Имрӯз дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ Рӯзи Модар бо шукуҳу шаҳомати хос таҳти унвони “Зиндагӣ аз модар сарчашма мегирад” баргузор гардид.
Дар чорабинии мазкур чор нафар омӯзгорони хориҷии Литсейи техникии донишгоҳ – Кабанова С.Ю. – муаллимаи фанҳои забон ва адабиёти рус, Гатина С.Ф. – муаллимаи фанҳои математикаю физика, Дворецкая О.И. – муаллимаи фанни биология ва Шахова О.Б. – муаллимаи фанни химия, ки дар доираи Лоиҳаи гуманитарии “Омӯзгори рус дар хориҷа” доир ба таъмини кори педагогҳои рус дар мактабҳои хориҷии Вазорати илм ва маорифи Федератсияи Россия ба Тоҷикистон ташриф овардаанд, ширкат доштанд.



Нахуст Давлатзода Қ.Қ. – ректори донишгоҳ иштирокдоронро бо Рӯзи Модар табрик гуфта, нақши Зан-Модарро дар ташаккули ҷомеа, саҳми занон ва бонувонро дар ҳаёти ҷамъиятии кишвар олӣ арзёбӣ намуд.
Баъдан фармоиши ректори донишгоҳ доир ба қадрдонии занону бонувони донишгоҳ бо ифтихорномаву сипосномаҳо аз ҷониби муовини ректор оид ба тарбия Ашурзода А.Н. қироат гардид.
Барномаи фарҳангии аз ҷониби дастаи “Муҳандиси ҷавон” омодашуда хотири иштирокдоронро шод гардонид. Инчунин дар ин барномаи фарҳангӣ ҳунарпешаҳои варзидаи ҷумҳурӣ – Хушбахт Ҳакимов, Шуҳрат Сайнаков, Фурқат Саид ва Қобилҷон Зарипов иштирок намуда, табъи бонувони азизи Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимиро бо армуғони идонаи худ болида намуданд.
Шуъбаи иттилоот ва робита бо ҷомеа.