Баҳри татбиқи Барномаи эълон гардидани солҳои 2020-2040 – “Бистсолаи омӯзиши илмҳои дақиқ, табиатшиносӣ ва риёзӣ дар соҳаи маориф” дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ аз фанҳои дақиқ, риёзӣ ва табиатшиносӣ олимпиадаҳои фаннӣ баргузор карда шуданд.

Ҳукумати кишвар бо мақсади ҳалли масоили ҷавонон ва насли наврас аз оғози истиқлолият то имрӯз ҳамаи чорабиниҳои заруриро амалӣ карда истодааст, зеро ҷавонони соҳибкасбу ихтисосманд давомдиҳандаи кору фаъолияти насли калонсол неруи созанда ва иқтидори воқеии пешрафти ҷомеа, ояндаи миллат ва давлат мебошанд.

Дастгириву ҳавасмандсозӣ ва ғамхорӣ дар ҳаққи насли ояндасози миллат дар меҳвари асосии сиёсати созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта, ҷавобан ба ин ҷавонон низ бо илму дониш, азму иродаи қавӣ дар рушду инкишофи фанҳои дақиқ, табиатшиносӣ ва риёзӣ ҳиссагузор бошанд.

Баргузории олимпиада аз фанни математикаи олӣ, химия, информатика баргузор карда шуд.

Рафти баргузории олимпиадаро раёсати таълим, шуъбаи магистратура ва корҳои илмӣ-тадқиқотии донишҷӯён, сохтори ташкилию тарбиявӣ ва кафедраҳои математикаи олӣ, химияи умумӣ ва информатика ва дигар шахсони масъул назорат карданд.

Шуъбаи иттилоот ва робита бо ҷомеа.

Шуъбаи кор бо ҷавонон.

Leave a Comment