Имрӯз дар фазои тантанавӣ бозиҳои варзишӣ (спартакиада)-и 62-юми Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ ҷамъбаст карда шуд.
Дар рафти чорабинӣ раёсати донишгоҳ, варзишгарон – устодону кормандон ва донишҷӯён дар толори варзишии донишгоҳ ҷамъ омаданд.
Пас аз садо додани Суруди миллӣ Давлатзода Қ.Қ. – ректори донишгоҳ иштирокдорони чорабиниро бо ҷамъбасти бозиҳои варзишии 62-юми донишгоҳ таҳният гуфт.
Баъд аз он варзишгарони донишгоҳ аз намудҳои гуногуни варзиш намоиш доданд.
Барои дастовардҳои варзишии донишҷӯёни донишгоҳ дар мусобиқаҳои ҷумҳуриявӣ ва шаҳрӣ диплом, ифтихорнома, сипосномаҳо ва туҳфаҳои хотиравӣ супорида шуданд.
Дар мусобиқаҳои ҷумҳуриявӣ:
Тоҳиров Ғолибҷон – донишҷӯйи курси якуми факултети Технологияҳои инноватсионӣ барои ишғоли ҷойи дуюм оид ба Дзю-до миёни ҷавонон дар вазни +100 кг;
Азизуллоев Амирҷон – донишҷӯйи курси якуми факултети Технологияҳои инноватсионӣ барои ишғоли ҷойи сеюм оид ба Дзю-до миёни ҷавонон дар вазни 60 кг.
Дар тайёр намудани варзишгарон мураббии шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба гӯштини миллӣ ва Дзю-до Толибов Холмаҳмад Мирзоевич саҳми арзанда дорад.
Дар мусобиқаҳои шаҳрӣ:
Ба дастаи донишҷӯёни донишгоҳ аз ҷониби КИ ҲХДТ дар шаҳри Душанбе барои ишғоли ҷойи дуюм аз рӯйи намуди воллейбол дипломи дараҷаи 2 қадрдонӣ карда шуд.
Дастаи донишҷӯёни донишгоҳ барои иштироки фаъолона дар Фестивали дӯстии ҷавонон ва ишғоли ҷойи сеюм аз рӯйи намуди футбол аз ҷониби Раёсати кор бо ҷавонони шаҳри Душанбе бо дипломи дараҷаи 3 сарфароз гардонида шуданд.
Ғолибони ҳар як намуди бозиҳои варзишии 62-юми донишгоҳ бо ифтихорнома, сипоснома ва туҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардонида шуданд.
Ғолибон аз рӯйи намудҳои варзиш байни устодону кормандон:
-воллейбол:
ҷойи якум – дастаи факултети Технологияҳои инноватсионӣ;
ҷойи дуюм – дастаи факултети Энергетикӣ;
ҷойи сеюм – дастаи Раёсат.
-футболи хурд:
ҷойи якум – дастаи факултети Энергетикӣ;
ҷойи дуюм – дастаи факултети Менеҷмент ва коммуникатсияҳои нақлиётӣ;
ҷойи сеюм – дастаи факултети Сохтмон ва меъморӣ.
-баскетбол:
ҷойи якум – дастаи Раёсат;
ҷойи дуюм – дастаи факултети Технологияҳои инноватсионӣ;
ҷойи сеюм – дастаи факултети Сохтмон ва меъморӣ.
-шоҳмот:
ҷойи якум – дастаи факултети Сохтмон ва меъморӣ;
ҷойи дуюм – дастаи Раёсат;
ҷойи сеюм – дастаи факултети Технологияҳои инноватсионӣ.
-тенниси рӯйи миз:
ҷойи якум – дастаи факултети Сохтмон ва меъморӣ;
ҷойи дуюм – дастаи Раёсат;
Ҷойи сеюм – дастаи факултети Менеҷмент ва коммуникатсияҳои нақлиётӣ.
Аз рӯйи панҷ намуди варзиш ғолибони даставӣ низ муайян гардиданд:
ҷойи якум – дастаи Раёсат;
ҷойи дуюм – дастаи факултети Сохтмон ва меъморӣ;
ҷойи сеюм – дастаи факултети Технологияҳои инноватсионӣ.
Ғолибон аз рӯйи намудҳои варзиш байни донишҷӯён:
-воллейбол:
ҷойи якум – дастаи факултети Нақлиёт;
ҷойи дуюм – дастаи факултети Энергетикӣ;
ҷойи сеюм – дастаи факултети Технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ.
-футболи хурд:
ҷойи якум – дастаи факултети Сохтмон ва меъморӣ;
ҷойи дуюм – дастаи факултети Нақлиёт;
ҷойи сеюм – дастаи факултети ДМТБ-ДТТ.
-баскетбол:
ҷойи якум – дастаи факултети ДМТБ-ДТТ;
ҷойи дуюм – дастаи факултети Технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ;
ҷойи сеюм – дастаи факултети Нақлиёт.
-шоҳмот:
ҷойи якум – дастаи факултети Энергетикӣ;
ҷойи дуюм – дастаи факултети Менеҷмент ва коммуникатсияҳои нақлиётӣ;
ҷойи сеюм – дастаи факултети Сохтмон ва меъморӣ.
-тенниси рӯйи миз:
ҷойи якум – дастаи факултети Менеҷмент ва коммуникатсияҳои нақлиётӣ;
ҷойи дуюм – дастаи факултети Технологияҳои инноватсионӣ;
ҷойи сеюм – дастаи факултети Сохтмон ва меъморӣ.
Аз рӯйи панҷ намуди варзиш ғолибони даставӣ низ дар байни дастаҳои варзишии донишҷӯён муайян гардиданд:
ҷойи якум – дастаи факултети Нақлиёт;
ҷойи дуюм – дастаи факултети Сохтмон ва меъморӣ;
ҷойи сеюм – дастаи факултети ДМТБ-ДТТ.
Шуъбаи иттилоот ва робита бо ҷомеа.
Шуъбаи кор бо ҷавонон.
Кафедраи тарбияи ҷисмонӣ.