Имрӯз дар Шаҳраки донишҷӯёни Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ – “Политехникум” бо тамоми зебоиҳо ва таҷаллиҳояш Соли нави аҷдодӣ – Наврӯзи байналмилалӣ ҷашн гирифта шуд.
Дар ин чорабинии донишгоҳӣ тамоми собиқадорони меҳнати донишгоҳ даъват ва бо ҷашни миллӣ муборакбод карда шуданд.
Давлатзода Қ.Қ. – ректори донишгоҳ ҳамагонро бо фарорасии Наврӯзи хуҷастапай табрик намуд. Ӯ изҳор дошт, ки ҷашни Наврӯз аз эҳёи табиат, ғалабаи гармӣ бар сардӣ, баробаршавии шабу рӯз, оғози кори деҳқон ва ҳазорҳо амали неки дигар дарак дода, ҳамагонро ба покию меҳнатқаринӣ, ки баракати рӯзгор аст, даъват менамояд.
Дар чорабинӣ тамоми факултетҳои донишгоҳ, идораи хоҷагидории донишгоҳ, раёсат ва шуъбаи робитаҳои байналмилалӣ дастархони идонаи “ҳафт син”-у “ҳафт шин” ороста, омад-омади баҳори нозанинро мужда доданд.








Ҳар як факултет арӯси сол – рамзи баҳор, бобои деҳқон ва тамоми расму оини наврӯзиро бо нозукиҳояш ташкил намуданд.
Гулгардонии кӯдакон зеби маросим гардид.
Инчунин донишҷӯёни хориҷии донишгоҳ – донишҷӯён аз Ҷумҳурии Афғонистон рақси зебои миллии афғонро пешкаши ҳамагон намуданд.
Дар охир раёсати донишгоҳ барои ташкили ин чорабинии бошукӯҳ ба тамоми дастандаркорон миннатдории коллективи устодон, кормандон ва донишҷӯёнро расонид.
Шуъбаи иттилоот ва робита бо ҷомеа.