Имрӯз дар толори маҷлисгоҳи асосии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ мулоқоти сардори раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе генерал-лейтенанти милитсия Назарзода Шариф Раҳмон бо донишҷӯёни донишгоҳ баргузор гардид. Дар мулоқоти мазкур инчунин дигар намояндагони раёсати шаҳрии милитсия ширкат доштанд.
Мавзӯи мулоқот гаравиши ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои тундраву террористӣ, ҷинояткорӣ дар байни ноболиғону ҷавонон, фоҳишагарию мардумфиребӣ ва монанди ин амалҳои нангин буда, ҷавононро ба дур будан аз ин ҷиноятҳо, кумак баҳри пешгирии онҳо даъват менамуд.
Назарзода Ш.Р. бо овардани факту рақамҳои дақиқ сатҳи ҷинояткорию ҳуқуқвайронкуниҳоро равшану возеҳ ва бо таҳлилҳои амиқ ба иштирокдорон пешниҳод намуд.









Дар охири мулоқот ба як қатор донишҷӯёни фаъоле, ки дар фаъолияти ҳамарӯзаи соҳаи милитсия ёрии худро дареғ намедоранд, туҳфаҳои хотиравӣ супорида шуд.
Боиси қайд аст, ки мулоқоти мазкур дар қатори иштирокдорони маҷлисгоҳи асосӣ тариқи он-лайн дар ду синфхонаи лексионии калони донишгоҳ низ ба ҳозирин намоиш дода шуд.
Шуъбаи иттилоот ва робита бо ҷомеа.