Рӯшноие, ки оламро равшан месозад, аз Офтоб аст. Аммо рӯшноие, ки боиси пайдоиши инсон ва равшаноии қалбаш мегардад, аз модар аст. Рӯшноии Офтоб аз такопӯйи дохилиаш аст. Рӯшноии модар аз таровиши меҳри беканори ӯст.

Пас, зиҳӣ модар!!!

Аввалин такягоҳе, ки тифл нахуст ба он такя карда, роҳгардиро меомӯзад, домони модар аст. Ҳамаи дигар василаҳои ёрирасони ҳаракат сахту ногуворанд. Домони модар бо баробари такягоҳи ҳаракати тифл будан, бӯйи модарро низ дорад, ки бас гуворост.

Пас, зиҳӣ модар!!!

Дар олам гулҳои рангоранги хушбӯй ниҳояд зиёданд. Аммо бӯйи модар беҳамтову волотарину гуворотарин аст. Накҳати ҷонофарини бӯйи модар аз тифлӣ дар машоми мост.

Пас, зиҳӣ модар!!!

Обҳои рӯдҳову кӯлҳои олам софу ширину беандозаанд. Аммо ҳамаи онҳо баҳои як қатраи шири модарро надоранд.

Пас, зиҳӣ модар!!!

Рӯйи олам инсонҳои наҷибу фидокор басе зиёданд. Аммо ҳеҷ фидокорие ба бедорхобии якшабаи модар сари гаҳвораи тифл баробар шуда наметавонад.

Пас, зиҳӣ модар!!!

Рӯйи олам сарватхоҳон ва сарватмандон бешуморанд. Аммо сарвате қимматтар аз лабханди модар нест.

Пас, зиҳӣ модар!!!

Рӯйи олам қаҳрамон ва наҷотбахшон басе зиёданд. Аммо ҳеҷ кадоми онҳо мисли модаре, ки пайи амнияти фарзандаш мекӯшад, ҷаҳд надоранд.

Пас, зиҳӣ модар!!!

Сурудҳои офаридаи эҷодкорони олам бешумор ва пурмуҳтавоанд. Аммо аллаи модар аз ҳамаи онҳо гуворотар аст.

Пас, зиҳӣ модар!!!

Рӯйи олам миллату халқиятҳо ва забонҳои зиёде мавҷуданд. Аммо забони муошират бо модар якто – забони модарист, ки волотарин нишон аз модар аст.

Пас, зиҳӣ модар!!!

Партобов Алишер Шарофатуллоевич – лаборанти калони кафедраи “Технология коркарди нахҳои табиӣ”.

Leave a Comment