Тибқи иҷрои нақшаи чорабиниҳои муштараки Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар факултети Менеҷмент ва коммуникатсияҳои нақлиётии донишгоҳ ҷаласа оид ба корҳои фаҳмондадиҳӣ бо ҷавонон ва донишҷӯён баргузор гардид.
Дар ҷаласа Турсунзода Раҷабалӣ – мудири бахши варзиши раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе, Акрамов Саидусмон Саидисломович – мудири шуъбаи кор бо ҷавонон, Азимов Пулод Ҳакимович – декани факултети Менеҷмент ва коммуникатсияҳои налиётӣ, Муминов Фатҳиддин Сидиқович – мутахассиси пешбари шуъбаи кор бо ҷавонон, устодон ва донишҷӯён иштирок намуданд.
Ҷаласаро мудири шуъбаи кор бо ҷавонон – Акрамов С.С. ифтитоҳ бахшида, оид ба тарбияи ватандӯстӣ, баланд бардоштани ҳувияти миллӣ, маърифати сиёсиву ҳуқуқӣ, ташаккули тарзи ҳаёти солим, пешгирии ҷинояту ҷинояткорӣ, оворагардию кирдорҳои зиддиахлоқӣ, шомилшавии наврасону ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ, одамрабоӣ, худкушӣ ва суиқасд ба ҷони худ, хариду фуруши одамон, пешгирии нашъамандӣ, экстремизм ва терроризм ва дигар самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатии ҷавонон суханронӣ кард.
Пас аз он дигар иштирокдорони ҷаласа низ вобаста мавзӯи дарҷгардида баромад намуданд.
Шуъбаи иттилоот ва робита бо ҷомеа.
Шуъбаи кор бо ҷавонон.