Соҳаи маориф дар сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати Ҷумҳури Тоҷикистон нақши калидӣ дошта, ҳамасола ҷиҳати рушди ин соҳа тадбирҳои зарурӣ амалӣ карда мешаванд. Дар муассисаҳои таълимии кишвар барои илмомӯзии насли наврас тамоми шароит муҳайё карда шудааст ва хонандагон бо истифода аз имкониятҳои мавҷуда имрӯз дар олимпиадаҳои дохиливу байналмиллалӣ иштироки фаъолона намуда, сазовори медалу ифтихорномаҳо гардида истодаанд, ки натиҷаи ғамхориҳои ҳукумати кишвар мебошад.

Тарбияи фарзанд муҳимтарин рисолаи волидайн ба ҳисоб рафта, аз нахустин рӯзҳои тавлиди инсон оғоз меёбад. Ташаккули шахсият кӯдак дар муҳити хонавода ва хешовандони наздик шурӯъ мешавад. Аз ин рӯ мебояд волидайн нисбат ба ояндаи кӯдакони худ бетарафӣ зоҳир накарда, бо омӯзгорон ҳамкории зич дошта бошанд.

Танҳо дар ин сурат метавон насли наврасро дар рӯҳияи худшиносию худогоҳӣ тарбия намуд ва ояндаи дурахшони Ватанро аз фаъолияти пурсамари онҳо интизор шуд.

Ҳарчанд таълиму тарбия бо ҳам тавъам бошанд ҳам, аз таълим дида тарбия душвортар аст ва беҳуда дар урфият намегӯянд, ки “Олим шудан осону одам шудан мушкил аст”. Албатта парастории кӯдакро пурра ба дӯши волидайн гузоштан ҳам хатост, аслан барои тарбияи насли наврас худи ҷомеа низ саҳмгузор бояд бошад.

Имрӯзҳо бо мақсади пешгирии ҷинояткорӣ дар байни наврасону ҷавонон ва дар амал татбиқ намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” бо иштироки шахсони масъул, хонандагон ва волидайн дар муассисаҳои таълимии пойтахт корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуда истодааст.

Воқеан таълиму тарбияи хуби фарзанд аз оила шурӯъ мегардад ва дар натиҷаи ҳамкории волидайн бо омӯзгорон сайқал меёбад. Равшан аст, ки савод, ақл ҷаҳонбинӣ омили азхудкунии ҳар гуна ҳунарҳост. Дар кори таълиму тарбия падару модар нақши меҳвариро мебозанд.

Падару модаронро мебояд, ки ҷиҳати таълиму тарбияи фарзандони худ беаҳамият набошанд, бо муассисаҳои таълимӣ ҳамкориро хуб ба роҳ монанд ва дар дарсҳои фарзандонашон иштирок карда, аз фаъолияти онҳо бохабар шаванд.

Даҳ нуқтаи муҳим дар тарбия:

  1. Ба ҳамроҳи кӯдаконатон бозӣ кунед. Ҳангоми бозӣ бо кӯдакон бигзоред, ки навъи бозиро онҳо интихоб кунанд. Дар риояи қонунҳои бозӣ ҳам зиёд сахтгирӣ накунед. Шумо ҳам баробари кӯдаконатон бо ҷараён пеш биравед ва лаззат бибаред.
  2. Ҳар рӯз бо ҳам китоб бихонед, китобхониро аз навзодии фарзандатон оғоз кунед. Бачаҳо муштоқи гӯш додан ба овози падару модари худ ҳастанд. Вақте ӯро дар оғӯш гирифта китоб мехонед, ин барои вай эҳсосоти хуберо ташаккул медиҳад ва ӯро барои як умр китоб хондан тарбият мекунад.
  3. Дар пеши чашми фарзандон бо ҳамсари худ муноқишаву низоъ накунед. Бо меҳрубонӣ ҳамсаратонро ҷеғ занед ва бо ӯ меҳрубон бошед. Оиладории шумо ягона намунаи ибрати фарзандонатон мебошад, беҳуда намегӯянд: “Падару модар чӣ гуна – фарзанд намуна”.
  4. Таърифу таҳсини худро нисбат ба рафтори кӯдакон ба сурати дақиқ баён кунед. Масалан, ба ҷойи он ки вожаи муқаррарии “Офарин”-ро ба кор баред, суҳбат карда, дақиқан барои кадом амалашон шоистаи таҳсини шумо шудаанд, таъкид кунед: “Офарин, ки сабр кардӣ, писарам ё духтарам”.
  5. Ба беэҳтиромии фарзандон қотеона аксуламал кунед, ҳаргиз ба фарзандонатон иҷозат надиҳед, бо шумо ё каси дигаре густохӣ ва ё аз калимоти дағал истифода намояд. Агар ӯ чунин шуд, қотеона ба ӯ ёдоварӣ кунед, ки ҳеҷ гуна беэҳтиромиро таҳаммул нахоҳед кард.
  6. Ба фарзандон шуҷоат омӯзед, худбоварӣ ва шуҷоатро ба фарзандон такмил диҳед. Ба онҳо биомӯзед, то ки ҳамеша ба ранги чашмони дигарон диққат кунанд. Ҳидояти таваҷҷуҳи фарзанд ба чашми дигарон боиси барқарории тамоси чашмӣ мешавад.
  7. Хислатҳои хубу бади инсониро фарқ карда тавонанд. Ба онҳо фаҳмонед, ки одами хуб кисту одами бад кист. Барои мисол, вақте ки қиссаи пеш аз хобро барояшон мехонед, аз кӯдаконатон бипурсед, ки дар ин қисса кадом шахсият меҳрубон асту кадоме бад ва чаро ӯ ин тавр мекунад.
  8. Аҳамияти арзишҳои инсониро ба кӯдакон ёд диҳед. Кӯдакон бояд бидонанд, ки арзиши инсонӣ чист ва чаро он муҳим аст. Ба онҳо ба содагӣ бифаҳмонед, ки вақте шумо одами меҳрубон, бахшанда, содиқу ростгуфтор ва боадабе ҳастед, афроди атрофатон нисбат ба шумо эҳсоси хубе хоҳанд дошт. Муҳимтар аз ҳама, ҳар кас дар бораи худаш эҳсоси хубе бояд дошта бошад.
  9. Ба кӯдакон ёд диҳед, ки муҳити зистро олуда накунанд, ба онҳо ёд диҳед, ки ба табиат, кӯчаву хиёбон ва дарахтону ҳайвонот зарар нарасонанд. Партовро ба кӯчаву ҷойҳои ҷамъиятӣ нарезанд, қоғаз, пластик, пасмонда ва монанди инро дар зарфҳои махсус бирезанд. Нисбат ба ҳайвонот ва гиёҳҳои атрофи худ меҳрубону дилсӯз бошанд. Ҳатто метавонед, партовҳои рехтаи ҷойҳои ҷамъиятиро бо кӯмаки фарзандонатон ҷамъ кунед.
  10. Аз корҳои хуби фарзандонатон хушҳолии худро ба онҳо нишон диҳед. Ин роҳи хуби тақвияти рафтори шоистаи фарзандонатон мегардад ва аз эҳтимол дур нест, ки онҳо ин гуна корҳои хубашонро давом медиҳанд ва боло мераванд.

Сурайё Раҳимова – омӯзгори кафедраи фанҳои ҷомеашиносӣ.

Leave a Comment