Раёсат, ташкилоти ҷамъиятии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ ва деканати факултети “Сохтмон ва меъморӣ” ассистенти кафедраи “Обтаъминкунӣ ва обихроҷӣ” МАРАМОВ Миргул Бердиевичро барои ҳимояи бомуваффақияти рисолаи номзадӣ самимона муборакбод мегӯяд.

Марамов М.Б. рисолаи худро дар мавзӯи «Дастгоҳ барои пешакӣ ва беангеза шаффофкунии обҳои тирагиашон баланд» барои дарёфти дараҷаи илмии номзади илмҳои техникӣ аз рӯйи ихтисоси 05.23.04. – Обрасонӣ, обу корез, системаҳои сохтмонии ҳифзи захираҳои об 16-уми феврали соли 2021 дар Шӯрои диссертатсионии 6D.КОА-016 дар назди Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ бомуваффақият ҳимоя намуд.

Раёсати донишгоҳ дар тадқиқоти ояндаи илмии Марамов М.Б. муваффақият орзу намуда, ба пояҳои боз ҳам баландтари илмӣ расидани ӯро хоҳон аст.

Раёсати донишгоҳ.

Leave a Comment