Аз соли 1975 Созмони Милали Муттаҳид аз сабаби Соли байналхалқии Занон буданаш, 8-уми мартро чун Рӯзи байналхалқии занон эълон намуд. Дар Тоҷикистон ва дигар мамлакатҳои собиқ ИҶШС анъана шудааст, ки дар ин рӯз занон аз мардон таваҷҷуҳ, гул ва туҳфаҳо интизоранд. Дар оилаҳои шаҳрвандон ба модарону занон туҳфаҳо супорида мешаванд. Рӯзи 8-уми мартро ҳамчун санади эҳтиром ба ҳамон ҷашнвораи миллии ниёгони шарафманди мо «Рӯзи Модар» эълон намуданд. Тадбири мазкур аз сӯйи дигар бар он ишорат мекунад, ки дар низоми сиёсати давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон низ беҳтарин анъана ва суннатҳои фарҳанги қадимаи миллии мо мавриди татбиқ қарор гирифта, мақоми бонувон бар асоси ситоишномаҳои донишварону соҳибназарон дар ҷойгоҳи хосае қарор гирифтааст.
Мардуми шарифи Тоҷикистони соҳибистиқлол санаи 8-уми мартро ҳамчун Рӯзи модар ва рамзи сипоси бепоён ба мақому мартабаи Зан – Модар таҷлил мекунад. Аз ин лиҳоз, Рӯзи модар эълон гардидани ин сана дар кишвари мо ҳаргиз амри тасодуфӣ нест, балки иқдомест, ки ба суннату анъанаҳои неки миллати куҳанбунёди мо такя мекунад. Ҳама эъҷозу парвоз, ҳама эҷоду бунёд ва ҳама мардонагиву қаҳрамонӣ натиҷа ва самараи заҳмати шабонарӯзии модар аст. Яъне дунё дар домони биҳиштии модар парвариш меёбад ва аз ин рӯ, башарият ҳамеша аз ӯ сипосгузор мебошад. Хираду наҷобат ва бузургии модар дар адабу фарҳанги халқу миллатҳои мухталифи ҷаҳон ҳамчун олиҳаи покиву садоқат, мураббии ғамхору меҳрубон ва ҳидоятгари некиву накӯкорӣ бо меҳру муҳаббат арҷгузорӣ ва ситоиш ёфтааст.
Бузургдошти модар ва эҳтирому қадрдонии заҳматҳои ӯ қарзи ҳар як инсони бонангу бономус аст. Мо дар сурате ба пирӯзиву комёбиҳо ноил мегардем, ки агар дуои неки модарро гирем, ба қадри ранҷу заҳмат, шири сафеди ҷонбахш ва дилсӯзиву ғамхории ӯ расем.
Таърихи ҷашнгирии Иди занон бо номи Клара Сеткина алоқаманд буда, гурӯҳи инқилобии худро, ки аз занон иборат буд, барои мубориза бар зидди истисморгарон ташкил карда буд. Агар ободиву суботи ҷомеа аз осоишу оромии ҳар як оила вобаста бошад, дар навбати худ ободии ҳар як хонадон аз рӯҳияи солиму созанда, сатҳи маънавиёту маърифатнокӣ ва тандурустии Зан – Модар вобаста аст. Зани тоҷик, ки намунаи олитарини Зан – Модар аст, дар доираи мо дар солорӣ аз аввал то имрӯз боқӣ мондааст.
Рисолати аслии зани тоҷик сабурии ӯст. Зан – Модари тоҷик заҳматкашу меҳнатқарин буду ҳаст ва мемонад. Имрӯзҳо модари тоҷик дар тамоми самтҳои идоракунии давлатӣ кору фаъолият мекунанд. Ин аз он башорат медиҳад, ки тавваҷуҳи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Президенти муаззами мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба модарону бонувони ҷумҳурӣ мебошад.
Дар Паёми имсолаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ин тоифаи инсоният суханҳои бузург гуфта шуд. Яъне имрӯзҳо дар ҷумҳурии мо зиёда аз 35 ҳазор нафар Зан – Модар дар вазифаҳои роҳбарикунанда ва зиёда аз 70 ҳазор нафар дар равияи соҳибкорӣ ва тиҷорат кору фаъолият доранд.
Модар барои ҳар як шахс азизу муқаддастар аз ҳама мавҷудоти рӯйи олам аст. Ҳар чӣ ки дар рӯйи Замин дорем, ҳатто ҷони азизи худро лозим шавад, тайёрем барояш фидо созем.
Модарон арзандаи ҳама гуна эҳтирому дӯстдорианд. Зеро меҳрубонтарин инсонҳои рӯйи оламанд ва фарзандро дар ҳама ҳолат дастгиранду дилсӯзу бахшанда. Навозиши дастони модар барои фарзанд беҳтарин истироҳат аст, новобаста ба синну сол.
Модар калимае мебошад, ки ҳамагӣ аз панҷ ҳарф таркиб ёфтааст. Вале дар мазмуну муҳтавои он як ҷаҳон маънӣ, шукӯҳу шаҳомат нуҳуфта аст, ки дар тасвирашон садҳо достону романҳо офарида ва ғазалу таронаҳо сароида шуданд. Ин мафҳум барои ҳар як инсон он чунон азизу муқаддас аст, ки барои ҳифзи ҷону нангу номусаш фарзандони арзанда ҷони худро дареғ намедоранд!
Бузургии Зан – Модар пеш аз ҳама дар он таҷассум меёбад, ки ӯ чароғи хонадон, идомадиҳандаи насл, тарбиякунанда ва ба камолрасонандаи фарзанд, инчунин нигоҳдорандаи забон, таърих ва фарҳанги миллӣ мебошад.
Муминов Ф.С. – сармутахассиси шуъбаи кор бо ҷавонон,
Саидов Б.Б. – ташкилотчии шуъбаи ташкилию тарбиявӣ,
Амонатова Ф.Қ. – мудири осорхона.