Имрӯз раёсати Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ бо роҳбарии ректори донишгоҳ – Давлатзода Қ.Қ. ба Мактаб-интернати ҷумҳуриявии кӯдакони ношунавои ноҳияи Рӯдакӣ ташриф оварда, бо устодону хонандагон мулоқот доир намуд. Зимни ин ташриф ба мактаб-интернати мазкур як адад тахтаи электронӣ, видеопроектор ва компютер тақдим карда шуд. Ин вохӯрӣ ва тақдими туҳфаҳои идона бахшида ба ҷашни байналмилалии Наврӯз – Соли нави аҷдодӣ анҷом дода шуд.
Бо иқдоми ректори донишгоҳ тасмим гирифта шуд, ки дар муассисаи номбурда марказҳои касбомӯзии дуредгарӣ, кафшергарӣ ва ҳайкалтарошӣ созмон дода шавад.
Боиси қайд ва дастгирист, ки ДТТ ба номи академик М.С. Осимӣ ба таври доимӣ аз ин муассиса хабар гирифта, дар доираи имкониятҳо ба хонандагонаш дасти мадад дароз менамояд ва дар пайравии сиёсати мардумпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба корҳои хайру саховатмандӣ иқдом менамояд. Ин амал ба ҳукми анъана даромада, ҳамасола дар арафаи ҷашну идҳои гуногун донишгоҳ ёрмандии худро расонида меистад.
Дар охири мулоқот дастаи ҳаваскорони донишгоҳ ба хонандагони мактаб-интернат барномаи фарҳангӣ пешниҳод намуданд.
Шуъбаи иттилоот ва робита бо ҷомеа.