Созандагиву ободкорӣ ва сабзу хуррам гардонидани муҳити атроф яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати бунёдкоронаи давлату Ҳукумати кишвар ба ҳисоб меравад. Ин аст, ки дар партави сиёсати созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва иқдомҳои наҷиби Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ солҳои охир пойтахти мамлакат – шаҳри Душанбе куллан симои худро дигар намуда, бо шинонидани дарахтони ҳамешасабз, гулу буттаҳои ороишӣ ва ниҳолҳои гуногуни сояафкан, ба ҳусни он таровати тоза зам намудааст.

Ҳамасола дар пойтахти кишвар шаҳри Душанбе дар мавсимҳои гуногун дарахтони зиёди сояафкану ҳамешасабз, гулу буттаҳои ороишӣ шинонида шуда, имрӯзҳо воқеан шаҳри Душанбе дар тамоми фаслхо ба «Шаҳри сабз» ва «Шаҳри гулҳо» табдил ёфтааст.

Аз ҷумла, иқдоми навбатии Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ оиди ба “Шаҳри сабз” мубаддал гардонидан пойтахти мамлакат, ки ба хотири вусъати корҳои ободонию бунёдкорӣ ва сабзу хуррам гардонидани Душанбешаҳр ва ба таври шоиста таҷлил намудани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидааст, аз ҷониби ҷавонони ДТТ ба номи академик М.С. Осимӣ низ ҳамовозӣ пайдо намуд.

Дар доираи ин иқдом бо ташкили маъракаи ниҳолшинонии дастаҷамъӣ аз ҷониби роҳбарият ва ҳайати устодону кормандон ва донишҷӯён дарахтони ҳамешасабзу мевадиҳанда ва гулу буттаҳои ороишӣ дар ҳудуди биноҳои ҳобгоҳҳои №2 ва №6 шинонида шуданд.

Воқеан шинонидани дарахт ва сабзу хуррам гардонидани атроф аз сунатҳои миллии ниёгони миллати тоҷик ба ҳисоб рафта, амали басо хайру савоб ба шумор меравад.

Ҷоиз ба таъкид аст, ки барои нигоҳубин ва парвариш ёфтани ҳар як ниҳоли шинонидашуда ҳайати устодону кормандон ва донишҷӯён вазифадор карда шуда, шахси масъул барои нашъунамо ёфтани он ҳисобида мешаванд.

Бешубҳа ин амали нек ба беҳтар гардидани вазъи экологӣ, санитариву гигиенӣ, муҳити зист, ташаккули боду ҳавои тоза ва солимгардонии аҳолӣ таъсири мусбат расонида, дар муаррифии пойтахти кишвар шаҳри Душанбе дар миқёси байналмилалӣ доир ба масъалаҳои экологӣ саҳми арзанда мегузорад.

Шуъбаи кор бо ҷавонон.

Шуъбаи иттилоо ва робита бо ҷомеа.

Leave a Comment