5-уми марти соли равон Давлатзода Қудрат Қамбар – ректори Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ бо чор нафар омӯзгорони хориҷии Литсейи техникии донишгоҳ – Кабанова С.Ю. – муаллимаи фанҳои забон ва адабиёти рус, Гатина С.Ф. – муаллимаи фанҳои математикаю физика, Дворецкая О.И. – муаллимаи фанни биология ва Шахова О.Б. – муаллимаи фанни химия мулоқот анҷом дод. Ин мулоқот бахшида ба 8-уми март – Рӯзи Модар сурат гирифта, Давлатзода Қ.Қ. дар рафти он аз фаъолияти омӯзгорон дар литсей, зисту зиндагӣ дар Тоҷикистон ва фикру ақидаҳои онҳо доир ба раванди дарсии хонандагон пурсон шуд.

Омӯзгорони номбурда дар доираи Лоиҳаи гуманитарии “Омӯзгори рус дар хориҷа” доир ба таъмини кори педагогҳои рус дар мактабҳои хориҷии Вазорати илм ва маорифи Федератсияи Россия ба Тоҷикистон ташриф оварда, мувофиқи шартномаи солона фаъолият менамоянд. Фаъолияти онҳо дар мактабу литсейҳо ҳамчун омӯзгорони аз фанҳои гуногун бо забони русӣ дарсдиҳанда барои ҳифзи забони русӣ ба роҳ монда шудааст.

Дар охири мулоқот Давлатзода Қ.Қ. омӯзгоронро бо фарорасии 8-уми март – Рӯзи Модар бори дигар таҳният гуфта, аз ҷониби коллективи устодону кормандон ва донишҷӯёни ДТТ ба номи академик М.С. Осимӣ ба онҳо миннатдорӣ баён намуд.

Шуъбаи иттилоот ва робита бо ҷомеа.

Leave a Comment