Имрӯз дар толори маҷлисгоҳи асосии донишгоҳ бахшида ба 23-юми феврал – Рӯзи Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид.

Пас аз садо додани Суруди миллӣ ва ворид гардидани Парчами миллӣ ба толори маҷлисгоҳ Давлатзода Қ.Қ. – ректори ДТТ ба номи академик М.С. Осимӣ ҳамагонро бо ин рӯзи саид муборакбод намуд.

Пас аз он аз номи вазири мудофиаи ҷумҳурӣ – генерал-полковник Шералӣ Мирзо намояндагони Вазорати мудофиаи кишвар ба ректори донишгоҳ Давлатзода Қ.Қ. медали ҷашнии 25-солагии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон супориданд. Дар ин робита ба як қатор афсарон ва устодони кафедраи ҳарбии донишгоҳ низ медали ҷашнӣ ва раҳматномаи Вазорати мудофиа ва ифтихорномаҳои ректори донишгоҳ супорида шуданд.

Дар охир хотири иштирокдорон бо барномаи фарҳангии пур аз ифтихору ғурури миллӣ шод гардонида шуд.

Шуъбаи иттилоот ва робита бо ҷомеа.

Leave a Comment