Раёсат, ташкилоти ҷамъиятии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ ва деканати факултети “Муштараки техникӣ ДМТБ-ДТТ” ассистенти кафедраи “Забонҳо” ОЛИМОВА Адолат Сафаралиевнаро барои ҳимояи бомуваффақияти рисолаи номзадӣ самимона муборакбод мегӯяд.

Олимова А.С. рисолаи худро дар мавзӯи «Таҳлили сохторию маъноии истилоҳоти маъданшиносӣ дар забонҳои тоҷикӣ ва англисӣ» барои дарёфти дараҷаи илмии номзади илмҳои филологӣ аз рӯйи ихтисоси 10.02.20-забоншиносии муқоисавӣ-таърихӣ, типологӣ ва татбиқӣ (тафриқавӣ) 11-уми феврали соли 2021 дар Шӯрои диссертатсионии 6D.КОА-028 дар назди Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ бомуваффақият ҳимоя намуд.

Раёсати донишгоҳ дар тадқиқоти ояндаи илмии Олимова А.С. муваффақият орзу намуда, ба пояҳои боз ҳам баландтари илмӣ расидани ӯро хоҳон аст.

Раёсати донишгоҳ.

Leave a Comment