23-феврал Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Бо фарорасии ин рӯзи муҳим ҳамаи ҳамдиёрон, дӯстону бародарон ва ҳамватанони гиромиқадрро табрику таҳният  менамоем.

Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон зодаи истиқлолият буда, дар шароити вазнин таъсис ёфтаанд. Бинобар ин мо бояд шукронаи истиклолият ва шукронаи ин хонаи обод намоему дар ободтар гаштани Ватани азизамон саҳми хешро гузорем.

Дар ин муддати нисбатан кӯтоҳи таърихӣ ҷузъу томи он ба неруи қудратманди низоми муҳофизи сулҳу субот ва фазои орому осудаи мамлакат табдил ёфта, ҳоло ба Ватан ва халқи худ содиқона хизмат мекунанд. Артиши ҷавони Тоҷикистон хусусан дар солҳои душвори фоҷиабори ҷанги шаҳрвандӣ якҷо бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва дигар сохторҳои низомии кишвар дар ҳифзи истиқлолияти давлатӣ, ҳимояи марзҳои Ватан, безарар гардонидани гурӯҳҳои террористиву экстремистӣ, дастаҳои мусаллаҳи ҷинояткори трансмиллӣ ва хомӯш кардани ошӯбҳои хиёнаткорона бар зидди давлат ва ҷомеа саҳми сазовору ҷавонмардона гузошт. Тайи 28-соли фаъолият Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон рӯзҳои сахту сангинро пушти сар карда, аз озмоишҳои шадиди ин солҳо гузаштанд ва имрӯз ба неруи қудратманд ёфта, барои ҳифзи боэътимоди марзу буми Ватани азиз собитқадамона рушду такомул меёбад.

Мо аскари сомонем,

Шерони хуросонем.

Ин хоки ниёгонро

Пайваста нигаҳ дорем.

Эй Ватан номи ту дунёи ман аст,

Қуллаҳоят сари болои ман аст.

Гар ба ҳифзат надиҳам ҷону танам,

Намакат заҳр шавад дар баданам.

Рӯзи Артиши Миллӣ на танҳо дар Тоҷикистон, балки дар чанд кишвари дигари пасошӯравӣ ҳам ҳаст. Тавре маълум, 23-юми февралро дар доираи Иттиҳоди давлатҳои мустақил ҳамчун рӯзи ташкилёбии Армияи Советӣ ё Армияи Сурх ҷашн мегирифтанд. Дар ин рӯз бори аввал бояд аз инқилоби Октябр дар наздикии Саритсинаи Руссия қувваҳои навташкили Артиши Сурх ба қисмҳои артиши сафед ё артиши ҷонибдори низоми шоҳигарии Руссия ёдовар шуд.

Аз таъсиси Артиши Миллӣ 28 сол пур мешавад. Қуввахои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон зодаи истиқлолият буда, дар шароити вазнин таъсис ёфтаанд. Баъди пош хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ кишварҳои навтаъсис, алалхусус давлатҳои мустақили Осиёи Марказӣ дар заминаи биною иншооти амнияти ҳарбидошта қувваҳои мусаллаҳи хешро бунёд намуданд. Ҳамзамон онҳо аз Артиши пурқудрати Шӯравӣ техникаи мухталифи ҷангӣ ва яроқу аслиҳаи гуногунро мерос гирифтанд.

Вазъи душвори ҳарбӣ-сиёсии он солҳо имкон надод, ки Тоҷикистон аз мероси Артиши Иттиҳоди Шӯравӣ бархӯрдор гардад. Дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон танҳо дивизияи тирандози 201-ум ҷойгир буд.

Мутаассифона, он замон дар ҷумҳурӣ ҷанги шаҳрвандӣ ҷараён дошт ва милликунонии он метавонист сабабгори васеъ ва тӯлонӣ гардидани ин муноқиша гардад. Раванди ҳодисаҳои баъдӣ исбот намуд, ки дар ихтиёри Россия мондани дивизияи 201-ум ягона роҳи ҳалли дуруст ва ҷавобгӯйи манфиатҳои миллии Тоҷикистон аст. Аз рӯзҳои аввали таъсиси Аритиши миллӣ афсарони мо баробари дар сангарҳо ҷангидан ба танзими сохтори ташкилию штатии худ машғул шуданд. Таҳкурсии моддӣ-техникӣ умуман вуҷуд надошт. Норасоӣ ба кадрҳои ҳарбӣ ва мутахассиони касбӣ дар ҳама ҷанбаҳо ҳис мешуд. Сарфи назар аз ин мушкилиҳо ҳайати шахсии Қувваҳои Мусаллаҳи ҷумҳурӣ дар солҳои душвори муқовимат роҳи пурпечутоберо тай намуда, таҷриба андӯхт ва ба яке аз Артишҳои касбии минтақа табдил ёфт. Бунёди Қувваҳои Мусаллаҳ кори осон набуд ва он давра ба давра сурат гирифт.

Мақсади асосии давраи аввали сохтмони Артиши миллӣ ташкили қувваҳои ҳарбӣ буд, ки қобилияти таъмини истиқлолият, якпорчагии хоки Ватан ва оромии ҳаёти осоиштаро дошта бошад. Ба ин мақсад бригада ва баталиёнҳои тирандоз таъсис ёфтанд, ки вазифаи асосии онҳо муқовимат бо қувваҳои зиддидавлатӣ ва муҳофизати сохти конститутсионӣ буд. Давраи дуюм иборат аз такмили сохтори ташкилию штатӣ буда, бо таъсиси намудҳои асосӣ, ба монанди қӯшунҳои хушкигард, қувваҳои наздисарҳадӣ ва ғайра таъсис дода шуд.

Дар Паёми навбатии имсола Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи уҳдадории ҳарбӣ” тартиби ба қайди ҳарбӣ  гирифтан, даъват ба хизмат ва самтҳои дигари онро муайян менамояд, гуфта гузаштанд. Инчунин хизмати ҳарбӣ дар ҳайати захираҳои даъвати сафарбарӣ пешбинӣ шудааст, ки мувофиқи он шаҳрвандони синни даъватӣ ба таври ихтиёрӣ бо гузаштани ҷамъомади якмоҳаи ҳарбӣ ва пардохти маблағи муайян, ки андозаи онро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд, аз хизмати ҳарбӣ озод карда мешаванд. Иловаҳои воридгардида ба қонунҳои мақомоти судӣ, прокуратура, гумрук, назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо корупсия ва Хадамоти иҷрои қабули шаҳрвандонро ба кор дар мақомоти номбурда пас аз адои хизмати ҳарбӣ пешбинӣ менамоянд.ЧИ

Муминов Ф.С. – сармутахассиси шуъбаи кор бо ҷавонон,

Саидов Б.Б. – ташкилотчии шуъбаи ташкилию тарбиявӣ,

Амонатова Ф.Қ. – мудири осорхона.

Leave a Comment