Истиқлолият дар баробари дигар дастовардҳояш ба миллати мо имкон фароҳам овард, то ҷашну маъракаҳои миллии хешро эҳё созем ва ба ҷаҳониён рӯшан намоем, ки мо миллати соҳибтамаддун ва қадимӣ ҳастем…
Бубинед, магар даврони Шӯравӣ миллати мо Наврӯзи оламафрӯзро бо чунин шукуҳу шаҳомат таҷлил мекард? Ва ё ҷашнҳои сирф милливу қадимии мо – Меҳргон ва Садаро то соҳибистиқлолӣ иҷоза буд, ки гузаронем?… Аз ин рӯ, имрӯз метавон бо сарбаландӣ иброз дошт, ки бузургтарин ва муқаддастарин ҷашни миллии мо Истиқлолияти давлатии ҷумҳурии азизи мост. Маҳз истиқлолият имкон медиҳад, ки мо дар ҳама ҷода бо дили пур қадам ниҳем ва ба ормонҳои миллии хеш комёб гардем. Ана маҳз имрӯз ҳамин Рӯзи 8-уми мартро, ки то соҳибистиқлолӣ чун Иди занон ҷашн мегирифтем, имрӯз ҳамчун санади эҳтиром ба ҳамон ҷашнвораи миллии ниёгони шарафмандамон – «Рӯзи Модар» эълон намуданд. Ин аз он шаҳодат медиҳад, ки дар низоми сиёсати давлати соҳибистиқлоли мо беҳтарин анъана ва суннатҳои фарҳанги қадимаи миллии мо мавриди татбиқ қарор гирифта, мақоми бонувон бар асоси ситоишномаҳои донишварону соҳибназарон дар ҷойгоҳи хоссае қарор гирифтааст.
Рисолати аслии зани тоҷик сабурии ӯст. Зан – Модари тоҷик заҳматкашу меҳнатқарин буду ҳаст ва мемонад. Модар барои ҳар як шахс азизу муқаддастар аз ҳама мавҷудоти рӯйи олам аст. Модарон арзандаи ҳама гуна эҳтирому дӯстдорианд. Зеро меҳрубонтарин инсонҳои рӯйи оламанд ва фарзандро дар ҳама ҳолат дастгиранду дилсӯзу бахшанда.
Модар калимае мебошад, ки ҳамагӣ аз панҷ ҳарф таркиб ёфтааст. Вале дар мазмуну муҳтавои он як ҷаҳон маънӣ, шукуҳу шаҳомат нуҳуфта аст, ки дар тасвирашон садҳо достону ғазалу таронаҳо эҷод шудаанд. Ин мафҳум барои ҳар як инсон ончунон азизу муқаддас аст, ки барои ҳифзи ҷону нангу номусаш фарзандони арзанда ҷони худро дареғ намедоранд!
Бузургии Зан – Модар пеш аз ҳама дар он таҷассум меёбад, ки ӯ чароғи хонадон, идомадиҳандаи насл, тарбиякунанда ва ба камолрасонандаи фарзанд, инчунин нигоҳдорандаи забон, таърих ва фарҳанги миллӣ мебошад.

Сад ҷону дил фидои як муддаои Модар,

Фатҳу кушоиш орад дасти дуои Модар.

Модар барои ҳар инсон азизтарин кас аст ва бесабаб нест, ки муқаддастарин мафҳум, яъне Ватанро бо мафҳуми Модар баробар ва ҳамрадиф донистаанд. Ин ду мафҳум барои ҳар як инсони соҳибаслу соҳибватан арзишу манзалати якхела доранд. Агар тамоми неъмати дунё аз байн биравад, ба шарте ки зан дар саҳнаи ҳаёт вуҷуд дошта бошад, зиндагӣ боз ҳам қобили таҳаммул аст. Зан барои башарият аз олитарин неъматҳои Худост, ӯ шабу рӯз нигаҳбони ҳаёту созандаи шахсият аст.

Зан беҳтарин муъҷизаи Парвардигор аст. Худованд ба зан зебоӣ, иффат, дилрабоӣ, шуҷоат, садоқату ҳунармандӣ, меҳру муҳаббат, наслофарӣ ва фариштахӯиро эҳдо кардааст. Ва ба ҳамин маънӣ Сарвари кишварамон, Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вохӯрӣ бо занони фаъоли Тоҷикистон иброз дошта буданд: «Ҷомеае, ки ба Зан – Модар ғамхорӣ менамояд, ба ояндаи худаш ғамхорӣ мекунад. Давлате, ки нисбат ба Модар ин сарчашмаи ҳаёт ва бақои насли инсон бепарво бошад, ояндаи худро аз даст медиҳад»…

Имрӯз боиси хушнудист, ки занони босаводу лаёқатманди тоҷик дар тамоми соҳоти ҳаёти ҷомеа фаъолона кору хизмат мекунанд. Албатта чӣ қадаре ки занон бодонишу бомаърифат бошанд, ҳамон қадар ҷомеа бофарҳанг ва фарзандонамон ботарбияву хушахлоқ мегарданд.

Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон низ ҳамчун донандаи хуби таърихи миллати хеш ба матонати зани тоҷик баҳогузорӣ намудааст: «Симои зани зебопарасту озоданажод, диловару мубориз, бонангу номус, далеру шуҷоъ, ватандӯсту ватанпараст, озодихоҳу адолатпарвар ва кадбонуву ҳунарманди тоҷик ҳанӯз се ҳазор сол қабл дар матнҳои суғдиву паҳлавӣ ба таври барҷаста тасвир ёфтааст».

Мегӯянд, ки зан беҳтарин ва охирин тӯҳфаи осмонист. Маҳз ҳамин зан буд, ки дар ҳар як хонадон нуру сафо, аҳду вафо, хайру сахо, меҳру муҳаббат, дӯстиву садоқат ва бахту саодат тантана намуд. Ҳаёт бо зан ширину гуворо ва дунё рангину пурҷилост. Қаҳрамони Тоҷикистон, шоири халқии Тоҷикистон, устод Мирзо Турсунзода фармудаанд:

Зан агар оташ намешуд, хом мемондем мо,

Норасида бодае дар ҷом мемондем мо

Занро ба оташ ташбеҳ додани бузургон беҳуда нест, чунки бе оташ ҳарорату гармӣ ва нуру равшанӣ аслан вуҷуд надоранд. Маҳз ҳамин оташ аст, ки бо сӯзиши хеш қалбҳоро мунаввар месозад.

Имрӯз Зан – Модари тоҷик хушбахт аст, ки дар чунин давлати шукуфову орому осуда ва соҳибистиқлол кору зиндагӣ дорад ва бовараш ба фардои дурахшонтари Ватан нек аст…

Шарипов Наҷибулло Неъматуллоевич – ассистенти кафедраи забонҳои

ДТТ ба номи академик М.С. Осимӣ.

Leave a Comment