Ба номи Худои чаҳонофарин,

Ҳакими сухан дар забон офарин.

Ривоят мекунанд, ки Худованд накҳат аз гул, нӯш аз ангубин, гармӣ аз офтоб, тароват аз борон, шукӯҳ аз осмон, борондагӣ аз абр, равшанӣ аз субҳ, зебоӣ аз баҳору хушилҳонӣ аз андалебро қатра -қатра ҷамъ оварду занро офарид, то ҷаҳонро равшану инсониятро хушбахт гардонад.

Дар ин бора гуфтаҳои ҳазрати Муҳаммад (с) – ро ба ёд овардан ба маврид аст, ки гуфтаанд:

“Ҳамаи ашёи олам зебост, аммо Модар аз ҳама мавҷудоти дунё авлотар, зеботар” аст. Бузургӣ ва абадияти модар дар офаранда будани ӯст. Ӯ ба амри  Худованд инсонро  ба олами ҳастӣ меорад. Вуҷуди ҳар яки мо ба модар пайванд аст.

Дар ин бора гуфтаанд:

Обруи аҳли дин аз хоки пои Модар аст,

Ҳарчи доранд ин ҷамоат аз дуои Модар аст.
Ончи дар васфи биҳишт фармуд Куръони Карим,
Соҳиби Куръон бигуфто зери пои Модар аст.

Модар чи сухани ширину гуворо ва гарму дилчаспест, ки аз тифли гаҳвора то пири барҷомонда мегӯянду дар васфаш суруд мехонанд, ӯро ғамгусору шодии рӯзгор, қуввату мадор, азизу меҳрубон, фурӯғи дидагон, сафои шамъу чароғи хонадон аз ҳама кас накӯ, хубрӯ, чашмаи орзу ва боиси обрӯй, гиромитар аз ҷон, байти тарона ва боғу баҳори фарзандон меҳисобиданд.

Модар! – чун ин калимаро ба забон мегирем чӣ эҳсосоте дар вуҷуди кас пайдо мешавад. Модар! Зимни ин панҷ ҳарф чи қадар меҳру муҳаббат, хушгуфторию хушрафторӣ, бузургиву муҷассамаи хоксори ниҳон аст. Ҳарфи М-меҳр, О-орзу, Д-дунё, А-алла, Р-рух-рузгор!  Вақте ки симои у пеши назар меояд, аз чашмони ӯ, аз тамоми ҳастии вай нур меборад. Ин нурҳо ояндаи ҳаётамонро равшан месозад. Зан-модар офарандаи ҳаёту мамот буда, аз ҳама кимматтарину азизтарин шахс дар олами ҳастӣ мебошад. Меҳри беҳамтои модар ба мисли хуршеди олам аст, ки ба тамоми олам саховатмандона нур мепошад, ишқи поки модар ба мисоли чашмаҳои пурчушест, ки дашту биёбонро гулистон мекунад.

Зан модари ман, модари ту, модари ом аст,

Зан шарбати ҳар маъракаву косаи ҷом аст.

Бе зан чӣ бувад зиндагиву зист дар олам,

Зан ҳусни замин, ҳусни само, ҳусни замон аст.

Модар дар ҳар гуна шароит дар гармову сармо, хушксолию қаҳтӣ, қашоқию гуруснагӣ, ҷангу нооромӣ аз сари гаҳвора дур нарафта, шаб мижа таҳ накарда тифлашро мехобонаду алла мегуяд ва ӯро ба воя мерасонад. Модар бо як даст гаҳвора ва бо дасти дигар дунёро такон медиҳад.

 

Дили модар чу дарёи равон аст,

Ҷаҳони меҳри модар бекарон аст.

Сано бодо Муҳаммадро, ки гуфтаст,

“Биҳишт зери қудуми модарон аст”.

Ҳеҷ гоҳ дар зиндагӣ наметавонем, муҳаббати беҳтар ва воқеитар аз муҳаббати модар биёбем. Модар меҳрубон! Ҳар вақт дафтари умри худро бо ангуштҳои хотирот варақ мезанам ва дуртар меравам, исми туро бештар мебинам ва ҳатто ҷое мерасам , ки ғайр аз номи ту калимаи муқаддастар вуҷуд надорад.

Модар, модар! Шири сафедам додӣ,

Дунё ба умед асту умедам додӣ.

То бар сари ман чӣ ояд аз бешу камӣ,

Ту дар сари гаҳвора навидам додӣ.

Ҳеҷ кас ва ҳеҷ чиз инсонро дар лобалои ҳама тазодҳои зиндагӣ ба фазлу муҳаббат мисли модар ҳодият карда наметавонад.

Сад ҷону дил фидои як муддаои модар
Фатҳу кушоиш орад дасти дуои модар.

Модар ноёбтарин неъмати дунё, сарманшаи муҳаббати беканор ва азизтарин шахсияти башар аст. Меҳри бепоён ва навозишҳои гарми ӯ фонуси хаёли мост. Канори модар дабистони кудакии инсон аст. Шояд ҳамин бошад, ки абармандони олам, шоҳон, шоирон ва олимони машҳури сайёра назди хидмати модар сари таъзим фуруд овардаанд.

 Шоири тавонои миллат Лоиқ Шералӣ дар радифи ҳикмати аркони сухан модарро ба Заамин офаридаи табиат монанд карда, бо як илҳоми шоирона гуфтааст:

Ту монанди Заамин танҳоӣ модар,
Ту монанди Заамин яктоӣ модар.

Пайдост, ки орифону фозилон, косибону олимон парвардаи боғи муаттари дунёи ҳавасҳои модаранд. Аз ин рӯ, донистани қадру манзалати модар вазифаи муқаддаси мост.

Устод Лоиқ тамоми ҳастии худ, нуфузу эътибор ва шукофоии гулҳои боғи ашъорашро ба мавҷудияти модар нисбат дода, пеши ин ганҷи бебаҳо таъзим мекунад:

Аз сатвату зи шӯхрат гар ба фалак занам сар,
Таъзим мекунам боз ба пеши пои модар.

 Ва ба ҳамин маънӣ Сарвари кишварамон, Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вохӯрӣ бо занони фаъоли Тоҷикистон иброз дошта буданд: «Ҷомеае, ки ба зан модар ғамхорӣ менамояд, ба ояндаи худаш ғамхорӣ мекунад. Давлате, ки нисбат ба модар ин сарчашмаи ҳаёт ва бақои насли инсон бепарво бошад, ояндаи худро аз даст медиҳад». Дар ҳақиқат худшиносӣ, маърифати баланд, меҳнатдӯстӣ, фарҳанги оиладорӣ ва дурандешиву озодманишии зани тоҷик — ин аст калиди бахту саодат ва роҳ ба сӯи комёбиҳо.

Донистани қадру қимати зан-модар ва бузургдошти рисолати ӯ қарзи ҳар фарди баору номус аст. Аз нақши бузурги зан дар саҳнаи зиндагӣ на танҳо адибону шоирону файласуфон ёд кардаанд, балки онҳое, ки саҳнаи набардҳои азимеро тарҳрезӣ мекарданду барои кишваркушоӣ кӯшиш мекарданд, саранҷом аз бузургии зан-модар ёд карда, пеши азамати ӯ сари таъзим фуруд овардаанд.

Меҳрубоне дар ҷаҳон дорам, ки номаш модар аст,

Қаҳрамоне дар ҷаҳон дорам, ки номаш модар аст.

Сад ҳазорон нуқта дар васфат агар гӯям кам аст,

Достоне дар ҷаҳон дорам, ки номаш модар аст.

Дар арафаи фарорасии Иди бонувон- модарон тамоми занони хурду бузургро табрик ва муборакбод мегуям:

Дунё пур аз фасона, дилҳо пур аз тарона,

Фасли фасонаи ишқ эй модарон муборак.

 

Ассистенти кафедраи

фанҳои ҷомеашиносӣ

Айдаралиева Мунира

Leave a Comment