Дирӯз дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ бо ташаббус ва дастгирии Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши занону бонувон ва ҷавондухтарон зери унвони “Масоили занон дар меҳвари Паём” баргузор гардид.
Дар ҳамоиши мазкур Юсуфӣ Хайринисо – муовини Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, Рӯдобаи М. – раиси Шӯрои Ҳаракати ҷамъиятии ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон, Рафиқа Мӯсоева ва Марҳабо Ҷабборӣ – собиқадорон, Қурбонзода Ҳилолбӣ – раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовинони ректорони донишгоҳу донишкадаҳои пойтахт, раисони занон ва донишҷӯдухтарони донишгоҳу донишкадаҳои пойтахт, раисони занони муассисаву ташкилоти мустақари пойтахт иштирок намуданд.
Ҳамоишро Қурбонзода Ҳ.Ҷ. ҳусни оғоз бахшида, Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба Маҷлиси Олии кишвар саривақтӣ ва муҳим арзёбӣ намуд. Ӯ таъкид кард, ки дар Паёми навбатӣ Роҳбари давлат ба тамоми масъалаҳо ва мушкилоти ҳаёти мардуми ҷумҳурӣ аҳамияти хос дода, барои беҳбудии баъдинаи он роҳу усулҳои заруриро пешниҳод намуданд.
Дар партави Паёми имсолаи Пешвои муаззами миллат иштирокдорони ҳамоиши мазкур – Юсуфӣ Х.. Рӯдобаи М., Мӯсоева Р., Ҷабборӣ М. низ баромад карда, андешаҳои худро баён намуданд.
Инчунин Камолова Меҳрона – донишҷӯйи Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ низ сухан ронда, паҳлуҳои асосии ба ҳаёти занон, бонувон ва ҷавондухтарон бахшидашудаи паёми имсоларо дарҷ намуд.
Дар охир дар фазои суҳбати озоду самимӣ саволу ҷавоби иштирокдорон бо аҳли раёсати ҳамоиш баргузор гардид.
Шуъбаи иттилоот ва робита бо ҷомеа.