии Тураев Ф.Р. муваффақият орзу намуда, ба пояҳои боз ҳам баландтари илмӣ расидани ӯро хоҳон аст.

Раёсати донишгоҳ.

Leave a Comment