Дирӯз бо ибтикори Кумитаи иттифоқи касабаи устодон ва кормандони Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ саёҳати устодону кормандони донишгоҳ ба Сафеддара ташкил карда шуд.

Дар ин сафари фароғатӣ 48 нафар устодону кормандони донишгоҳ аз тамоми факултетҳо ва сохтори донишгоҳ ҷалб карда шуда, бо истироҳат дар мавзеи туристию фароғатии Сафеддара онҳо ҳавасманд гардонида шуданд.

Боиси зикр аст, ки қисми асосии хароҷоти ин сафар аз ҷониби Кумитаи иттифоқи касабаи устодон ва кормандон бароварда шуда, саёҳатчиён бо истифода аз тамоми имкониятҳои варзишию истироҳатии ин маҷмаа як рӯзи тамом фароғат намуданд. Инчунин ба коллективи саёҳатчиён хӯроки яквақтаи ройгони нисфирӯзӣ низ дода шуд.

Шуъбаи иттилоот ва робита бо ҷомеа.

Leave a Comment