Раёсат ва ташкилоти ҷамъиятии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ олимони ҷавон — муаллими калони кафедраи «Информатика ва техникаи ҳисоббарор» Бозоров Шамсуддин Аломуддинович, муаллими калони кафедраи «Математикаи олӣ» Рустамбекова Умеда Рустамбековна, муаллими калони кафедраи «Менеҷменти истеҳсолӣ» Халилов Истамқул Хидирович ва ассистенти кафедраи «Системаҳои автоматикунонидашудаи идоракунӣ» Ҷовиди Ҷамшедро барои ҳимояи бомуваффақияти рисолаи номзадӣ самимона муборакбод мегӯяд.
Бозоров Ш.А. дар мавзӯи «Моделҳои оптимизатсионии таъмини устувории ҷоришавии раванди прокаткаи тасмаҳои баланд дар навардҳои печдарпеч» аз рӯйи ихтисосҳои 05.26.01-муҳофизати меҳнат (дар металлургия), 05.13.18-моделсозии математикӣ, усулҳои ададӣ ва маҷмӯи барномаҳо, ки ҳимоя рӯзи 18-уми марти соли 2021 дар базаи Шӯрои диссертатсионии 6D.КОА-041 назди Институти маъалаҳои об, гидроэнергетика ва экологияи АИ Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, Рустамбекова У.Р. дар мавзӯи “Сохтани бисёршаклаҳои интеграли системаҳои муодилаҳои дифференсиалӣ ва фарқӣ” аз рӯйи ихтисоси 05.13.18-Амсиласозии математикӣ, усулҳои ададӣ ва комплекси барномаҳо, ҳимоя рӯзи 11-уми марти соли 2021 дар Шӯрои диссертатсионии 6D. КОА-013 назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон баргузор гардид, Халилов И.Х. дар мавзӯи “Хусусиятҳои теплофизикӣ ва ҷанбаҳои технологии тозанамоии равғанҳои техникӣ бо гили бетонитдори Тоҷикистон” аз рӯйи ихтисоси 01.04.14-физикаи ҳароратӣ ва назарияи техникаи гармо, ки ҳимоя рӯзи 10-уми марти соли 2021 дар ҷаласаи Шӯрои диссертатсионии 6D.КОА-041 назди Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экологияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон баргузор гардид ва Ҷовиди Ҷамшед дар мавзӯи «Моделсозии таъсири ҳароратҳои таъғирёбанда ба хосиятҳои гармофизикии мавод ва конструксияҳо аз компазитсияҳои растанигӣ-часпакӣ» аз рӯйи ихтисосҳои 01.04.14- физикаи ҳарорат ва назарияи техникаи гармо ва 05.13.18 -моделсозии математикӣ, усулҳои ададӣ ва маҷмӯи барномаҳо, ки ҳимоя рӯзи 18-уми марти соли 2021 дар базаи Шӯрои диссертатсионии 6D.КОА-041 назди Институти маъалаҳои об, гидроэнергетика ва экологияи АИ Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, бомуваффақият ҳимоя намуданд.
Раёсати донишгоҳ умедвор аст, ки дар оянда низ олимони ҷавон ба тадқиқоти худ идома дода, ба пояҳои боз ҳам баландтари илмӣ хоҳанд расид.
Раёсати донишгоҳ.