Имрӯз тибқи нақшаи чорабиниҳои муштараки Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2021 дар ДТТ ба номи академик М.С. Осимӣ дарси сиёсӣ баргузор гардид.

Дар чорабинии мазкур сардори раёсати кор бо ҷавонони Дастгоҳи марказии Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон – Маҳмадуллозода Зубайдулло ва ҳайати меҳмонон аз шаҳрҳои Панҷакент ва Леваканд иштирок карда, бо мақсади беҳтар намудани тарбияи ватандӯстӣ, тарғиби идеологияи солим, тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи созандагию бунёдкорӣ, пешгирии омилҳои номатлуби иҷтимоӣ, аз ҷумла ҷинояткорӣ, терроризму экстремизм, шомилшавӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ, зӯроварӣ, худкушӣ ва сӯйиқасд ба ҷони худ, хариду фурӯши инсон, танфурӯшӣ, баланд бардоштани маърифати сиёсиву ҳуқуқии занону ҷавондухтарон бо устодону донишҷӯён суҳбати озоду хосса доир намуданд. Дар ин робита донишҷӯён низ фикру ақидаҳои худро баён доштанд.

Дар охир ба чор нафар донишҷӯдухтарони фаъоли донишгоҳ сипосномаҳои кумита супорнида шуд.

Шуъбаи иттилоот ва робита бо ҷомеа.

Шуъбаи кор бо ҷавонон.

Leave a Comment