Бояков Саидмумин Абдуллоевич

Наврӯз рамзи офариниши ҳаёт, оғози фасли баҳор, айёми бедории табиат ва шукуфоӣ мебошад. Ёздаҳ сол қабл ҷашни Наврӯз аз ҷониби Кумитаи ҳифзи мероси фарҳангии Созмони Милали Муттаҳид расман ба феҳристи ЮНЕСКО оид ба мероси башарияти фарҳанги ҷаҳонӣ дохил гардид. 19-уми феврали соли 2010 Маҷмааи умумии Созмони Милали Муттаҳид қатъномаеро қабул кард, ки тибқи он ҷашни Наврӯз расман мақоми байналмилалӣ касб намуд.

Наврӯз дорои рамз, сифат ва фазилатҳои неки инсонист. Яке аз сифатҳои Наврӯз аз нав зинда шудани табиат мебошад ва оғози Наврӯз – оғози сол аст. Наврӯзро пеш аз ҳама ҷашни покизагиву тозагӣ ва ободкорӣ метавон номид. Наврӯз идест, ки моро бо таърихи куҳнаи аҷдодонамон мепайвандад. Аз ин рӯ, мо бояд барои боз ҳам зебову шукуфон шудани табиати Ватани азизамон – Тоҷикистон саъю талош карда, сарватҳои табиӣ ва муҳити зисти онро ҳифз намоем.

Бо фаро расидани баҳори нозанин дар тамоми манотиқи кишвар мардум бо кабудизоркуниву ниҳолшинонӣ, корҳои ободониву бунёдкорӣ, тоза кардани хонаву дарашон машғул мешуданд. Ва ин анъанаро имрӯзиён идома дода истодаанд. Дар Тоҷикистон бо истифода аз табиати нодир ва чор фасли сол дар масири ҳамкориҳои сайёҳии муфид афзалиятҳои рушд мавҷуданд. Аз ҷумла, дар фасли баҳорон, айёми Наврӯз, вақти гулгулшукуфии дарахтони мевадор, мисли гелосу зардолу сайёҳони хориҷиро ба мамлакат ҷалб кардан ба манфиат аст, гарчанде ин давраи хеле кӯтоҳ аст. Дар баҳорон агар ба майдонҳои дарахтони гелосу зардолузор назар андозем, чунин ба назар мерасад, ки гӯё абрҳо ба поён фаромада бошанд. Шахсе, ки ба боғистон гузар мекунад, аз он ҳаловат мебарад ва мехоҳад онро зиёдтар тамошо кунад, чунки дарахтони зебои гулшукуфта накҳати хушу гуворо доранд. Тамошои ин манзараи нотакрор ба кас рӯҳу равон ва илҳом мебахшад.

Чун Тоҷикистон дар сатҳи байналмилалӣ ҳамчун кишвари ташаббускор доир ба масъалаҳои об шинохта шудааст, дар доираи Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” бунёди як Маҷмааи бошукӯҳи фарогири масоили об, ба мисли Маҷмааи “Қатраи об”, ки таҷассумгари иқдомҳои беназири Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мақсад мувофиқ мебошад. Он замон боитминон гуфта метавонем, ки сайёҳон кишвари биҳиштосои моро чун “Девори бузурги Чин”, манораи Эйфел, аҳроми Миср, манораи Пизан ва дигар офаридаҳои зебою нотакрори дунё шиносанд ва барои насиб шудан ба дидори ин муъҷизаи меъморӣ ба сайри Тоҷикистони азиз роҳ пеш гиранд.

Бояков С.А. – донишҷӯи бахши 2-юми факултети Энергетикӣ”, гурӯҳи 430101А2.

Leave a Comment