Дар фарҳанги оиладории миллати тоҷик тарбияи фарзандон ва хушбахт будани онҳо меҳвари асосии оила ҳисобида мешавад ва масъулияти аввалиндараҷаи волидайн дурусту баркамол ба воя расонидани фарзандон мебошад. Барои хушбахтии фарзандон заҳмати волидон дар ҷойи аввал меистад. Оилаи солим дар ҳолате ба ҷамъият нафъи худро расонида метавонад, ки ҳар як узви оила бо фикру андешаҳои солими худ ба воя расида, дар ҳар қадам барои пешрафти оила ва ҷомеа саҳмгузор бошанд. Яке аз сарчашмаҳои асосии бадбахтӣ дар оила ин зулм аст, хушунат аст, ки яке аз ҳамсарон бар дигаре раво мебинад. Хушунат дар оила ҳуқуқвайронкунии ҷиддие мебошад, ки муқаррароти Кодекси ҶТ дар бораи ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурӣ ва Кодекси ҷиноятии ҶТ барои он ҷазо пешбинӣ кардааст. Масъалаи «Зӯроварӣ дар оила» яке аз масъалаҳое мебошад, ки имрӯз таҳти муҳофизат ва дастгирии Хукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад. Дар ин самт Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила» 19-уми марти соли 2013 таҳти №954 ба тасвиб расид, ки мақсади қонуни мазкур муносибатҳои ҷамъиятиро вобаста ба пешгирии зӯроварӣ дар оила танзим намуда, вазифаҳои субъектҳои пешгирикунандаи зӯроварӣ дар оиларо доир ба ошкор, пешгирӣ ва бартарафсозии сабаб ва шароитҳои ба он мусоидаткунанда муайян менамояд.
Хушунат зулми мудовим аст, ки пайваста инсонро зери панҷаи бераҳмонаи худ гирифта, яке аз болои дигаре онро амалӣ месозад. Дар оилае, ки зулму хушунат аст, дар он ҷо аз хушбахтӣ асар намемонад. Бадбахтиаш дар он аст, ки агар зулм ба як нафар дода шавад, ранҷи ӯро аъзои тамоми оила мекашанд. Мисол, агар шавҳар зани худро зери мушту лагад қарор диҳад, ин ҳолат сабабгори бадбахтии фарзандон мегардад. Аз ин озор ҳатто тамоми хешу табори мазлум низ азоби рӯҳӣ мекашанд. Яъне озори яке аз аъзои оила боиси зулму азоби як оилаи калон мегардад. Тибқи маълумоти илми равоншиносӣ дар зиндагонӣ ҳар як рафтору кирдоре, ки дар оила рух медиҳад, дар асаби кӯдак ҳамчун навори кино сабт мешавад, агар мо дар ин самт бо якдигар ғамхору мушфиқ набошем, ахлоқи хубу рафтори шоистаро анҷом надиҳем, ба ҳолатҳои ногувор дучор мегардем ва аллакай дар мафкураи кӯдаки мо лаҳзаҳои нохуш сабт мегарданд, ки дар оянда ба зиндагонии кӯдак заминаи хуб гузошта наметавонад. Хушунат метавонад сарчашмаи бефарҳангӣ, дағалӣ, беэҳтиромӣ бошад. Мутаассифона, дар ҳаёти имрӯза ба баъзе мардоне вомехӯрем, ки занро на ҳамчун як узви оила ё тарбиятгар шинохта метавонанд, яъне аз рӯйи бесаводӣ бошад ё бефаҳмӣ, ки худро соҳиби нафари дигар пиндошта, гумон мекунад, ки дар ҳама ҳолат ӯ ҳақ дорад, мехоҳад мезанад, беэҳтиромӣ менамояд ва ғайраву ҳоказо…
Мутассифона, чунин одамон ҳатто дониши ҳуқуқӣ надоранд, ки бифаҳманд, инсонҳо ҳама ҳуқуқи баробар доранд. Ва ин тоифаҳо фаромӯш сохтаанд, ки онҳо ҳуқуқи зиндагии каси дигарро пурра дар ихтиёри худ гирифтаанд. Мутобиқи маълумот на никоҳи мусулмонӣ ва ва на никоҳи расмӣ як нафарро мутеи каси дигар намегардонад. Балки никоҳ пайванди ду нафар аст, ки ба ҳукми қонун медарояд, ба хотири ҳамзистии якдигар. Мутаассифона, аксари вақт арӯсро ба хонаи домод меоранд, хурду бузурги ин хонадон ӯро ба ҳайси як хизматгор мешиносанд, дар баъзе оилаҳо келин овардан маънои як коргареро ба хона овардан аст. Духтари ҷавон баробари зан шудан тамоми ҳуқуқхои инсонии худро аз даст медиҳад. Тамоми рафторҳои вай зери назорати қатъӣ гирифта мешавад. Ҳатто ҳолатҳоеро дучор мегардем, ки либоспӯшиашро шавҳар танзим менамояд. Худое накарда, агар арӯс ба шавҳараш каме маъқул набошад, дигар ӯ пурра зери зулми як хонавода мемонад. Чунин омилҳо ба пош хӯрдани оилаҳои ҷавон сабаб мегарданд. Оилаҳои зиёде дар аввали зиндагӣ маҳз бо он сабаб пош мехӯранд, ки муносибати онҳо ба келин ҳамчун фарзанд ба амал намеояд. Яке аз нақшҳои муҳими волидон дар тарбияи фарзандон ин доштани хислатҳои зерин, аз ҷумла эҳтирому ҳурмат нисбат ба якдигар, самимияту муҳаббат, ғамхору меҳрубон будан метавонад фарзандонро ба роҳи дурусту илмомӯзӣ равона созад. Барои ба воя расонидани фарзандон нақши модар аввалиндараҷа ба ҳисоб меравад. Аз ин лиҳоз, агар дар зиндагонӣ хушунат нисбат ба зан ҷой дошта бошад, ба фарзандони ӯ таъсири манфӣ мерасонад ва фарзандони онҳо метавонанд таҳти хатари ҷиддӣ ба саломатии ҷисмонӣ ва равониашон ва ҳатто зери хавфи марг қарор гиранд. Ҳар як фард ба дахлнопазирии шахсияти худ, озодӣ, бехатарӣ ва ҳамчунин ба ҳаёт ҳуқуқ дорад, ки дар он ба зӯроварӣ ҷой нест. Коршиносони соҳа таҳлил намудаанд, ки яке аз сабабҳои зӯроварии хонаводагӣ надоштани дониши ҳуқуқӣ ё аз ҷиҳати молӣ дастнигарӣ доштани занон ба мардон мебошад. Дар оила лату кӯб кардан, дод гуфтан, таҳқир кардан, рафтори дурушт намудан дар назди фарзандон, махсусан ноболиғон дар ахлоқи мо раво нест. Бинобар ин бунёди оиларо бо муҳаббати тарафайн сохтан лозим, то ки пойдору мустаҳкам бимонад. Чуноне ки халқ гуфтааст. «Биҳишти мард дар ин дунё оилаи хуб аст», яъне ин гуфтаҳо маънои онро доранд, ки дар зиндагии ҳамсарӣ шоду осуда зистан аз муҳимтарин рукнҳои зиндагии одамон аст.
Таъмини татбиқи сиёсати давлатӣ оид пешгирии зӯроварӣ дар оила ва ҳамоҳангсозии фаъолияти субъектҳои пешгирикунандаи зӯроварӣ дар оила ба салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба пешгирии зӯроварӣ дар оила мансуб мебошанд.
Ҷомеаи ҷаҳонӣ дар мавриди хушунат ва зӯроварӣ нисбат ба занҳо бисёр нигарон аст ва чандин даҳсолаҳост, ки баҳри аз миён бардоштани ин зуҳуроти номатлуб талошҳои рӯзафзун дорад, вале мутаассифона, хушунату зӯроварӣ ва таҳқири занҳо аз муаммоҳои мубраму ҳалталаби ҷомеаи ҷаҳонӣ, аз ҷумла Тоҷикистон боқӣ мемонад.
Бо ин ҳама талошҳо коршиносон омилҳои то ҳанӯз зуҳур кардани хушунату зӯровариро дар паст будани маърифати ҳуқуқии аксари занону мардон медонанд. Бино ба андешаи мутахассисон бисёриҳо намедонанд, ки зӯроварӣ дар оила рафтори ғайриқонунӣ аст. Таънаву таҳқир кардан, обрӯ ва эътибори касро паст задан, дашном додану ҳақорат кардан, бо овози баланд дағалона муносибат намудан, лату кӯб кардан, маҳдуд намудани муошират бо наздикону пайвандон, монеъ шудан барои идомаи таҳсил ва ё кор рафторҳое мебошанд, ки зӯроварӣ дар оиларо нишон медиҳанд. Воқеан, агар ҷиддан фикр кунем, ин рӯҳияи бемории ҷомеаро ҳатто дар зарбулмасалу мақолҳо пайдо карда метавонем. Бубинед, мақолу зарбулмасалҳое, ки ба занҳо рабт доранду ҳазорсолаҳо сари забонҳост чӣ маъниҳоро ифода мекунанд: «Занро бизан, гар намурд бо табари кунд бизан…», «Зана худаш чию гапаш чӣ?», «Мӯйдарози кӯтоҳақл», «Дарахти макри зан сад реша дорад, Фалак аз дасти зан андеша дорад….» Ё мардон ва ҳатто, баъзе аз занон низ бар ин андеша ҳастанд, заноне, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ фаъол нестанд, садафҳои арзишманде ҳастанду заноне, ки дар фазои маҷозӣ фаъоланд, хасҳои рӯи об. Мутаассифона, чунин андешаҳоро дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва фазои маҷозӣ зиёд мебинем. Ба ин маънӣ баъзеҳо зани ҳиҷобиро қанди коғазпечу беҳиҷобро баръакси он медонанд.
Бо чашми кам дидани зан аз куҷо сарчашма мегирад? Оё ин ҳарфҳоро аз кӯдакӣ шунида, муносибати хуб доштан ба занҳо имкон дорад? Яке аз сарчашмаҳои асосии ин зуҳуротро пеш аз ҳама ба муҳити ҷомеа марбут медонанд, аз хурдӣ ба таҳаммулпазирӣ ва сабру тоқат тарбия кардан бештар ба реша давондани зӯроварӣ ва хушунат мусоидат мекунад, зеро зан барои талаб ва ҳимояи ҳуқуқҳои худ омода нест. Вазъи иқтисодӣ низ ба поймол гардидани ҳуқуқи занон шароит фароҳам меорад, зеро аксари онон имрўз аз ҷиҳати молӣ тобеи мардон ҳастанд. Дар заминаи тарбия мавсуф қайд мекунад, ки хислат ва характеру шахсияти инсон то 14-солагӣ шакл мегирад ва дар ин марҳала таъсири афкор ва ақидаи атрофиён хеле муҳим аст.
Аммо дар ин баробар дониш ва ҷаҳонбинии ҳар шахсро бояд ба инобат гирифт. Масалан, мо гуфта наметавонем, ки фарзанди падари зӯровар ҳатман ба хушунат майл пайдо мекунад, албатта ин тавр нест, аммо дар бештари ҳолат ин омил метавонад, ки ба шаклгирии шахсият ва характери кўдак таъсир гузорад. Дини мубини Ислом занонро дар баробари мардон қарор дода, ҳатто дар баъзе ҳолатҳо ҳуқуқи занонро аз мардон боло медонад, дар муносибату муомилаву рӯзгордорӣ байни зану шавҳар бояд ҳамдигарфаҳмӣ бошад, аммо, мутаассифона, имрӯз нисбат ба якдигар, хусусан нисбат ба занҳо аз ҷониби мардон дағаливу хушунат, бор кардани баъзе аз корҳое, ки занон қудрати онро надоранд, дида мешавад. Нисбат ба модарону хоҳарон ва ҳамсарон хушунат кардану зулм намудан, аз меъёри қудрату тавони зан зиёд талаб намудан аз нигоҳи шариат ҳаром аст. Марде, ки чунин рафтор мекунад дар назди Худованд гунаҳкори бузург аст. Воқеан ҳам, Худованд дар Қуръони маҷид сураеро бо номи «Нисо» нозил кардааст. Сураи мазкур ҳақ ва ҳуқуқи занонро аз нигоҳи Ислом мушаххас мекунад. Ва боз дар чанд сураҳои дигар роҷеъ ба ҳуқуқҳои занон сухан рафтааст. Паёмбари охирзамон ҳазрати Муҳаммад(с.с) мартаби зан-модарро хеле баланд бардошта, биҳиштро зери пои модарон гуфтаанд. Дар тамоми ҳадисҳои худ, васфи ононро намудаанд. Муқобили зулм бар занон буданд. Пас дар ҳоле, ки аксар шаҳрвандони кишвари мо мусулмонанд, чаро мушкили зӯроварӣ нисбат ба занҳо масъалаи ҳалталаб боқӣ мемонад? Оё ин амал паст будани маърифати динии моро нишон медиҳад ё чизи дигар?
Ба андешаи мо, нишони солимии ҷомеаи мутамаддин ин сатҳи арҷгузорӣ ба занону кӯдакон аст. Ҷомеае, ки ба зан — модар, зан — хоҳар, зан — ҳамсар арҷ намегузорад, рӯ ба таназзул хоҳад овард. Аммо дар ҳоле, ки ҷомеаи мо фарзандонро дар рӯҳияи як зина паст будани ҳуқуқҳои зан тарбия мекунад чӣ гуна адолати ҳуқуқии муносибати зану мардро метавон таъмин кард? Ё худ фарзанде, ки аз хурдсолӣ таҳқир ва паст задани занро мушоҳида мекунад, худ чӣ гуна шахсият ба воя мерасад? Метавон гуфт агар аз хурдӣ насли нав бо рӯҳияи эҳтироми ҳуқуқҳои зан ва баробарҳуқуқии зану мард бузург шавад, мушкили хушунат ва зӯроварӣ нисбат ба зан хеле осон хоҳад шуд. Ба андешаи равоншиносон дар ин самт пеш аз ҳама аъзои оила ва бахусус волидон бояд ба фарзандон намунаи ибрат бошанд. Зеро, агар ба таҳлилҳо назар дӯзем, зан аллакай аз овони кӯдакӣ ба зӯроварӣ рӯ ба рӯ мешавад. Дар хонаи волидон падару бародарон, дар хонаи шавҳар қариб тамоми аъзои оила «хӯҷаини зан» ҳастанд. Шавҳар, хусуру хушдоман ва, ҳатто, хоҳару додари шавҳар арӯси хонаро ба зӯроварии ҷисмониву равонӣ рӯ ба рӯ мекунанд, ки мутаассифона, дар баъзе ҳолатҳо ба ҷудошавии оилаҳо ва ё худкушии занон оварда мерасонад. Зане, ки хонавайронии хешро дар зӯроварӣ, хушунати пайваста аз ҷониби шавҳар ва пайвандон медонад баъд аз таҳаммулҳои зиёд ба хулосае меояд, ки бояд сабру тоқат карданро бас кунад ва зиндагии хешро дигар созад.
Таҳаммул гарчӣ маҳмуд асту нафъи бекарон орад,
Вале бояд начандонаш, ки мардиро зиён орад.
Метавон гуфт бо вуҷуди тағйири сохти иҷтимоӣ, гузаштан ба иқтисоди бозорӣ ва раванди муҳоҷират, ки саросарӣ шудааст, фарҳанги роиҷ дар ҷомеаи Тоҷикистон, ки занро аз хурдӣ ҳамчун хидматгори хона ва дар оянда хидматгори хонаводаи шавҳар тарбия мекунад, тағйири чандоне накардааст. Албатта баланд бардоштани маърифати динӣ ва ҳуқуқии насли нав дар ин раванд айни мақсад аст.
Давлат ҳимояи оиларо кафолат медиҳад. Аз ҷумла қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи пешгирӣ аз зўроварии оилавӣ» барои муҳофизат ва нигоҳ доштани оила равона шудааст.
Тибқи қонуни мазкур дар ҳолати муроҷиати якуми ҷабрдида нисбат ба зӯровар Амрномаи муҳофизатӣ аз ҷониби нозири минтақавӣ бароварда мешавад. Дар асоси ин Амрнома ҳуқуқҳои зӯровар маҳдуд карда шуда, кирдор ва рафторҳои ғайриқонунии ӯ манъ карда мешавад. Мутахассисон мегӯянд, ки тибқи ин қонун зӯровар ба мӯҳлати 15 шабонарӯз аз ҷониби нозири минтақавӣ ва намояндагони кумитаи маҳалла таҳти назорат гирифта мешавад. Дар ҳолати иҷро нагардидани муқаррароти Амрнома ҳабси маъмурӣ ба мӯҳлати 15 рӯз анҷом дода мешавад. Аммо мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки дар бештари ҳолат занон аз болои зӯроварӣ нисбат ба худашон ба мақомоти дахлдор шикоят намебаранд. Сабаби ин омилро пеш аз ҳама метавон дар урфу одат ва табиати таҳаммулпазирии занон донист. Дуруст аст, ки муносибати хонаводагӣ бояд дар ҳадди оила ҳаллу фасл шавад ва берун бурдани ҷанҷоли оилавиро аксаран дуруст намедонанд, аммо дар ҳоле, ки хушунат ва таҳқир ҳуқуқҳои як нафарро поймол мекунад, бояд ҳатман ба чунин амал чора андешид. Дар ин самт баланд бардоштани сатҳи дониши ҳуқуқии шаҳрвандон, талошҳои хамаҷонибаи мақомоти дахлдор ва ташкилотҳои ҷамъиятӣ судманд мебошанд. Дар Тоҷикистон барои занони мавриди зӯроварӣ қароргирифта чандин маркази буҳронӣ амал мекунад, машваратҳои равонӣ, ҳуқуқӣ ва иҷтимоиро пешниҳод менамояд ҷиҳати барҳам додани хушунат нисбат ба занон дар ҷамъият, расонидани кӯмаки амалӣ барои ҷабрдидагони хушунати оилавӣ мусоидат мекунад. Баҳри кам кардани зӯроварӣ ва хушунат нисбат ба занон самти баланд бардоштани ҳифзи ҳуқуқи занҳо баҳри пешгирӣ аз хушунати хонаводагӣ равона шудааст. Бо ин мақсад гузаронидани тренингҳои омӯзишӣ дар мавзуи ҳуқуқи зан дар доираи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, баргузор намудани вохӯриҳои иттилоотӣ ва машваратҳои сайёр ба назар гирифта шудааст. Зимни ин машваратҳо дар шаҳру ноҳияҳои вилоят барои занҳо маслиҳатҳои ҳуқуқиву равонӣ дода шуда, талош мешавад маърифати ҳуқуқии онҳо баланд бардошта шавад.
Мо наметавонем танҳо мардҳоро ба хушунат ва зӯроварӣ гунаҳгор донем, ҳам айбро ба дӯши онон гузорем. Умуман занҳое ёфт мешаванд, ки нисбати шаҳварони худ беҳурматӣ намуда, боиси хонавайронӣ ва ҷангу ҷидолҳои оилавӣ мегарданд. Сабаб онро нишон медиҳад, сатҳи маърифатнокии зан, тарбияи хуб нагирифтанаш аз волидайни худ ва муҳити атроф мебошад. Занҳоро мебояд, ботаҳммул, хушзабон ва аз ҷиҳати равонӣ солим бошанд. Ҳал нашудани муаммоҳои психологӣ боиси сар задани ҷанҷолҳои оилавӣ мегардад ва ин бошад, ҳатто ба ҳолати худкушӣ оварда мерасонад.
Албатта, беҳтар гардонидани ҳолатҳои марбут ба ҳуқуқҳои кӯдак ба ҷомеа беманфиат нест. Кӯдаконе, ки аз ҳуқуқи худ, аз ҷумла ҳуқуқи хондан ва омӯхтан огоҳ ҳастанд ва истифода бурдаанд, дар навбати худ волидайн хуб мешаванд. Онҳо волидайне мешаванд, ки эҳтироми ҳуқуқи кӯдак барояшон арзиш дорад. Бешак, ҳуқуқҳои инсон аз ҳуқуқҳои кӯдак оғоз меёбад. Ҷомеае, ки ҳуқуқҳои кӯдаконро эҳтиром мегузорад дар насли оянда ҷомеае мешавад, ки ҳамаи ҳуқуқҳои инсонро эҳтиром мекунад.
Монеъ шудани волидон ба хондани фарзандон низ хушунат ва зӯроварӣ нисбат ба онҳост. Дар аксар маврид волидон огоҳ нестанд, ки бо ин рафтори хеш қонуншиканӣ мекунанд ва ҳуқуқҳои фарзандашонро поймол месозанд. Огоҳ нестанд, ки моддаи 41-уми Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таълими умумии асосиро ҳатмӣ муқаррар намудааст. Баҳри ҳалли ин муаммои ҷомеаи ҷаҳонӣ дар кишвари мо низ Барномаи давлатӣ «Оид ба пешгирии зӯроварӣ дар оила дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2014-2023» амал мекунад ва дар доираи ин Барнома Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон силсилаи тадбиру чорабиниҳоро роҳандозӣ намудааст. Дар вилоят ҳам ин муаммо аз масъалаҳои мубраму ҳалталаби рӯз боқӣ монда, бахшҳои кор бо занон ва оила корбариҳои зиёдеро ба сомон мерасонанд. Аз ҷумла ҳамасола баргузор намудани “16 рӯзи мубориза алайҳи хушунат” дар шаҳру навоҳии вилоят далели ин гуфтаҳост.
Зан инсон аст. Инсон озод аст ва неъмате ба номи хирад дорад, ки роҳнамояш мебошад ва инсон неку бади рафтори худро ба василаи он ташхис медиҳад. Иҷбору фишор бар инсоне, чӣ зан бошаду чӣ мард, дар қарни бисту як коре абас ва маҳкумшаванда аст.
Зуҳуроти гуногуни хушунат, ҳамчунин номувофиқатии он ба каломи илоҳӣ, тамоми мутафаккирони инсонпарвари асримиёнагиро водор намудааст, ки бар зидди маншаъҳои он бароянд. Кӯшиши муайян кардани вижагии рушди илми ахлоқ ва нақшу ҷойгоҳи масъалаи хулки орӣ аз хушунату зуроварӣ дар таълимоти ахлоқии мутафаккирони форсу тоҷик ба хулосае мерасонад, ки меъёрҳои ахлоқ ба рафтори инсон аз нигоҳи мухолифати некӣ ва бадӣ роҳнамоӣ мекунанд. Дар заминаи маводи сершумор ва таърихи афкори ахлокии асримиёнагии халқи тоҷик, ба гуфтаи Спиноза, нишон додан мумкин аст, ки мутаффакирони форсу тоҷики асримиёнагӣ «ба некӣ табиӣ, на балки аз руйи тарс…, на аз руйи тараҳҳум, балки бо раҳнамоии ақл» сайъ мекарданд». Онҳо инсонро ба дарки он нуқта водор менамоянд, ки ӯ на танҳо ба некӣ, балки ба бадӣ низ қобил аст. Чунончи, Ибни Сино таъкид менамояд: «Инсон табиатан нерӯе дорад, ки ба туфайли он кирдору рафторҳои ҳам хуб ва ҳам бад мекунад». Тамоми феълу атвор — чӣ неку чӣ бад — маҳсули худи инсон буда, ӯ метавонад рафтори бадро, хатто дар ҳолати қобил набудан ба он ва доштани хулқу атвори моил ба кирдори наҷиб амалӣ намояд. Вақте ки руҳи ӯ бо чунин хулқе, ки худ ба худ метавонад ба хулқи муқобил табдил ёбад, бармехӯрад, инсон феълу атвори хуб хосил мекунад ва ин хулкро ё дар сурати ба ӯ хос набудани феълу атвор ё дар сурате, ки рухаш ба он бархӯрда, аз як хулқ ба дигараш мегузарад, ҳосил менамояд ва ҳамин чиз одат аст» (2, 171).
Ин хулосаҳои Сино барои дарки фиребанда будани некбинии сатҳӣ дар бораи табиати инсон ва фаҳмидани хатари идеализми бардурӯғ мусоидат менамояд. Онҳо рафтору кирдори инсонро, дар маҷмуъ, тавассути некиву бадӣ баҳо дода, «дастур»-ҳои ахлоқии яктарафаи ислоҳи ҷомеаро пешниҳод намекунанд, балки факат некиро — ҳамчун воситаи ҳастии таърихии инсоният дар маҷмуъ, ва хусусан, ҷомеаи мусулмонон, маънои мавҷудияти онро созгор бо конунхои фарогири дину имон таҳлилу тафсир мекунанд. Бар замми ин, онҳо аслан на дар бораи мухофизати некӣ ва он сухан меронданд, балки онро барои инсон пешакӣ муқаррар ва пешазвақти додашуда меҳисобиданд. Гузашта аз ин, мутафаккирони форсу тоҷики асримиёнагӣ ба одамон на фикр карда баровардани тасаввуроти худро дар бораи некӣ, балки ҷустан, кашф намудан ва татбиқи онҳоро ҳамчун тасаввуроте, ки воқеан мавҷуданд, талкин намудаанд, зеро дар ин ҷода инсон ногузир то ба Худо, ки хайру некии олист, мерасад. Дар ин роҳ инсон, бешубҳа, ҳаётан матлуб ва амалан мувофиқи мақсад будани некиро ҳамчун мабдаи ягонаи имконпазире дарк менамояд, ки мавҷудияти одамро асосу эътимод мебахшад, зеро некӣ бо қобилияти даст кашидан аз манфиати худ ба хотири каси дигаре вобаста буда, худпарастиро инкор менамояд. Ҳангоми таҳлилу баррасии зарурати интихоби марбут ба ахлоқ саволи мутлақо бамаврид пайдо мешавад: оё некӣ хамчун роҳи ягонаву сазовори ҳаёт барои инсон ва бани башар имконпазир аст? Агар қобили иҷро, яъне дар ҳаёт татбиқшаванда ва амалия чоришаванда бошад, воситаҳои амалӣ гардонидани он барои инсон ва башарият кадомҳоянд? Оё некӣ метавонад комёб бошад?
«Шаъну шараф, хирад, саховатмандӣ ва дасти тавоно – ин хосиятҳое мебошанд, ки қудраташон тавоноӣ аст.» – гуфтаааст Малоно Ҷомӣ .
Ҷалолиддин Давонӣ ва Абдурраҳмони Ҷомӣ дар масъалаҳои муносибатҳои ҳукмрон бо тобеонаш оид ба масъалаи шаклҳои идоракунии ҳукумати Тусӣ ва Давонӣ рушанӣ андохтаанд. Алалхусус дар Хирадномаи Искандарӣ (китоби ҳикмати Искандар), мутафаккир дар бораи як шакли сохтори иҷтимоӣ менависад, ки гузаштагони ӯ надоранд. Баъдтар, он инчунин «кишвари адолати иҷтимоӣ» ном гирифт. Дар Ҷомӣ, як ҷомеаи адлия бо консепсияи шаҳрдорӣ, ба монанди полиси юнонӣ низ алоқаманд \
Шаҳре, ки Искандар ба он мерасад, ғолибонро бо асбоби чунин тартиботи иҷтимоӣ, ки танҳо ба принсипҳои озодии мутлақ ва набудани ягон маҷбур ё ҳатто набудани камбизоатону сарватмандон дар шеъри «Китоби хиради Искандар» асос ёфтааст, ба ҳайрат меорад:«На з-эшон тавонгар касе, на фаќир,Бар эшон на султон касе, на амир.Баробар ба ҳам ќисмати молашон,Мувофиќ, ба хам сурати ҳолашон».Аз нигоҳи Искандар зиндагии мардум тинҷ, занону кӯдакон шоду хандонанд. Миёни онҳо кинаву адоват, хусумат,зулм нисбати занон, зӯроварӣ ба оила дид намешавад. Ба гуфтаи Абдурраҳмони Ҷомӣ, муносибати аъзои ҷомеа бояд ба принсипҳои бародарӣ, саноат, тозагии ахлоқ, эҳтиром ба анъанаҳои ниёгон, шукуфоии комил ва ғайра сохта шавад. Албатта, адолат аст ва ҳамаи ин маънои онро надорад, ки мутафаккир ба воқеияти чунин сохтори муносибатҳои иҷтимоӣ комилан эътимод дошт.
Дар бисёре аз асарҳои худ, Абдурраҳмони Ҷомӣ ба ҳукмронон муроҷиат карда, вазифаҳо, ҳуқуқу ӯҳдадориҳои онҳоро таъкид ва таъкид мекунад. Дар ин муроҷиатҳо ӯ он ҳукуматдоронро, ки қонунҳои адолатро вайрон мекунанд, маҳкум мекунад: «подшоҳи бераҳм зарар дорад, қонунҳое, ки адолатро ислоҳ мекунанд» ва онҳоро ба ростӣ, некӯӣ ҳамчун шарти муҳими салтанат даъват мекунад. Вай ба подшоҳ муроҷиат мекунад: «аз ҷониби Худо шумо подшоҳро интихоб кардед, пас подшоҳӣ кунед, то ҳақиқат ва некиро ба вуҷуд оред.»
Инсони некрафтори дорои сифатҳои лоиқи таҳсин, ки ба ӯ худ аз худ дода нашуда, балки парвариш ёфтаанд, ба бадӣ майл намекунад, баръакс, кӯшиш менамояд, то одамон аз ӯ баҳра баранд. Ӯ ба хушунату зуроварӣ даст намезанад, балки барои дар худ ҳосил намудани сифатхои ҳамида пайваста мекӯшад. Ба андешаи Сино «инсонро зарур аст, ки. нерӯи таҷрибаи худро ба туфайли некиҳо такомул диҳад»
Он нуқта, ки инсони боақлу дурандеш бояд накӯкору хушахлоқ бошад, асоси акидаҳои ахлоқии на фақат Сино, балки дигар мутафаккирони форсу тоҷикро ташкил медиҳад. Дар рисолаҳои онҳо накӯкориву хушахлокӣ ҷудо аз ақлу хирад тавзеҳ намеёбанд. Ба ин андешаҳо мутафаккирони баъдина низ ҳамовоз шудаанд. ҳамаи онҳо муътакиданд, ки дараҷаи маънавият, хушахлоқӣ ва накӯкории одамро дараҷаи ақлу хирадаш таъйин мекунанд.
Ҳамин тариқ, аз нуқтаҳои зикршуда ба хулосае расидан мумкин аст, ки ҳаёти инсон ҳамчун мавҷудоти бошуур метавонад ба андозаи некӣ кардани ӯ асосу маъно пайдо намояд. Ба нуқтаи олии накӯӣ тавассути фарқ кардани некӣ аз бадӣ, амалҳои хайр аз корҳои нораво расидан мумкин аст. Бо ин андеша мутафаккирони форсу тоҷик мехостанд ба ҳар васила ҳастии инсонро бо некӣ ва рафтори нек асосу эътимод бахшанд. Аз ин бармеояд, ки некӣ рисолати олии инсон буда, ҳамон ҳақиқат, ҳамон нури маънавиест, ки бошиддат ва ғамхорона роҳи зиндагии инсонро равшан менамояд ва он меъёри воҷиботеро, ки ӯ бояд дар фосилаи вакти барояш ҷудошуда амалӣ кунад, муқаррар менамояд. Бо мақсади ошкор намудани моҳияти масъала, ба таълимоти мутафаккирони форсу тоҷик такя намуда, барои муайян кардани ҷанбаҳои мафҳуми «некӣ» ва фаҳмиши некукорӣ, пайгирии таҷассумҳои иҷтимоиву амалӣ, рафторӣ ва тафаккурии некӣ кӯшиш ба харҷ медиҳем.
Некӣ мувофиқи дидгоҳҳои мутафаккирони форсу тоҷик аз омода кардани дастгоҳи махсуси танзимкунандаи рафтори одамон иборат набуда, балки роҳнамои арзишии махсусе мебошад, ки фаъолмандии инсонро барои таваҷҷуҳ ба инсонҳои дигар, ғамхорӣ нисбат ба онҳо самт мебахшад. Нуқтаи ибтидоии ба некӣ водоркунанда фарди ҷудо аз дигарон ва худогох, мақсади водоркунӣ -робитаи зарурӣ, матлуб, воҷибе, ки ба ҳамдигар фаҳмӣ ё ақаллан, ҳампазироӣ асос ёфтааст.
Муҳаббат бидуни хушунат то андозае таҷассуми некӣ низ мебошад. Сино хушунату зӯровариро натиҷаи беадолатӣ дониста, ишора мекунад, ки «густохӣ, хасисӣ, макру ҳилла, ахдшиканӣ, беэътиноӣ, хавобаландӣ, такаббур, худписандӣ, зӯроварӣ бар муқобили адолатанд»
Ҳамин тариқ, онҳоеро, ки ба хушунату зуроварӣ қобиланд, бошуур ва некӯкор номидан мумкин нест, зеро мо танҳо одамеро, ки некӣ меорад, некие, ки ҳамчун меҳр, ёрӣ, хайру эҳсон фаҳмида мешавад, некӯкор мешуморем. Одами хайрхоҳ маккору бадқасд буда наметавонад ва ҳеҷ гоҳ он чизеро, ки хуб меҳисобад, маҷбуран ба дигарон талкин намекунад ва ба онҳо имкони интихобро медиҳад. Некӣ сифатест, ки дар зиндагӣ ва рафтори одамон ифода меёбад, он нишони яклухт будани шахсият мебошад. Бинобар ин, «дар ботин нек», аммо дар рафтор дурушту дағал, зӯровару ҳукмраво будан ғайриимкон аст. Меъёрҳои ахлоқ, ки ба мо маълум аст, дар таълимоти мутафаккирони форсу тоҷики асрҳои миёна инъикос ёфтаанд, ба монанди нисбат ба дигарон тавре рафтор бикун, ки аз онхо нисбат ба худ интизор ҳастӣ. Чунин гуфтор маҳз ҳамон самти таълимоти онҳоро ифода мекунад, ки як навъ саддест дар роҳи зӯровариву бадӣ.
Одатан, бадӣ ба сифати ҳадафи фаъолият рӯирост изҳор намешавад, он ҳамчун чораи маҷбурӣ бо сабаби хатар ва роҳ надодани бадии бузургтаре асоснок мегардад ё умуман бо мотивҳои ахлокиву мусбат рӯйпуш гардида, ҳамин тарик, ба ҷойи некӣ нишон дода мешавад.
Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ низ дар асарҳои пурмуҳтавоӣ худ ба ҳокимон муроҷиат намуда онҳоро ба адолатпарварӣ, ободу осоишта нигоҳ доштани зисту зиндагии мардум, бо меҳру муҳаббат бурдани ҳукумронӣ, одил будан нисбати халқи худ нишон додааст. Ба ақидаи мутафаккир Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ мулоимӣ ва таҳаммул ҳамеша бо ҳукмфармо буд. Ҳамин тавр, дар порчаи «Сабҳат-ул-аброр» ба сӯи ҳоким муроҷиат карда, ӯро ба оқилӣ, инсондӯстӣ ва саховатмандӣ даъват мекунад
Гӯш бар қиссаи мӯҳтоҷон дор,
Кори ҳоҷатталабон зуд гузор.
Ё чунин фармудааст:
То бувад хоҷати ҳоҷатмандон,
Нест хуш тоати дигар чандон». .
Инсон бузургтарин насли бошуурест, ки маҳз тавассути ақлу хирад, илму маданият, фарҳангу адаби худ аз дигар офаридаҳои Офаридгори бузург тафовут дорад. Инсон — фардиятест, ки дорои ақду заковати бузург буда мебинад, мешунавад, дарк мекунад ва ҳамаи дидаву шунидахояшро бо ёрии аклу идрок натиҷагирӣ намуда, худро аз бадию ноҷуриҳо дар канор мегирад. Маҳз, ҳамин канорагириҳо инсони комилро дар зиндагӣ сохибмаърифат, бомаданият ва бузургдил мегардонад. Кист инсони комил? Он касест соҳибмаърифат, донишманд, соҳибистеъдод, накӯкор ва ибратомӯзи имрӯзи рӯзгор. Ӯ касест, ки суханаш адаб, ишорааш маънӣ, кирдору рафтораш кони ҳусну малоҳат ва хираду заковаташ дурри ноёбу гаронбаҳост. Ӯ касест, ки ҷомеа аз ӯ ибрат мегирад. Зеро пурдону пуртаҷрибаву пурхирад аст ва аз як харфи алфози кас дунёи хубу бадро тафовут дода метавонад. Албатта, инсони комил ҳеҷ гоҳ пайи хислатҳои номатлуб раҳравон нест. Инсони комилу соҳибхирад аз бадон худро канор мегирад. Дар ҷамъомаду нишастҳое, ки зиёну бадӣ меоранд, иштирок намекунад. Саволе ба миён меояд: хислатҳои номатлуб кадомҳоянд ва онҳо аз куҷо сар мезананд? Пеш аз ҳама бетарбиятӣ. беадабӣ. бемаданиятӣ, дуздию мардумфиребӣ, авбошию бадмастӣ, кинаҷӯиву бешармӣ, ноадолатию разилӣ ва амсоли ин ба катори хислатҳои номатлуб дохил мешаванд, ки инсонро ба касодию беиффатӣ ва беобрӯгиву шармандагӣ оварда мерасонанд. Албатта, агар кас дидаву дониста ин гуна хислатхоро ихтиёр кунаду шахсияти худро поймол гардонад, бевосита дар шумори инсонҳои асил буда наметавонад. Шояд ягон таклифу ишораи каси дигар ӯро бо ин роҳ мебарад. Шояд худ надониста мемонад. ки хислатҳои номатлубро ихтиёр намудааст. Шояд волидон гунаҳкоранд, ки тифли бо ноз парвардаашон бадкор шуда. Шояд аз дардҳои рӯзгор, аз қабили нодориву тангдастӣ, бепарасториву беаҳамиятии наздикон ё афсурдагиву фисқу эхтиёҷ?!— На, на ину на он. Хислати номатлуб албатта, яку якбора дар вуҷуди инсони асил ҷо шуда наметавонад. Бахусус имрӯзи ҷомеаи мо пур аз касони баду номурод ва бефикру беиффатанд. Нодидаву нодониста бо ҳама гуна фардиятхои ношинос дӯстиву ошноӣ меварзанд. Пайи пайдо намудани музди ночизе ё дороиву сарвате ба корҳои ношоиста, аз кабили дуздӣ, мардумфиребӣ, бадмастиву кӯчагарди машғул мешаванд. Чун боре аз ин амал қути лоямуте ба даст оварданд, дигар ҳамарӯза паси анҷоми ҳамин гуна амалҳои носавоб даст мезананд. Худро асири хавову хавас ва кори барабас фирефта намудаанд. Бехабар аз он ки бадкораву бадрӯ хоҳанд шуд. Зеро бадкор азоб намекашад. Агар ӯ азоб мекашид. фикр мекард, майнаашро хароб менамуд, ҳеҷ гоҳ паси амали номатлубе даст намезад. Аммо накӯкорон ва боиффатон аз он ки дӯстону наздиконашон бадкора шудаанд, дар ранҷу азобанд. Алалхусус, имрӯзҳо духтарон низ носазо амалҳо ба ҷо меоранд. Ба наздикону пайвандон дар оила доғ оварда, амалҳои нодурусту кӯчагарди мекунанд, ки албатта доғи ҷомеа мегарданд ва на танҳо худро, балки авлоду наздиконашонро шармсор мегардонанд. Ҳоло он ки занонро дар ҷомеа гаҳвораҷунбон ва силсилаҷунбони зиндагӣ мегӯянд. Духтарон, ки оянда гаҳворҷунбон ва силсилачунбони зиндагӣ мегарданд, бояд мулоҳизакор бошанд. Бадро аз нек, дӯстро аз душман ва гармию сардии ҳаётро ҳамаҷониба дар тарозуи ақл. ба хубӣ ухдабароёна баркашанд. Занонро иффату покдоманӣ баору номус будан бехтарин шараф аст ва шишахои шаффофро монад. Сиёҳтарин рӯз он рӯзест, ки шишаи номус бишканад, гуфтаанд. Аз ҷониби дигар, баъзе волидон барон сазовори амалҳои номатлуб гардидани фарзандоиашон гунаҳгоранд. Зеро аксарият фарзандонашонро ба ихтиёри худ гузоштаанд. Аз паси он намекушанд, ки фарзандон ба чӣ кор даст задаанду ба киҳо нишастухез менамоянд. Бо кадом роҳҳо маблағ ба даст меоранду кадом пироҳанро ба бар кардаанд. Оё онҳо покизакоранд? Оё онҳо ояндаашонро фикр кардаанд ё на? Оё ифтихори волидон буда метавонанд? Ин суолҳо волидони ғамхори фарзандро ва алалхусус, мактаббачагонро бояд дар таҳлука андозад. Бекарор созад. Нагузоранд, ки ягон лаҳзаи ҳаётро бефикр ва созандагӣ бубаранд. Ранҷи гарон аст тарбияи фарзанди солим. Заҳматталаб аст тарбияи инсони бузург. Беҳуда нагуфгаанд: Ҷигарҳо хун шавад, то як писар мисли падар гардад…
Ба ранҷ андар аст, эй хирадманд ганҷ,
Наёбад касе ранҷ нобурда ганҷ.
Барои оне, ки фарзанди кас ба амалҳои носавобу номатлуб даст назананд, барои оне, ки оила мустахкаму пойдор ва намунаи ибрат бигардад, бояд андеша кард, мулоҳизакорона андеша ронд, бо роҳи рост роҳнамун сохт, ба меҳнат аз хурдӣ одат кунонд, фарзандро то ҳамеша банд бошад. то паси дастоварди ҳалолу бо меҳнат ба дастомада кушад, хиёнаткор нагардад, бовиҷдон ба воя бирасад, на дузду авбош. Ҳамвора кӯшиш кунад, ки илм омӯзаду меҳнат кунад ва пеш аз ҳама, боору номус ба воя бирасад. Бидонад. ки обрӯ бозори харид надорад, онро бо заҳмату кору ранҷ ба дасг меоранд. Ана чунин бояд кард, то тифлон ба амалҳои номатлуб даст назананду шарафёр гарданд.
Амонатова Ф.Қ., Саидов Б.Б.,Мумнов Ф.С. — шуъбаи ташкилию тарбиявӣ