Турсун Ӯлҷабоев 1-уми майи соли 1916 дар деҳаи Қуруқи ноҳияи Хуҷанди вилояти Суғд ба дунё омадааст. Соли 1935 техникуми омӯзгорӣ ва с. 1950 Мактаби олии ҳизбии назди КМ ҲКИШ дар шаҳри Москваро хатм кардааст. Фаъолияти меҳнатиашро ҳамчун омӯзгори синфҳои ибтидоӣ дар ноҳияи Нов (1935-1937) сар карда, сипас ба ҳайси мудири шӯъбаи пешоҳангони кумитаи комсомолии ноҳияи Нов, котиби якуми Кумитаи Марказии ИЛКҶ (комсомол) Тоҷикистон (1941-1945), котиби якуми кумитаҳои ҳизби коммунисти вилоятҳои Сталинобод, Кӯлоб ва Ленинобод (1950-1954), котиби Кумитаи Марказии Ҳизби Коммунисти Тоҷикистон (1954-1955), Раиси Шӯрои Вазирони ҶШС Тоҷикистон, ҳамзамон Вазири корҳои хориҷии ҶШС Тоҷикистон (1955-1956), Котиби якуми Ҳизби коммунистии ҶШС Тоҷикистон (аз майи соли 1956 то апрели соли 1961) кор кардааст. Маҳз бо ташаббусу сарварии Турсун Ӯлҷабоев соли 1960 сохтмони Неругоҳи барқи обии Норак ҷомаи амал пӯшид. Дар пленуми КМ ҲКИШ (апрели с. 1961) ҳамроҳи Раиси Шӯрои Вазирони ҷумҳурӣ Н. Додхудоев дар қаллобии мунтазами ҳуҷҷатҳои ҳисоботӣ ва ҳисоботи бардурӯғ пешниҳод кардан дар бораи иҷрои нақшаҳои пахтасупорӣ ба давлат гунаҳгор дониста шуд ва аз ҳамаи вазифаҳо озод ва аз ҳизби коммунистӣ хориҷ гардид. Турсун Улҷабоев баъдан сафед карда шудааст.
Солҳои минбаъда ба ҳайси директори совхози қафомондаи «Метин-туғай», ҳоло хоҷагии ба номи Турдиеви ноҳияи Мир Саид Алии Ҳамадонии вилояти Хатлон (1961-1964), директори совхози «Ғарм»-и ноҳияи Комсомолобод (1964-1973), ҷонишини директор, аз соли 1976 то соли 1986 директори совхози «24 партсъезд»-и ноҳияи Куйбишев (ҳоло ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ) кор кардааст.
Турсун Ӯлҷабоев вакили Шӯрои Олии ИҶШС, Шӯрои Олии ҶШС Тоҷикистон, узви КМ ИЛКҶ ва КМ ҲК Тоҷикистон, узви комиссияи тафтишотии ҲКИШ буд.
Дар давраи истиқлол роҳбарияти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хизматҳои Т. Ӯлҷабоев дар рушди иқтисолиёти ҷумҳурӣ баҳои баланд дод. Бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон (1997) Неругоҳи барқи обии Норак ба номи Турсун Ӯлҷабоев гузошта шуд [1].