Бо ибтикори Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон байни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзҳои 26-ум ва 27-уми ферали соли равон бахшида ба 23-юми феврал – Рӯзи Артиши миллӣ озмунҳои “Тирандозӣ”, “Футболи хурд” ва “Волейбол” доир карда шуд. Дар ин озмунҳо донишҷӯёни Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ низ иштирок намуданд. Дастаи кафедраи ҳарбии донишгоҳ аз рӯйи намуди “Тирандозӣ” сазовори ҷойи 3-юм ва дастаи кафедраи ҷисмонии донишгоҳ аз рӯйи намуди “Футболи хурд” сазовори ҷойи 3-юми ифтихорӣ гардиданд.

Ҷавонони донишгоҳ аз ин муваффақият рӯҳбаланд гардида, ният доранд, ки дар озмунҳои баъдинаи ташкилшаванда фаъолона иштирок намуда, сазовори ҷойҳои аввал низ хоҳанд гардид.

Шуъбаи иттилоот ва робита бо ҷомеа.

Leave a Comment