Имрӯз бо ташаббуси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар толори бинои БДА «Амонатбонк» Конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-амалӣ бо иштироки олимон ва муҳақиқиқони ҷавон дар мавзӯи «Паёми Пешвои муаззами миллат: ҷанбаҳои назариявӣ ва амалии он» баргузор гардид.
Дар кори конференсия муовини ректор оид ба таълим, муовини аввал, Саъдуллозода Ш.С., мудири шуъбаи кор бо ҷавонон Акрамов С.С. ва омӯзгорон Ниёзӣ С.Р., Расулов О.У., Ҳусейнзода М.А., Гадоева Ф.С., Зокирзода А.Р., Бобобеков О.Қ., Ҷаборов М.М., Тошев М.Т., М. Аҳрорӣ., Наҷмуддинов Ф.Н. иштирок намуданд.
Зимнан омӯзгори кафедраи «Электротаъминкунӣ» дорандаи Ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ, номзади илмҳои техникӣ Ниёзӣ Сироҷиддин Раҷаббоқӣ дар мавзӯи «Рушди соҳаи энергетика дар замони соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар кори конференсия баромад намуд.
Шуъбаи иттилоот ва робита бо ҷомеа.
Шуъбаи кор бо ҷавонон.