Нимаи аввали имрӯз Давлатзода Қ.Қ. – ректори ДТТ ба номи академик М.С. Осимӣ бонувони собиқадори донишгоҳро дар вазъияти тантанавӣ ва суҳбати озоду самимӣ бо фарорасии 8-уми март – Рӯзи Модар табрику таҳният намуд.
Ин мулоқот ҳамчун вохӯрии самимонаи бонувон бо роҳбари донишгоҳ дар фазои озоду самимӣ доир гардида, қадрдонии ин модарони меҳнаткаши донишгоҳро таҷассум намуд.
Баъдан ҳамин гуна мулоқоти самимӣ бо бонувоне, ки дар шуъбаҳои гуногуни донишгоҳ кору фаъолият менамоянд, баргузор карда шуд.
Пас аз итмоми ин чорабиниҳо дар симои бонувон хушҳолӣ, ризоият, қаноатмандӣ ва ифтихор аз донишгоҳу фазои орому осоиштаи кишвар ҳувайдо буд.
Шуъбаи иттилоот ва робита бо ҷомеа.