Устодон, афсарон ва донишҷӯёни гиромӣ!
Дар ин лаҳзаҳои фараҳбахш Шумо ва дар симои Шумо тамоми муҳофизони Ватани азизамонро аз номи раёсати донишгоҳ ба муносибати 28-солагии таъсисёбии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи Артиши миллӣ самимона муборакбод менамоям.
Имсол аз таъсисёбии Артиши миллии кишварамон бисту ҳашт сол сипарӣ мешавад ва дар ин муддати нисбатан кӯтоҳи таърихӣ ҷузъу томҳои он ба нерӯи қудратманди низомӣ, муҳофизи сулҳу субот ва фазои орому осудаи мамлакат табдил ёфта, ҳоло ба Ватан ва халқи худ содиқона хизмат карда истодаанд.
Артиши ҷавони мо, хусусан, дар солҳои душвору фоҷеабори ҷанги шаҳрвандӣ якҷо бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва дигар сохторҳои низомии мамлакат дар ҳифзи истиқлолияти давлатӣ, ҳимояи марзҳои Ватан, безарар гардонидани гурӯҳҳои террористиву экстремистӣ, дастаҳои мусаллаҳи ҷинояткорӣ ва хомӯш кардани ошӯбҳои хиёнаткорона бар зидди давлат ва ҷомеа саҳми сазовору ҷавонмардона гузошт.
Дар раванди муҳорибаҳо ва амалиёти ҷангӣ садҳо нафар афсарону сарбозони Қувваҳои Мусаллаҳ ҷасорату мардонагӣ нишон дода, ба хотири оромиву суботи Ватан ҷони худро қурбон карданд, ки мо садоқату корнамоӣ ва номи неки онҳоро ҳамеша ва хусусан, дар чунин рӯзҳои ҷашн гиромӣ медорем.
Ҳамчунин, бояд гуфт, ки Қувваҳои Мусаллаҳи мо дар натиҷаи тадбирҳои амаликардаи Ҳукумати кишвар ҳоло соҳиби инфрасохтори замонавӣ ва техникаву таҷҳизоти муосири ҳарбӣ мебошанд.
Таҳаввулоту ҳодисоти вақтҳои охир дар минтақаҳои алоҳидаи ҷаҳон баамаломада моро ҳушдор медиҳанд, ки барои ба талаботи замонаи ҳассосу ноором мутобиқ гардонидани сатҳи омодабошии ҷангии Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат тадбирҳои ҷиддӣ андешем, таълиму тарбияи мутахассисони баландихтисоси низомиро боз ҳам беҳтар ба роҳ монем. Зеро дар марҳалаи торафт вусъат пайдо кардани бархӯрди қудратҳои ҷаҳонӣ ҳимояи манфиатҳои милливу давлатӣ, ҳифзи суботу оромии ҷомеа, таҳкими ваҳдати миллӣ ва дар ин замина фароҳам овардани шароити мусоид барои торафт беҳтар гардонидани сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ вазифаи аввалиндараҷаи ҳамаи рукнҳои ҳокимияти давлатӣ, аз ҷумла ҳайати шахсии Қувваҳои Мусаллаҳ мебошад.
Аз ин рӯ, ҷавонони худогоҳу худшиноси моро зарур аст, ки дар пайравӣ аз сиёсати сулҳпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти таъмини амнияти давлату миллат, ободию созандагӣ ва пешрафту тараққиёти мамлакат саҳмгузор бошанд, зеро ободию созандагӣ ва ҳаёти осоишта бе амнияту сулҳу оромӣ ба даст намеояд.
Мардуми Тоҷикистон масъулияти ҳифзи манфиатҳои миллӣ, таҳкими минбаъдаи пояҳои давлатдорӣ, таъмини амнияту осоиши кишвар ва ободиву пешрафти мамлакатро ба зиммаи шумо вогузор намудаанд. Халқ дар симои хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳ фарзандони бонангу номус ва далеру шуҷои худро мебинад, ки ба савганди ҳарбӣ ва Ватани худ ҳамеша вафодор ҳастанд. Аз ин рӯ, бояд ҳар як низомӣ дар кору зиндагӣ шахси намуна ва дорои хислатҳои беҳтарини инсонӣ бошад.
Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо зимни суханрониҳояшон иброз доштаанд, ки сатҳи баланди касбӣ ва омодабошии ҷангии ҳайати шахсии Артиши миллӣ дар ҳар давру замон аз таълиму тарбияи хуби афсарону сарбозон, риояи талаботи ойинномаҳои ҳарбӣ ва интизоми қатъӣ, мунтазам такмил додани донишҳои сиёсиву низомӣ ва ҳисси милливу ватандӯстии хизматчиёни ҳарбӣ вобастагии амиқ дорад. Зеро ин омилҳо асоси пойдории сохторҳои низомӣ буда, ҷузъи муҳимтарини давлатдории миллӣ ва сипари боэътимоди Ватани азизамон мебошанд.
Хизмат кардан ба Ватан шарафи бузург ва дар айни замон вазифаи муқаддаси ҳар як ҷавони бонангу номус мебошад. Ҳар як хизматчии ҳарбӣ бояд хуб дарк намояд, ки ватандӯстӣ ин арзи садоқат ба Ватан – модар ва халқу давлати соҳибистиқлоли худ буда, дар пос доштани арзишҳои миллӣ ва аз тамоми манфиатҳо боло гузоштани манфиати давлату халқ зоҳир мегардад
Дар ин самт мо аз ҷавонон танҳо умеди онро дорем, ки бо таҳсили хубу аъло ва рафтори намунавиашон ба халқу Ватани азизи хеш содиқона хизмат намоянд, дар тамоми ҷабҳаҳои зиндагии кишвар нақши мусбию назарраси худро гузоранд, зеро ҳеҷ бегонае хонаи моро обод намекунад.
Артиши миллӣ дар ҳар давру замон кафили рӯзгори осоишта ва зиндагии бофароғати ҳар шаҳрванд аст. Бигзор дар кишварамон ҳамеша сулҳу ваҳдат танинандоз бошаду Артиши миллиамон чун кафили амнияту саодатмандии мардуми Ватани азизамон тавоною пурқувват бошад!
Бори дигар ҳамаи Шумо соҳибону ҳомиёни кишвар ва дар симои Шумо тамоми мардуми Тоҷикистонро ба муносибати Рӯзи Артиши миллӣ табрику таҳният гуфта, ба Шумо рӯзгори хушу осуда ва барори кору фаъолият, тани солиму пурқувват, дониши амиқу ақлу заковат ва дар ҳифзи марзу бум матонату садоқат орзу менамоям.
Бигзор осмони кишвари мо ҳамеша софу беғубор, хотири ҳамагон осудаву дастархони ҳар яки мову Шумо пурнозу неъмат бошад, сулҳу амонӣ дар Тоҷикистони азиз ҳамеша танинандоз боқӣ бимонад.
Сиҳатманду пирӯз ва хонаобод бошед!