Базми шодӣ анъанаи зебосту мардумӣ, ки бо маросими пурмуҳтаво рангину дилкаш ҷилва мехӯрад ва дар худ намунаҳои нахустин зиндагинома ва бовариҳои аҷдодро нигоҳ медорад. Намоишномаи ҷолиб ва ғалатӣ низ ҳаст. Ёд биёред маросими “саршӯён”, “арӯсбаророн” ва сурудаҳо барои ба он хосро. Танҳо як базми оддӣ ва ба хотири хӯрдану рақсидан нест. Базмест хосияти қудоӣ дорад ва мусиқию матни сурудаҳо тақвиятбахши ин манзараанду тақриздиҳанда.
Базм дар муддати асрҳову солҳо тағйироти миқдориро сипарӣ кардааст, на сифатиро. Яъне дигаргуниҳо дар мазмун аст, вале дар моҳият, ки шодмонӣ аз комгории ду навҷавон дар роҳи зиндагӣ ва бунёди ҷаҳони нав мебошад, нест.
Базму шодӣ як анъанаи устувор ва занҷирадори бо маросим ва рамзҳо ифода ёфтааст, аз силсилаи расмҳои пай дар пай аст, ки бо қонуну қоидаҳои маъмул, урфу одат пойдор мегардад. Яъне сенарияест, ки бобоёну падарон бунёд ниҳода, вобаста ба ҳар насл мукаммал мешавад. Ҳамаи амалиёт барои инсон ва ба хотири инсон рӯйи кор меояд ва мардум барои нишоту рангинӣ ҷаҳони беҳу беҳтаре созмон медиҳаду орзуву ормонро ба шароит мувофиқу мутобиқ месозад ва моддиётро бо эҳтиёҷи ботинӣ мутобиқу ғанитар мегардонад.
Инсон дар асрҳои тӯлонӣ дарёфт, ки оила дахлнопазир, муҳимтар ва муқаддастар аз созмонҳои дигари иҷтимоӣ аст. Ба бахту саодат замина мегузорад, муҳаббат ва садоқатро меафзояд ва бавуҷудоварандаи насли солим аст.
Сурудаҳои базму шодӣ таърих аст ва таърих дар адабиёти шифоҳӣ. Ҳар суруд як китоби зиндаи таърихи санъати тоҷик ба шумор меравад. Мусиқии асл ва матнҳо, ки ба ҳам тавъманданд, кори олист ва гулчини таронаҳои мардумӣ ороиши он аст. Сабки сароиш, нолишҳо ва авҷу фурӯду фарозҳо бо сароянда ва таҷрибааш дар иртибот аст.
Арзишмандии таронаҳо дар арӯсбарон ба ҳикмати шинохти инсон иртибот дорад. Масалан, “Гул баро аз хона, Дар дасти гул дастпона“ ё “ Бурор, бурор хушрӯра, Хушрӯи серабрӯра”.
Арӯсӣ ормону орзуи ҷовидона аст ва ороиши арӯс бо гӯшвор, дастпонаву зираву қуфли гиребону ангуштарӣ ва сарупо ва ифода ёфтани он дар таронаҳо паҳлӯи дигари арзишманди маросим будааст.
Сарояндагон дар симои шаҳ шахси масъул, озодаро ситоиш мекунанд. Бо назокату нафосат орзуву таманниётро арзонӣ медоранд. Маросим хосияти урфӣ дорад. Аҳли табор ва сарояндагон ҳамовозӣ мекунанд, ки ба хурсандӣ шукуҳу иззат меафзояд.
“Сартарошонаме, метарошонаме” хосияти муайянкунандаи амал ба шумор рафта, борҳо такрор мешавад ва ҷамъомадагонро хушдор ва талқин ба базм мекунад.
Усто-куланги сартарош,
Сара покиза тарош.
Очаи шаҳ ба ту мегум,
Дар сари шаҳ танга бичош.
Ба ҳунармандон аз даврони пешин эҳтиром қоил буданд ва ҳамчун шоистагон эътироф мешуданд. Бо аз бар кардани асрори суруду садои фораму донистани соз, ки насиби ҳар кас набуд, соҳибэҳтиром буданд. Сартарошон низ шахсони оддӣ нестанд, ки теғу кордро ба даст бигиранд. Эшон муборак, солдида ва покдилу покдон буданд (ба ёд биёред мӯйсаргиронро). “Сартарошон як маросими зебоесту озода. Сурудҳои шодиовар андар сартарошон моро ба умқи таърих мебаранд. Бо ин расм базм боз ҳам идома мекунад.
Матоъ омода мекунанд гирду гардану китфи шаҳ, ки мӯйҳо ба замин нарезанд. Дар он матоъ рамзи самару бахт тухмҳои ранга, пулу ороиш меандохтанд. Сартарош мӯйи тарошидаро зери дарахти самаровар таги хок мекард, ки анаъанаи хеле куҳан аст ва ишора ба шарафи инсон ва қудсиёти маросим аст.
Маросими дигаре, ки басо дилбар аст “Пеши тахт гузоштани шаҳу арӯс мебошад, ки бо ҳамовозии ҳофизон баргузор мешавад”. Тахтро аз рахти арӯс месозанд, ки бо гулдӯзизҳои зебо оро ёфтааст. Шаҳ либоси фохир дорад ва даҳону биниашро бо рӯймолчаи гулдӯзӣ, ки шояд маҳсули дасти арӯс аст ё хоҳару модар, панаҳ мекунад. Ин ба урф вобаста аст, ки шаҳбачаро аз чашми бад нигоҳ медорад.
Тарона ва рубоиҳои мувофиқе бо суруд меомезад ва шодиафзо талқингари покиву озодагӣ ва садоқату муҳаббатанд. Сурудҳои шодиёна хазинаи бебаҳоянд, ки даврон ба даврон расида, аз таҷриба ва ҳаводисе ёдовар мешаванду як китоби пурмуҳтавоянду фарогири базму хурсандианд.
Сурайё Раҳимова – омӯзгори кафедраи фанҳои ҷомеашиносӣ.