Имрӯз хонандагони Литсейи техникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ ба донишгоҳ ташриф оварданд. Хонандагонро ҳайати кормандони донишгоҳ бо роҳбарии муовини ректор оид ба таълим, муовини аввал Саъдуллозода Ш.С. пешвоз гирифта, масъулин онҳоро бо фаъолияти факултети энергетикӣ ва технологияҳои инноватсионӣ шинос карданд.

Баъдан, хонандагон дар осорхонаи донишгоҳ аз дастовардҳои он дар 65 соли фаъолияти босамар шиносоӣ пайдо карда, раванди баргузории корҳоро дар озмоишгоҳҳо ҷолиб арзёбӣ намуданд.

Мақсад аз баргузории чорабинии мазкур бедор намудани завқи омӯзиши касбҳои техникию муҳандисӣ дар дили хонандагони литсейи мазкур буд.

Боиси ёдоварист, ки соли гузашта аксарияти хатмкунандагони Литсейи техникӣ барои давом додани таҳсил дохил шуда, айни ҳол аз донишҷӯёни фаъол ва намунавии факултетҳои донишгоҳ мебошанд.

Шуъбаи иттилоот ва робита бо ҷомеа.

Шуъбаи кор бо ҷавонон.

Leave a Comment